ПРОБЛЕМАИ ГЛОБАЛИИ ДЕМОГРАФӢ

ПРОБЛЕМАИ ГЛОБАЛИИ ДЕМОГРАФӢ

Яке аз проблемаҳои дигари глобалии сайёра дар замони мо ин проблемаи демографӣ мебошад. Ду садсола пеш иқтисодчии англис Томас Роберт Малтус (1766-1834) назарияеро пешниҳод намуда буд, ки мувофиқи он шумораи аҳолии курраи замин нисбат ба имконияти таъмини он бо озуқа бештар афзоиш меёбад. Дар нимаи дуюми асри ХХ шумораи аҳолии замин якбора зиёд шуд.

Масъалаи афзоиши аҳолӣ ва муҳити атроф ба ҳамдигар алоқаманданд. Афзоиши аҳолӣ сабаби зиёд истифода шудани маводи ғизоӣ, энергия ва дигар захираҳо мегардад. Дар баробари ин рушди иқтисодиёт ба амал омада, сабаби афзудани ифлосшавии муҳити атроф (ҳаво, захираҳои обӣ ва ғ.) мегардад. Агар доираи аз тарафи инсон истифода шудани захираҳои табииро фаҳмиданӣ шавем чунин мисол меорем: як нафар амрикоӣ ба ҳисоби миёна дар давоми умри худ 4000 береллей нефт, 25 тонна ғизои растанӣ, 28 тонна ғизои аз чорво гирифташуда, (тақрибан ба 2000 сар чорво баробар аст) истифода карда, ҳазор тонна партов истеҳсол мекунад. Барои ҳамин болоравии сатҳи зиндагии одамон баробари афзоиши аҳолӣ проблемаҳои аниқро барои худи инсоният эҷод менамояд. Дар форуми байналмилалии экологии Рио-де-Жанейро соли 1992 қайд гардида буд, ки барои то стандартҳои ғарб баланд бардоштани сатҳи зиндагии 80% аҳолии курраи замин бояд 20 маротиба истихроҷи захираҳои табии зиёд карда шавад. Дар ин форум кайд гардид, ки ин кори дар амал тадбиқ ношуданист ва оқибаташ фоҷиабор мебошад.

Имрӯз байни давлатҳои тараққикарда ва тараққикунанда дар масъалаи демографӣ фарқияти калон дида мешавад. Дар давлатҳои тараққикунанда таваллуд ва оилаҳои серфарзанд ҳанӯз ҳам зиёд ва дар давлатҳои тараққикарда таваллудшавӣ кам шуда истодааст.

Беҳад зиёдшавии аҳолӣ дар давлатҳои тараққикунанда ба афзудани бенавогии аҳолӣ оварда мерасонад, чунки дар оилаҳо шумораи кӯдакони хурдсол зиёд мегарданд. Ин дар як вақт проблемаи манзилро ба вуҷуд оварда вазъиятро дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ муташанниҷ менамояд.

Шумораи аҳолии Хитой ва Ҳиндустон 37 фоизи аҳолии курраи заминро ташкил медиҳанд. Агар чунин суръати инкишоф идома ёбад то соли 2025 аҳолии ин давлатҳо ба 1,5 млрд мерасад ва проблемаи онҳоро   бо маводи ғизоӣ, манзил, либос ва асосаш кор таъмин кардан ба вуҷуд меояд.

Буҳрони демографӣ дар давлатҳои тараққикарда ба пиршавии аҳолӣ оварда мерасонад. Дар соли 2025 дар Аврупо синну соли аз 60 сола боло 37 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад. Барои раҳоӣ ёфтан аз буҳрони таъминоти системаи иҷтимоӣ дар давлатҳои Аврупо   қувваи корӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии Осиё ва Африка таъмин карда мешуд. Бе муҳоҷирони меҳнатӣ давлатҳои Аврупоро тасаввур кардан номумкин шуд. Масалан дар Франсия аз 5 як ҳисаи аҳолиро муҳоҷирони меҳнатӣ аз Марокаш, Алҷазоир ва Тунис ташкил медиҳанд.  

