ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти рушди сиёсати давлатии ҷавонон ташаккули фарҳанги худшиносии онҳо, тарбияи насли солим, ба вуҷуд овардани инсони комил ва дар ниҳоят, ҷавонони созандаву бунёдкор, ҳунарманду забондон, соҳибкасбу худогоҳ ва ташкилотчӣ ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии муқтадир ва, дар ин замина, дар сатҳи зарурӣ омода намудани шахсиятҳои ба ҷомеаи «соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона» сазовор ташкил додааст.

Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ба ин боварии Президенти мамлакат сазовор бошанд ва бо фаъолияти намунавори худ дар пешбурди ҷомеа нақши худро гузоранд. Барои расидан ба ин ҳадаф омӯзиши баъзе нуқтаҳое, ки Пешвои миллат дар асоси онҳо такя намуда, ба ҷавонон эътимод бастааст, аз ҷониби мо, ҷавонон, мутобиқи матлаб аст.

Зеро ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар баробари омилҳои мусбат эҷодгари чандин хусусияти манфист, ки онҳо метавонанд, новобаста аз макону шароит барои пешрафти ҷомеаи солими ин ё он халқу миллат хатар оранд. Бо дарки ин масъалаи муҳим Президенти кишвар ба ҷавонон ва рушди бемайлони ояндаи онҳо диққати зиёд дода, ҷавононро ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии пурибтикор "ояндаи миллат", "фардои давлату давлатдорӣ" номида, гуфтаанд, ки "ман ояндаи давлатро дар рушди ҷавонон мебинам." Ин гуфтаҳои Президенти муаззами мо, ки ба ҷавҳари рушди ҷавонони мамлакати хуррами мо табдил ёфтаанд, дар меҳвари Консепсияи сиёсати давлатии ҷавонон қарор доранд. Барои тавони муқовамат доштани ҷавонон ба ин гуна пайомадҳои нохуши ҷаҳонишавӣ ва таъсиргузор будани ибтикори созандаи онҳо дар ҷомеа омӯзиши илм, забондонӣ ва баҳрамандӣ аз касбу корҳои гуногун бояд, ки дар мадди аввал қарор дошта бошад.

1. Муҳимтарин омиле, ки Пешвои миллат маҳз тавассути он ба пиндори мо, ба ҷавонон эътимод кардааст, дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ, нангу номуси ватандорӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, худогоҳӣ, ѓурури хоси озодихоҳонаи ҷавонони мост. Зеро, агар ба тули таърих дида дӯзем, аз гузашта то имрӯз ҷавонони тоҷик дар тамоми мароҳили таърихӣ ва ҳассосу тақдирсози миллати шарифи мо бар ивази ҷони худ озодию ободии ватан ва ҳувияти миллии хешро харидаанд. Дар мубориза барои озодӣ бо муѓулҳо, арабҳо, манѓитиҳо ва дигарон ҳамора ҷавонон барои меҳан ҷонбозӣ кардаанд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ низ барои ҳифзи ҳокимияти конститутсионӣ ҷавонон нақши калидиро ишѓол намуда, имрӯз низ дар роҳи мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ ҷавонони тоҷик сарсупурдаи ватананд.

2. Дигар омиле, ки Пешвои миллат дар заминаи он ба ҷавонон эътимодӣ қавӣ дорад, дар ҷони созанда ва бунёдкори ин гурӯҳи қавииродаи иҷтимоист, ки дар давоми даврони истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ҷавонон дар кишвар садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, роҳҳо ободу мумфарш шуда, таъмир ва бунёди муассисаҳои таълимию тиббӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар бунёди ишнооти бузурги аср – Роѓун, кандани нақбҳо, сохтани пӯлҳо, роҳҳои аҳаммияти байналмилалидошта низ саҳми ҷавонон бузург аст.

3. Сеюм омиле, ки Президенти кишвар дар заминаи он ба ҷавонон такя менамояд, дар зеҳнияти ниҳоят қавии ҷавонони тоҷик таҷассум ёфтааст. Дар даврони истиқлоли давлатӣ сафи олимони мо аз ҳисоби ба вуҷуд омадани имкониятҳои мусоид ба маротиб афзоиш ёфт. Дар заминаи зеҳнияти қавии ҷавонон Пешвои миллат дар назди онҳо масъалаи омӯзишҳои забонҳои хориҷиро гузоштааст, ки манзур аз ин ҳадаф шиносоии ҷавонони мо на танҳо ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва густуриши равобити байналмилалӣ, балки омӯзиши усулҳои ҷаҳонӣ ва муассири тадқиқ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дастовардҳои нав ба нави илмию техникӣ, ихтирои тоза ва кашфи маҳсулоти барои ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур ба шумор меравад. Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо ҷавононе ҳастанд, ки аз чор то ҳафт забони хориҷиро пурра балад буда, зеҳнияти гирои миллати тоҷикро муаррифӣ намуда истодаанд. Дар олимпиадаҳои зеҳнии байналмилалӣ ѓолиб омадани ҷавонони мо исботи дигари гуфтаҳои боло буда, ба вуҷуд омадани марҳилаи нави адабиёти тоҷик дар пояи эҷоди ҷавонон далели дигари иддаои мост.

4. Заминаи дигари эътимоди Президенти кишвар ба ҷавонон дар он аст, ки аз азал ин гурӯҳи иҷтимоӣ - ҷавонони тоҷик ниҳоят далер, ҷасур, қавиирода, ба маънои том родмард буда, дар гузаштаи халқи мо мафҳуми “ҷавонмард” то андозае ифодакунандаи мафҳуми “инсони комил”-ро дошт. Дар ин замина, ҷавонони тоҷик аз меҳнати сангин дар роҳи ободонӣ ва пешрафти ҷомеа ҳарос надоранд ва борҳо дар ин боб аз озмоиши таърих дифоъ кардаанд.

