ПРОФЕССОР ИКРОМӢ ТУРАХОН ШАРБАТ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИХТИРООТ ВА ТИҶОРАТ ДАР ЛОНДОН СОҲИБИ ҶОИЗА ГАРДИДАНД
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», доктори илмҳои тиб, профессор Икромӣ Турахон Шарбат дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироот ва тиҷорат, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар доираи намоишгоҳи мазкур профессор Икромӣ Т. Ш. таҳқиқоти арзишманди илмии худро муаррифӣ намуда, натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва дастовардҳои инноватсионии хешро ба иштирокчиёни чорабинии байналмилалӣ пешниҳод карданд. Муаррифии таҳқиқоти илмии эшон аз ҷониби ҳайати масъули намоишгоҳ қадрдонӣ гардида, профессор икромӣ Т. Ш. бо сертификат ва медал сарфароз гардонида шуданд.
Ин дастовард бозгӯи саҳми арзандаи олимони Донишгоҳ дар рушди илми тиб, густариши фаъолияти инноватсионӣ ва муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмии ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Раёсати Донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон профессор Икромӣ Турахон Шарбатро ба муносибати ин дастоварди илмӣ самимона табрик намуда, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ, татбиқи навовариҳо ва омодасозии мутахассисони баландихтисос комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.