ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

(БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН)

Дар таърихи ҳар як миллат марҳилаҳое мавҷуданд, ки сарнавишти минбаъдаи давлату ҷомеа ва роҳи рушди онро муайян месозанд. Барои миллати тоҷик давраи аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус солҳои аввали даҳаи 90-уми асри XX, яке аз чунин марҳилаҳои тақдирсоз ба шумор меравад. Дар он ваќт Тоҷикистон бо буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ, низоъҳои дохилӣ ва мушкилоти печидаи иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардида, масъалаи ҳифзи Истиқлол ва бақои давлатдорӣ ба яке аз масъалаҳои меҳварии ҷомеа табдил ёфта буд.

Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ нақши роҳбарияти сиёсӣ, иродаи давлатдорӣ ва қабули қарорҳои сарнавиштсоз аҳамияти махсус касб менамуд. Дар ин замина, фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон пайванди амиќ дорад. Аз ин рӯ, баррасии таҷрибаи давлатсозии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бе омӯзиши нақши роҳбарияти олии сиёсӣ ва равандҳои муҳими таърихии ин давра комил нахоҳад буда наметавонад.

Санаи 16 ноябр дар тақвими давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст. Ин сана бо рӯйдодҳои муҳими таърхи навини кишвар иртибот дошта, ба яке аз марҳилаҳои тақдирсози ташаккули давлатдории миллӣ ишора мекунад. Маҳз, 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Иҷлосия то 2 декабр идома ёфта, дар ҷараёни он як қатор қарорҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Дар ин айём Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 ба рӯйхати рӯзҳои ид ворид гардидааст. Моҳияти ин сана на танҳо дар таҷлили як рӯзи расмӣ, балки дар бознигарии таҷрибаи таърихии давлатсозӣ, дарки арзиши Истиқлол, сулҳу субот ва масъулияти шаҳрвандӣ ифода меёбад. Он, ҳамзамон, барои омӯзиши таърихи навини кишвар, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар байни насли ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Соли 1992 барои Тоҷикистон давраи ниҳоят мураккаб ва пуртазод буд. Дар кишвар низоъҳои сиёсӣ авҷ гирифта, бар асари муқовиматҳои дохилӣ сохторҳои давлатӣ заиф гардида, иқтисоди миллӣ ва зиндагии мардум осеби ҷиддӣ дида буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, муҳоҷирати иҷбории аҳолӣ, харобшавии инфрасохтор ва халалдор гардидани робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ гардид. Дар чунин шароит Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти вижаи таърихӣ касб намуд. Қарорҳои дар ин Иҷлосия қабулшуда барои барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, ташкили мақомоти ҳокимияти конститутсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои музокироти сулҳ нақши муҳим бозиданд. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти нави сиёсӣ қатъи даргириҳо, барқарор намудани суботи ҷомеа ва фароҳам овардани шароит барои бозгашти гурезаҳо ба Ватан буд. Раванди музокироти байни тоҷикон, ки бо иштироки ҷонибҳои даргир ва бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил сурат гирифт, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба марҳилаи муҳими худ расид.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҳалли низоъҳои дохилӣ танҳо тавассути истифодаи роҳҳои сиёсӣ, муколама, гузаштҳои мутақобила ва эҳтироми манфиатҳои ҷонибҳо имконпазир мегардад. Ин таҷриба имрӯз низ метавонад, ҳамчун намунаи омӯзиши аҳамияти музокирот ва ризоияти миллӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими ин марҳила қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 буд. Ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлатро муайян намуд. Гуфтан айни муддаост, ки имрўзҳо ин Конститутсия аз ҷиҳати таъмини ҳуќуќу озодиҳои инсон дар ќатори 5-гонаи беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон эътироф гардидааст.

Дар баробари ин, ташаккули низоми қонунгузорӣ, такмили сохторҳои давлатӣ, рушди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкили заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ идома ёфтанд. Ин равандҳо барои таҳкими соҳибихтиёрии давлатӣ ва ба низом даровардани фаъолияти институтҳои ҷомеа аҳамияти муҳим доштанд. Дар ин раванд масъалаҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди забони давлатӣ, эҳёи анъанаҳои таърихию фарҳангӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ низ мавқеи муҳим пайдо карданд. Забон, фарҳанг ва таърихи муштараки миллат на танҳо унсурҳои ҳувияти миллӣ, балки омилҳои муҳими пайванди наслҳо ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа ба шумор мераванд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувор мебошад. Ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, нақлиёт, энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди кишвар зарари ҷиддӣ расонида буд. Аз ин рӯ, эҳёи иқтидори иқтисодӣ ва бартараф намудани оқибатҳои буҳрон вазифаи аввалиндараҷаи давлат ба ҳисоб мерафт.