Дар маҷмӯъ дар Аврупои Ғарбӣ зиёда аз 25 млн муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд. Аз як тараф онҳо фонди иҷтимоиро пур кунанд аз тарафи дигар проблемаҳои дигари этникию эътиқоди диниро ба вуҷуд меорад. Муҳоҷирон ба зудӣ ба шароити ин давлатҳо одат накарда бештар дар як ҷо дар шакли общинаҳои этникию миллӣ ва тарзи ҳаёти худ зиндагӣ мекунанд.

Муҳоҷирати калонро давлатҳои Авруппо пурра назорат карда наметавонанд. Бехатарии сарҳадро таъмин карда наметавонанд. Кам кардани кашшоқӣ, бекорӣ, беморӣ, нобаробарии иҷтимоӣ дар натиҷаи барномаи аниқ ва кӯмаки Шимоли сарватманд ба Ҷануби бенаво ҳал шуданаш мумкин аст.

Дар давраи имрӯзаи инкишофи тамаддун нақш ва моҳияти захираҳои инсонӣ муҳим аст. Аз ин сабаб равандҳои демографии сайёра мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Масалан дар давраи палеолит тақрибан 15 ҳазор сол пеш аз мелод шумораи аҳолии замин тақрибан 3 млн одам буда, ду ҳазор сол пеш аз мелод яъне охири неолит дар замин   50 млн одам зиндагӣ мекард. Дар оғози хазорсолаи мо 230 млн ва охири ҳазорсолаи якум ба 275 млн нафар расид. Соли 1804 аҳолии замин 1 млрд одам буд. Соли 1927 2 млрд, соли 1960 бошад 3 млрд, соли 1974 ба 4 млрд, соли 1987 ба 5 млрд ва соли 1999 шумораи аҳолии сайёра 6 млрдро ташкил медод. Аз рӯи баъзе пешгуиҳо шумораи аҳолии замин дар соли 2050 ба 10-12 млрд одам мерасад.

Аз рӯи маълумотҳои омории СММ дар соли 2000 аҳолии замин ба 6,03 млрд, соли 2015 ба 7,47 млрд расид. 60 фоизи аҳолии курраи замин дар Осиё зиндагӣ мекунанд. Омили асосии таркиши демографӣ таъсири мутақобила ва баҳампечидаи прогресс ва қафомонӣ дар мамлакатҳои тараққикунанда мебошад. Дар ин давлатҳо паҳн шудани воситаҳои замонавии тиббӣ боиси кам гардидани фавти кӯдакон ва назорат аз болои бемориҳои сироятӣ гардида, васеъ гардидани ҳаҷми таъминоти аҳолии ин давлатҳо бо маводи ғизоӣ аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ ва аз ҳисоби воридот ба якбора афзоиш ёфтани аҳолӣ гардид. Имрӯз ҳам давлатҳои тараққикунанда бо қафомонии иқтисодӣ, кӯҳнапарастӣ (консерватизм), ҳукмфармоии тасаввуроти анъанавии ахлоқию динӣ ва дар муқоиса саводнокии начандон баланд фарқ мекунанд.  

Давраи гузариши давлатҳои тараққикунанда мумкин аст то миёнаи асри 21 идома ёбад ва тахмин меравад, ки то солҳои 2100 шумораи аҳолии сайёра ба танзим даромада ба 10,5 млрд одам мерасад. Дар ин давра 95 фоизи аҳолии сайёра дар минтақаи давлатҳои тараққикунанда зиндагӣ мекунанд. Афзоиши аҳолӣ аз ду нишондиҳандаи демографӣ вобастагӣ дорад: таваллуд ва фавт. Афзоиши аҳолӣ аз дарозумрӣ ва сифати ҳаёти аҳолӣ низ вобастагӣ дорад.

Яке аз хусусиятҳои хоси проблемаи демографӣ ин равандҳои мигратсионӣ, яъне муҳоҷирати одамон мебошад. Дар он миллионҳо одамон ҷалб карда мешаванд. Самти асосии муҳоҷират ин давлатҳои тараққикарда мебошанд. Ин раванд бисер мушкилиҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро эҷод менамояд.

 

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


18.10.2021 1436

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php