ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ИЛМИ РИЁЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТГИРИИ ОЛИМОН, ТАҲКИМИ МАКТАБИ ИЛМӢ ВА ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ ДОНИШ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ИЛМИ РИЁЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТГИРИИ ОЛИМОН, ТАҲКИМИ МАКТАБИ ИЛМӢ ВА ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ ДОНИШ

Илм ва дониш яке аз муҳимтарин омилҳои пешрафти ҷомеа, рушди иқтисодиёт, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва баланд бардоштани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор мераванд. Дар ҷаҳони муосир, ки рушди техника, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва равандҳои инноватсионӣ бо суръати баланд идома дорад, нақши илмҳои дақиқ, бахусус математика, боз ҳам муҳимтар гардидааст.

Математика ҳамчун забони универсалии илм дар ташаккули тафаккури мантиқӣ, таҳлили равандҳои мураккаб, моделсозии ҳодисаҳои табиат ва ҳалли масъалаҳои муҳандисию иқтисодӣ мавқеи махсус дорад. Бинобар ин, рушди ин фан на танҳо масъалаи таълимӣ, балки яке аз самтҳои муҳими сиёсати илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат мебошад.

Дар ҷумҳурии мо низ масъалаи рушди илм, баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дастгирии олимону муҳаққиқон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Дар ин раванд, иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аҳаммияти хосса доранд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон масъалаи эҳёи иқтидори илмӣ, таҳкими муассисаҳои таҳқиқотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаҳои гуногуни илм аҳаммияти махсус пайдо намуд. Аз ҷумла, математика ҳамчун яке аз илмҳои бунёдӣ дар низоми таҳсилот ва таҳқиқоти илмӣ мавқеи муҳимро ишғол кард.

Яке аз иқдомҳои муҳими давлатӣ дар ин самт қабули Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005–2008 ба шумор меравад. Ин иқдом барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ ва таҳкими заминаҳои омӯзишу таҳқиқоти илмӣ замина гузошт.

Қадами муҳими дигар 31 январи соли 2020 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1445 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020–2040 мебошад.

Ин ташаббус ҳадафи муҳим - тақвият бахшидан ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврасу ҷавонро дар бар мегирад.

Аҳаммияти ин иқдом дар он зоҳир мегардад, ки математика на танҳо ҳамчун фанни таълимӣ, балки ҳамчун омили рушди тафаккури илмӣ, эҷодкорӣ, навоварӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир баррасӣ мегардад.

Яке аз вазифаҳои муҳими рушди илми риёзӣ тарбияи насли нави олимон ва муҳаққиқон мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки шавқу рағбати хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши математика аз зинаҳои аввали таҳсил ташаккул ёбад. 

Дар ин замина, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии фаннӣ, олимпиадаҳо, конференсияҳои илмӣ, маҳфилҳои математикӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ аҳаммияти калон доранд.

Аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, яке аз воситаҳои ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва кашфи истеъдодҳои нав мебошад.

Ин озмун барои хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон имконият фароҳам меорад, ки дониш, қобилият ва маҳорати худро муаррифӣ намоянд.

Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо ба ташаккули муҳити солими илмӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва таҳкими робитаи муассисаҳои таълимӣ бо ҷомеаи илмӣ мусоидат мекунанд.

Таърихи илму фарҳанги тоҷик аз номи донишмандону нобиғагони бузург саршор аст. Яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи илми ҷаҳонӣ Абӯабдуллоҳи Муҳаммад ибни Мӯсо Алхоразмӣ мебошад, ки бо осори илмии худ дар ташаккул ва рушди алгебра саҳми бузург гузоштааст.

Мероси илмии чунин бузургон нишон медиҳад, ки халқи тоҷик аз қадим ба илму дониш, тафаккури мантиқӣ ва омӯзиши қонунҳои табиат таваҷҷуҳи хосса доштааст.

Дар замони муосир низ олимони тоҷик дар соҳаҳои алгебра, таҳлили математикӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ, назарияи эҳтимолият, механика, моделсозии математикӣ ва дигар самтҳои илмҳои дақиқ таҳқиқоти назариявию амалӣ анҷом медиҳанд.

Дар ин раванд, гиромидошти хизматҳои олимон, қадршиносии заҳмати омӯзгорону муҳаққиқон, нашри осори илмии онҳо, баргузории конференсияҳои илмӣ ба ифтихори фаъолияти эшон ва ҷалби ҷавонон ба мактабҳои илмӣ аҳаммияти калон дорад.

Эҳтиром ба олимон танҳо қадршиносии шахсиятҳои алоҳида нест, балки эҳтиром ба илму маърифат, таҷрибаи наслҳо ва ояндаи ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, яке аз самтҳои муҳими рушди минбаъдаи соҳа бояд фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои фаъолияти илмии математикон, дастгирии муҳаққиқони ҷавон, тақвияти робитаҳои илмии байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад.

Дар пешрафти илми риёзӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ мавқеи калидӣ доранд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ-таълимӣ дар омодасозии мутахассисон ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ саҳм мегузоранд.

Махсусан, фаъолияти олимони соҳаи математика дар таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва маводи методӣ барои баланд бардоштани сифати таълими ин фан мусоидат менамояд.

Дар шароити муосир зарур аст, ки таҳқиқоти математикӣ бо талаботи иқтисодиёти миллӣ, саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пайванди устувор дошта бошанд.

Зеро математика дар ҳалли масъалаҳои мураккаби истеҳсолӣ, пешгӯии равандҳои иқтисодӣ, таҳлили маълумот, коркарди алгоритмҳо ва рушди технологияҳои нав нақши муҳим дорад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санаи муҳими сиёсӣ, балки фурсати муносиб барои андеша дар бораи дастовардҳо, ҳадафҳо ва дурнамои рушди давлату ҷомеа мебошад.

Дар ин замина, масъалаи рушди илми риёзӣ, дастгирии олимон ва гиромидошти хизматҳои донишмандон яке аз самтҳои муҳими таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар ба ҳисоб меравад.

Эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дастгирии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таълими фанҳои дақиқ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими давлатӣ дар ин самт мебошанд.

Бешубҳа, ояндаи Тоҷикистон ба сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва иқтидори эҷодии насли ҷавон вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, дастгирии илми риёзӣ, қадршиносии олимон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари онҳо бояд яке аз вазифаҳои доимии ҷомеа бошад.

Математика илми тафаккур, мантиқ ва кашфи ҳақиқат аст. Рушди он маънои рушди неруи зеҳнӣ, илмӣ ва технологии миллатро дорад. Пас, эҳтиром ба олимони риёзидон ва дастгирии фаъолияти илмии онҳо эҳтиром ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароятон муборак бошад, устодон ва шогирдони азаиз!

Асроров Собир Аюбович, ассистенти кафедраифизикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ


12.11.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php