Дар доираи сиёсати рушди инфрасохтор ба сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, бунёди нақбҳо, рушди энергетика, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва беҳтар намудани шароити хизматрасонии нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Роҳҳои байналмилалии Душанбе–Чаноқ, Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Қулма ва нақбҳои Анзобу Шаҳристон аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки дар беҳтар гардидани робитаҳои нақлиётӣ ва пайвастшавии минтақаҳои кишвар нақши муҳим бозиданд.

Дар соҳаи энергетика низ татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва идомаи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» аҳамияти стратегӣ дорад. Ин иқдомҳо ба масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди саноат робитаи мустақим доранд.

Дар баробари дастовардҳо, рушди иқтисоди миллӣ ҳанӯз ҳам бо масъалаҳои муҳим, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, идомаи ислоҳот ва татбиқи барномаҳои рушди иқтисодӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар аҳамияти калидӣ дорад.

Дар низоми сиёсати давлатӣ соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз самтҳои муҳим ба шумор мераванд. Зеро рушди устувори ҷомеа, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш, маърифат, саломатӣ ва имкониятҳои шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёду таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, густариши имкониятҳои омӯзиш ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф идома ёфт. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури эҷодии ҷавонон аз масъалаҳои муҳимми сиёсати маориф ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар соҳаи тандурустӣ рушди инфрасохтори тиббӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, омодасозии мутахассисони соҳибкасб ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки рушди ин соҳа танҳо бо бунёди муассисаҳои нав маҳдуд намешавад. Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти ҷавонон низ аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ки он дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷойгоҳи хоса дорад.

Инчунин, саҳаи фарҳанг ва таърих дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва ҳифзи пайванди наслҳо нақши муҳим доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии кишвар табдил ёфтанд. Таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон ва Сада, барои эҳёи суннатҳои аҷдодӣ ва шинос намудани насли ҷавон бо арзишҳои таърихии миллат мусоидат менамояд. Ҳамчунин, ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихӣ, омӯзиши осори адибону мутафаккирони гузашта ва тарғиби мероси илмии ниёгон барои тақвияти худшиносии миллӣ аҳамияти хос доранд.

Муаррифии байналмилалии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Саразми бостонӣ ва шаҳри қадимаи Панҷакент, инчунин, ворид гардидани баъзе унсурҳои фарҳанги миллӣ ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО аз имкониятҳои муҳими муаррифии тамаддуни тоҷикон дар ҷаҳон мебошанд.

Бояд махсус қайд карда шавад, ки ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ вазифаи танҳо давлат набуда, иштироки фаъоли ҷомеа, зиёиён, омӯзгорон ва ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд. Зеро фарҳанг дар баробари мероси гузашта будан, заминаи маънавии рушди ояндаи миллат низ мебошад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санаи расмии тақвимӣ, балки фурсати муносиб барои андеша дар бораи таърихи давлатдории миллӣ, арзиши Истиқлол ва аҳамияти сулҳу субот мебошад. Ин рӯз имконият медиҳад, ки ҷомеа ба таҷрибаи давлатсозии даврони соҳибистиқлолӣ назар афканда, дастовардҳо ва масъалаҳои ҳанӯз ҳалталаби рушди кишварро мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Дар шароити муосир ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди устувор танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти умумии тамоми шаҳрвандон мебошад. Ҳар як фарди ҷомеа метавонад бо меҳнати созанда, риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, саҳмгузорӣ дар рушди илму маориф ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ саҳм гузорад.

Барои насли ҷавон омӯзиши таърихи навини кишвар, дарки сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ, шинохти аҳамияти сулҳу ваҳдат ва қадр намудани дастовардҳои Истиқлол аҳамияти махсус дорад. Зеро танҳо насли дорои худшиносии миллӣ, дониш ва ҷаҳонбинии васеъ метавонад, дар оянда масъулияти рушди ҷомеа ва давлатро ба зима гирад.

Аҳрориён Зарина Асрор, муовини ректор оид ба тарбия



12.11.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php