ПРОФЕССОР ХОҶАЕВА НИГИНА - СИМОИ ДУРАХШОНИ ИЛМИ ТИБ ВА ТАРБИЯГАРИ НАСЛИ НАВИ ТАБИБОН

ПРОФЕССОР ХОҶАЕВА НИГИНА - СИМОИ ДУРАХШОНИ ИЛМИ ТИБ ВА ТАРБИЯГАРИ НАСЛИ НАВИ ТАБИБОН

Дар остонаи Рӯзи модар ёдовар шудан аз заноне, ки бо меҳру матонат, бо хирад ва иродаи қавӣ дар рушди илму ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, амри шоиста ва қарзи маънавист. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷаста дар илми тибби кишвар профессор Хоҷаева Нигина Муродовна мебошад, ки фаъолияти пурсамар ва зиндагиномаи ибратбахшаш намунаи олии пайванди рисолати модарӣ ва хизмати содиқона ба илму ҷомеа аст.

Ӯ соли 1963 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Аз айёми наврасӣ меҳру рағбат ба дониш ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа ӯро ба роҳи тиб раҳнамун сохт. Соли 1986 факултети педиатрияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бомуваффақият хатм намуда, фаъолияти касбии худро дар самти бемориҳои сироятии кӯдакон оғоз кард.

Солҳои 1986-1988 ҳамчун ординатори клиникии кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакон фаъолият намуда, ҳамзамон дар солҳои 1986-1989 ба ҳайси табиби муолиҷаи Дармонгоҳи шаҳрии № 9 хизмат кардааст. Ин марҳала барои такмили маҳорати амалӣ ва шинохти амиқи мушкилоти воқеии соҳаи тандурустӣ заминаи устувор гузошт. Баъдан солҳои 1998-2000 таҳсилашро дар аспирантураи кафедраи мазкур идома дода, бо рӯҳияи ҷустуҷӯгарӣ ва таҳқиқоти пайгирона ба арсаи илм ворид гардид.

Соли 2009 рисолаи докториро ҳимоя намуда, ба дарёфти дараҷаи доктори илмҳои тиб мушарраф шуд. Ба ҳайси ходими калони илмӣ, мудир ва баъдан профессори кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакон дар рушду таҳкими заминаҳои илмии педиатрия саҳми назаррас гузошт. Фаъолияти роҳбарии ӯ ҳамчун ҷонишин ва сардори шуъбаи таълими донишгоҳ солҳои 2005-2007 ва соли 2016 низ ба беҳбуди низоми таълим ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони ҷавон мусоидат намуд. Ҳамчунин ӯ вазифаи декани факултети тиббиро ба зимма дошта, дар ташаккули сиёсати таълимии муассиса нақши муассир бозидааст.

Профессор Хоҷаева Нигина муаллифи зиёда аз 250 кори илмӣ буда, таҳқиқоти ӯ масъалаҳои мубрами бемориҳои сироятии кӯдакон, роҳҳои ташхису муолиҷаи муосир ва такмили усулҳои пешгириро дар бар мегиранд. Осори илмии ӯ на танҳо барои муҳаққиқон, балки барои табибони амалкунанда низ дастури муҳим ба ҳисоб мераванд.

Меҳнати содиқона ва хизматҳои арзандаи ӯ бо унвонҳои фахрии аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии тандурустии Тоҷикистон ва медали Хизмати шоиста қадрдонӣ шудаанд. Ҳамчунин, ӯ дорандаи медали 1025-солагии Абуалӣ ибни Сино мебошад, ки ин нишонаи эътирофи саҳми арзандаи ӯ дар идомаи анъанаҳои пурғановати тибби миллӣ ба шумор меравад.

Дар баробари фаъолияти илмӣ ва роҳбарӣ, симои профессор Хоҷаева Н. М. пеш аз ҳама бо рисолати модарӣ ва тарбияи насли навини табибон пайванд дорад. Шогирдони бешумори ӯ имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни кишвар фаъолият дошта, донишу малака ва мактаби касбии устоди худро идома медиҳанд. Меҳрубонӣ, серталабӣ, адолатпешагӣ ва эҳтиром ба инсон дар рафтору гуфтори ӯ намунаи ахлоқи волои табибист.

Рӯзи модар на танҳо ҷашни меҳру муҳаббат, балки гиромидошти занони фидоиест, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Профессор Хоҷаева Нигина бо зиндагиномаи пурифтихор ва фаъолияти пурсамараш исбот намудааст, ки зан метавонад ҳамзамон модари меҳрубон, муҳаққиқи барҷаста, роҳбари муваффақ ва тарбиятгари насли оянда бошад. Чунин чеҳраҳо мояи ифтихори илми тибби тоҷик ва намунаи равшани хидмат ба Ватан ва инсоният мебошанд.

Абдураҳмонзода З. В. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Хадамоти ректори Донишгоҳ


05.03.2026 85

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php