5. Ҷавонони тоҷик меҳнатдӯст буда, ба ҳар кори неке, ки камари ҳиммат мебанданд, онро бо муҳаббат ва самимият ба анҷом мерасонанд. Дар мисоли Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар муддати кӯтоҳи шаҳриёрӣ аллакай тавонистааст, ки бо ободонӣ ва созандагиҳои пайгиронааш дар дили сокинони шаҳр муҳаббати худро ҷой диҳад. Воқеан, таъмири босуръати роҳҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, бунёди хонаҳои истиқоматии бисёрошёна, таъмини мунтазами нақлиёти шаҳрӣ, гулборонии кӯчаҳо ва даҳҳо мисолҳои дигар шаҳодати онанд, ки ҷавонон бо азму иродаи тоза ва неруи дучанд барои ҷомеа хизмат менамоянд. Ҳатто имрӯз дар васфи ободии Душанбе ва дар сифати ободкориҳои Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шеърҳо навишта шудааст, ки аз ҷумла яке аз онҳо чунин аст:

Чу Рустам диловар кӣ дидӣ, бубин,

Душанбе шуд аз ӯ бузурги Замин.

Ҷавон асту бо рою ақлу хирад,

Худо умри уро дарозо диҳад.

Беҳин шаҳриёри Душанбеи мост,

Душанбе аз ӯ сарзамини сафост.

Зи Рустам сафоҳост ин шаҳрро,

Душанбе фаре ҳаст ин даҳрро.

Бубин, шаҳриёри тавонои мо,

Сафодеҳу барною донои мо.

Зи оли бузургони бонангу ном,

Нажоди азизони фаррухпаём.

Ҳумоюнтабору ҳумоюннажод,

Ҳазор офарин бар чунин аҳли дод.

Чу созанда ҳасту чу бунёдгар,

Ба шаҳри Душанбе шуда ӯ сипар.

Аз ӯ қомати шаҳри мо шуд баланд,

Набинад, Илоҳо, ҳаме ӯ газанд.

Ба ҳар ҷо бино гашт афрохта,

Яқин, Рустам онро бино сохта.

Шуд арбоби миллат, шуд арбоби халқ,

Нумудеҳи халқ асту асҳоби халқ.

Душанбе Дубай шуд зи Рустам, бубин,

Бихонаш ҳазорон ҳазор офарин.

Душанбе шуд аз Рустами номдор

Бародар ба ҳар шаҳри овозадор.

Зи Рустам Душанбе шуд ободтар,

Душанбе зи Рустам шуд озодтар.

Нигоҳаш, ки сабз асту роҳаш наку,

Душанбе зи Рустам баландобрӯ.

Пур аз ифтихору пур аз ёдгор,

Душанбе зи Рустам ҷаҳонэътибор.

Садои Душанбе ба гӯши ҷаҳон

Расад аз дили Рустами паҳлавон.

Садое, ки овози миллат дар ӯст,

Садои тамаддун, пур аз гуфтугӯст.

6. Омили дигаре, ки Президенти кишвар ба ҷавонон дар асоси он эътимод бастааст, зиракии ҷавонони мост. Маҳз зиракии ҷавонон, бавежа ҳушёрии сиёсии онҳо тавонистааст, ки дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ ва вазъияти хатарноки миллату давлат онҳоро аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшад.

7. Хусусияти дигари ҷавонони мо дар қудрати азалии ёро будани онҳост. Яъне, ҷавонони мо ба ҳама кори хайр ва неку созанда тавонмандӣ доранд. Саҳеҳтар, агар баён намоем, “мо, ҷавонон, метавонем”. Ана, маҳз ҳамин тавонмандии ҷавонон эътимоди Пешвои миллатро ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ афзун намуда, Президенти кишварро ба хулосае овардааст, ки бигӯяд: “"Ман ояндаи давлатро дар рушди ҷавонон мебинам" ва “Ман боқии ҳаётамро ба ҷавонон мебахшам”.

Ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ ва қисми такягоҳии ҷомеаи ҳама гуна давру замон дар мароҳили гуногуни таърихӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, бавежа идоракунии давлатӣ, нақши созгор гузоштаанд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вақте ки роҳбари давлат интихоб гардид, хело ҷавон буданд. Ҷавонии худро сарфи эҳёи давлат, ободию озодии ватан, эҷоди сулҳу субот, ба даст овардани ваҳдати сартосарии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлатию миллӣ намуданд.

Хулоса, агар ба тули таърих назар андӯзем, метавон садҳо чеҳраҳои намоёни давлатдориро ба забон овард, ки дар синни ҷавонӣ ба кори давлатӣ ва идораи давлатӣ иртибот доштаанд. Дар замони муосир ба ҷавонон ҳамчун низоми боэътимод ва қувваи идоракунанда соҳаи алоҳидаи ҷамъият бахшида шуд, ки имрӯз дар аксари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ин падида ба чашм мерасад. Гарчанде ки дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба тарбияи ҷавонон диққати зиёд зоҳир мегашт, то андозае доираи роҳёбии онҳо ба идоракунии давлат маҳдуд буд ва барои ба мансаби роҳбарӣ пешбарӣ гардидани онҳо зарур буд, ки якчанд зинаҳои идоракунии давлатиро аз сар гузаронанд.

Аммо дар замони истиқлоли давлатӣ бо шарофатии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи ҷавонон дар идоракунии давлатӣ дорои хусусиятҳои ба Тоҷикистон ва халқи бузурги тоҷик хос табдил ёфт, ки дар олами мутамаддин назир надорад.

Калонова М.Ҷ., д.и.ф., профессори кафедраи забони тоҷикӣ


26.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php