ПРЕЗИДЕНТ- МОЯИ ИФТИХОРИ МО, ТОҶИКОН

ПРЕЗИДЕНТ- МОЯИ ИФТИХОРИ МО, ТОҶИКОН

Эй заминро карда обод, Пешво,
Хатми ҷангу доду фарёд, Пешво.
Хонаи вайронаро кардӣ чароғ,
 Миллати моро ту додӣ ҷону боғ.

Роҳи мо аз нури ту равшан шуда,
Тоҷикистон сар ба сар гулшан шуда.
Рӯзи ту, рӯзи вафову ваҳдат аст,
Рӯзи ифтихору сулҳу раҳматаст.

16 ноябр– Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Рӯзи ваҳдат, сулҳ ва эҳтироми давлатдории миллӣ.

Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон, 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Ин санаи тақдирсоз дар таърихи нави давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи бениҳоят муҳим дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, 16 ноябри соли 1994, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст тибқи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Президенти интихобшудаи кишвар савганд ёд карда, ба фаъолият оғоз намуданд.

Таҷлили ин рӯз на танҳо эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, балки арҷгузорӣ ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои бузурги таърихие мебошад, ки кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба онҳо ноил гардидааст.

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашида шуд ва хавфи нест шудани давлат ва парокандагии миллат ба миён омад. Дар чунин шароити вазнини таърихӣ, роҳбари ҷасур ва дурандеш Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд. Бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои миллат ҷанги бемантиқ хотима ёфта, гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд ва заминаи устувори сохти давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ гузошта шуд.

Маҳз таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад, ба истиқлолияти энергетикӣ наздик шуд ва ҳифзи амнияти озуқавориро таъмин намуд. Бунёди наворҳои азими гидроэнергетикӣ, роҳҳою нақбҳои байналмилалӣ ва эҳёи фарҳангу тамаддуни миллӣ маҳсули сиёсати созандаи ниҳоди президентӣ мебошанд. Дар арсаи байналмилалӣ низ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои об ва иқлим шинохта шуд.

Тахти сулҳи тоҷиконро сарварӣ,
Миллати моро ту қутби доварӣ.
Аз миёни дуду оташ, ҷангу хун,
Кишвари моро ба соҳил мебарӣ.

Қадри тоҷикро ба олам сохтӣ,
Парчами моро ба кайҳон афрохтӣ.
Бо нигоҳи гарму қалби поксоз,
Дар дили ҳар тоҷикистонӣ ҷой сохтӣ.

Рӯзи Президент рамзи садоқати ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҷумҳурии соҳибихтиёри мост. Ин рӯз ба мо ёдовар мешавад, ки тинҷиву осоиштагӣ ва пешрафти имрӯзаи Ватан осон ба даст наомадааст ва ҳифзи ин гавҳари ноёб вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, махсусан ҷавонон аст.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо ифтихори баланд Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд, зеро маҳз таҳти роҳбарии ин шахсияти бузурги таърихӣ барои илмомӯзӣ, варзиш ва рушди касбии онҳо тамоми шароитҳо муҳайё гардидаанд. Бунёди мактабҳои муосир, донишгоҳҳо, марказҳои технологӣ ва стипендияҳои президентӣ исботи ин таваҷҷуҳи хос мебошанд.

Ҷавонон ояндаи миллатанд ва ин оянда аз масъулияти имрӯзаи ҳар як наврасу ҷавон вобаста аст.

Санаи фархундаи 16 ноябр ба ҳамаи ҳамватанон муборак бошад! Бигзор дар кишвари маҳбуби мо ҳамеша сулҳу субот пойдор ва парчами истиқлолият парафшон бимонад!

Ҳамроева Х.М., н.и.б., омӯзгори калони кафедраи биохимия 


12.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php