ПРЕЗИДЕНТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ: ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

ПРЕЗИДЕНТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ: ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр

Таърихи давлатдории ҳар як миллат аз марҳилаҳое иборат аст, ки дар онҳо на танҳо тақдири сиёсии ҷомеа, балки самти минбаъдаи рушди давлат, хусусияти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва низоми арзишҳои миллию сиёсӣ муайян карда мешаванд. Барои миллати тоҷик, ки дар охири асри XX ба марҳилаи нави таърихии эҳёи давлатдории миллӣ ворид гардид, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз чунин давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб мерафт. Дар ин марҳила масъалаи асосӣ танҳо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ набуда, балки ҳифзи он, ташаккули сохтори мукаммали ҳокимияти давлатӣ, барқарор намудани суботи сиёсӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва муайян кардани модели рушди минбаъдаи кишвар аҳаммияти ҳаётан муҳим пайдо карда буд.

Дар ин замина, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 16 ноябр рост меояд, на танҳо як санаи тақвимӣ ва ҷашни давлатӣ, балки имконияти муносиб барои бознигарии илмӣ ва таҳлили сиёсии раванди ташаккули давлатдории навини тоҷикон, нақши ниҳоди президентӣ дар низоми сиёсии кишвар ва масъулияти роҳбарияти олии давлат дар назди ҷомеа мебошад. Моҳияти сиёсию ҳуқуқии ин сана дар пайванди он бо яке аз марҳилаҳои муҳимми ташаккули низоми конститутсионӣ ва оғози фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ифода меёбад.

Бояд зикр намуд, ки ниҳоди президентӣ дар шароити давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол яке аз механизмҳои муҳимми таъмини ягонагии ҳокимияти давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои идоракунӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегии миллӣ ба ҳисоб меравад. Аммо самаранокии чунин ниҳод танҳо бо мавҷудияти салоҳиятҳои конститутсионӣ муайян намешавад. Он, пеш аз ҳама, ба масъулияти сиёсӣ, қобилияти роҳбарӣ, сатҳи эътимоди ҷамъиятӣ, самаранокии идоракунӣ ва натиҷаҳои воқеии сиёсати давлатӣ вобастагӣ дорад. Таҷрибаи давлатдории навини Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ шахсияти роҳбари сиёсӣ, иродаи сиёсӣ ва қобилияти қабули қарорҳои сарнавиштсоз метавонанд дар муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди давлат нақши ҳалкунанда дошта бошанд.

Барои дарки амиқи аҳаммияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ба воқеияти сиёсии ибтидои солҳои 90-уми асри XX муроҷиат намоем. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи мураккаби дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ворид гардид. Дар ин давра давлат бо мушкилоти ташаккули низоми нави идоракунӣ, заиф гардидани сохторҳои давлатӣ, ихтилофоти дохилӣ ва буҳрони фарогири сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин шароит масъалаи нигоҳ доштани ягонагии ҳудудӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва барқарор намудани фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимият ба масъалаҳои аввалиндараҷаи рӯзномаи сиёсӣ табдил ёфта буданд.

Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар ин раванд нақши таърихӣ бозид. Ин иҷлосия барои муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди сиёсии кишвар ва ташаккули роҳбарияти нави сиёсӣ замина фароҳам овард. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсӣ оғози марҳилаи нави роҳбарии давлатиро ифода мекард. Дар он давра, ки ҷомеа ба роҳбарии қотеъ, иродаи сиёсӣ ва иқдомҳои муассири давлатсозӣ ниёз дошт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии кишварро бар дӯш гирифта, ҳифзи давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва муттаҳид намудани ҷомеаро ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсӣ муайян намуданд.

Маҳз дар ҳамин марҳилаи мураккаби таърихӣ қобилияти сиёсӣ ва иродаи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муайян намудани самти минбаъдаи рушди давлат аҳаммияти махсус пайдо кард. Бо вуҷуди вазъи ниҳоят душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ, роҳбарияти нави давлат роҳи ҳалли мусолиматомези ихтилофоти дохилӣ, барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллиро пеш гирифт. Ин раванд танҳо иваз шудани роҳбарияти сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдории миллӣ ва ҷустуҷӯи модели муносибу устувори рушди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Баъдан, дар асоси раванди ташаккули сохтори конститутсионии давлат, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ шакли идораи президентиро муайян намуда, заминаҳои конститутсионии фаъолияти мақомоти асосии ҳокимияти давлатиро муқаррар кард. 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда, ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун марҳилаи муҳимми ташаккули ниҳоди президентӣ ва оғози фаъолияти он дар низоми нави конститутсионӣ аҳаммияти махсус дорад.

Яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсӣ ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон дар ташаккул ва таҳкими заминаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуд. Дар шароите, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба пояҳои давлатдорӣ, сохтори иқтисодӣ ва ҳамбастагии иҷтимоии ҷомеа зарбаи ҷиддӣ расонида буд, масъалаи ба даст овардани сулҳ ба ҳадафи аввалиндараҷаи сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки аҳаммияти ҳаётан муҳими сулҳу субот барои ояндаи давлат ва миллат роҳи музокирот ва ҳалли сиёсии низоъро пайгирӣ намуданд.

Раванди музокироти байни тоҷикон, ки бо иштироки ҷонибҳои даргир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи ҳалкунанда ворид гардид. Ин рӯйдод дар таърихи муосири тоҷикон ҳамчун яке аз дастовардҳои бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ сабт шудааст. Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди раванди сулҳ, ба даст овардани созишҳои сиёсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои барқарорсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳаммияти фаротар аз ҳудуди миллиро доро мебошад. Он нишон дод, ки ҳатто дар шароити низоъҳои шадиди дохилӣ, бо мавҷудияти иродаи сиёсӣ, роҳбарии масъулона, омодагӣ ба музокирот ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ метавон роҳи ҳалли мусолиматомези мушкилоти сиёсиро пайдо намуд. Маҳз ба шарофати истиқрори сулҳ имконият фароҳам омад, ки раванди барқарорсозии иқтисоди миллӣ, таҳкими сохторҳои давлатӣ ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ вусъат пайдо кунад.

Дар баробари ин, яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ва пешбурди сиёсати хориҷии мустақил ва мутавозини кишвар мебошад. Тоҷикистон дар оғози истиқлолият бо зарурати муайян намудани ҷойгоҳи геополитикии худ, ташкили муносибатҳои дипломатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шароити тағйирёбии низоми байналмилалӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин вазъият ташаккули сиёсати хориҷии ба принсипҳои соҳибихтиёрӣ, эҳтироми баробарҳуқуқии давлатҳо, ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо асосёфта аҳаммияти стратегӣ касб намуд.

Бо ташаббус ва роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии Тоҷикистон тадриҷан ҳамчун самти мустақили сиёсати давлатӣ ташаккул ёфта, мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳким пайдо кард. Сиёсати «дарҳои кушода» имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ муносибатҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро густариш диҳад. Иштироки фаъоли кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумлаи намунаҳои муҳимми дипломатияи муосири кишвар мебошанд.

Махсусан, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи об ва рушди устувор, ки бо иштироки фаъол ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар пешбарӣ гардиданд, мавқеи дипломатияи тоҷикро дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ баланд бардоштанд. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон на танҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллию минтақавӣ, балки ба саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ низ равона гардидааст. Аз ин ҷиҳат, нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ва таҳкими обрӯю нуфузи байналмилалии кишвар дорои аҳаммияти хос мебошад.

Дар баробари масъалаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, таҳкими пояҳои иқтисодии истиқлолият низ яке аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти давлат ба шумор меравад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатӣ ба барқарорсозии иқтисоди миллӣ, рушди инфрасохтор, таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии кишвар равона карда шуд. Дар ин раванд, бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои дорои аҳаммияти стратегӣ ба рӯзномаи рушди давлат ворид гардида, барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ заминаҳои сиёсӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шуданд.

Албатта, рушди устувори давлат танҳо бо дастовардҳои инфрасохторӣ ва иқтисодӣ маҳдуд намешавад. Он ҳамзамон такмили низоми идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини волоияти қонун, рушди илм ва маориф, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробарро тақозо менамояд. Дар ин замина, масъулияти роҳбарияти сиёсӣ аз он иборат аст, ки дастовардҳои давраи истиқлолият ба заминаи рушди минбаъдаи ҷомеа табдил ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мусоидат намоянд.

Имрӯз, дар шароите ки низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба тағйироти амиқи геополитикӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ низ аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон, ҳамсарҳадӣ бо Афғонистон, таҳдидҳои терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ зарурати пешбурди сиёсати мутавозини амниятӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавиро ба миён мегузорад. Дар ин самт низ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари олии давлат дар муайян намудани афзалиятҳои сиёсати амниятӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим мебошад. Зеро суботи дарозмуддати давлат на танҳо аз иқтидори сохторҳои амниятӣ, балки аз сатҳи эътимоди ҷомеа ба институтҳои давлатӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, таҳкими давлатдории миллӣ дар марҳилаи муосир такмили минбаъдаи низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар ин раванд, масъалаи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ аҳаммияти махсус дорад. Ҷавонон неруи асосии рушди ояндаи давлат буда, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва иҷтимоии кишвар яке аз шартҳои муҳимми пешрафти миллӣ мебошад. Сиёсати давлатӣ дар ин самт бояд ба рушди неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, дастгирии ташаббусҳои созанда ва фароҳам овардани шароити муносиб барои татбиқи имкониятҳои ҷавонон равона гардад.

Ҳамин тариқ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, барои ҷомеаи кишвар имконияти муҳимми арзёбии роҳи тайкардаи давлат, таҳлили марҳилаҳои ташаккули низоми сиёсӣ ва муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи рушди миллӣ мебошад. Ин сана моро водор месозад, ки ба таҷрибаи таърихии давлатсозӣ, нақши роҳбарияти сиёсӣ дар ҳифзи истиқлолият ва аҳаммияти суботу ваҳдати миллӣ аз нигоҳи таҳлили илмӣ назар намоем. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд на танҳо ҳамчун ифодаи эҳтиром ба ниҳоди олии роҳбарии давлат ва таърихи давлатдории навини миллӣ, балки ҳамчун рамзи масъулияти умумӣ дар назди ояндаи Тоҷикистон дарк карда шавад. Зеро давлатдории устувор маҳсули ҳамкории роҳбарияти сиёсӣ, фаъолияти самараноки институтҳои давлатӣ ва иштироки масъулонаи шаҳрвандон мебошад.

Тошов Ҳ.М., доктори фалсафа PhD, ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


14.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php