ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН: ЭЪТИМОДЕ, КИ БА ДАСТОВАРД МЕРАСАД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН: ЭЪТИМОДЕ, КИ БА ДАСТОВАРД МЕРАСАД

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва озодӣ, балки оғози марҳилаи нави эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди илму маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ташаккули насли соҳибмаърифат гардид. Дар ин давра илм, донишандӯзӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои ҷавонон ҷиҳати амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои созанда шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар мехоҳам аз як рӯйдоди муҳимми ҳаёти илмӣ ва касбии худ ёдовар шавам, ки барои ман на танҳо дастоварди шахсӣ, балки натиҷаи заҳмат, талош, омузиш ва истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

11 ноябри соли 2026 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Фарҳанги глобалӣ ва миллӣ: вазъи муосир ва дурнамои робитаҳои байниҳамдигарӣ» аз рӯйи ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ бомуваффақият ҳимоя намудам. Ин дастовард барои ман марҳилаи муҳими фаъолияти илмӣ, натиҷаи чандин соли ҷустуҷӯҳои назариявӣ, таҳқиқоти илмӣ ва заҳмати пайваста ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, онро ҳамчун туҳфаи арзишманд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамоям.

Албатта, расидан ба чунин марҳилаи муҳим бе муҳити мусоиди илмӣ, дастгирии устодон, роҳнамоии олимон ва имкониятҳои мавҷуда дар соҳаи илму маориф тасаввурнопазир аст. Маҳз фароҳам овардани шароити таҳсилу таҳқиқ, дастгирии унвонҷӯёну аспирантон ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки қобилияту истеъдоди худро рушд дода, дар пешрафти ҷомеа саҳми муносиб гузоранд.

Дар ин замина, дастгирии соҳаи илму маориф ва таваҷҷуҳ ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавон аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, рушди муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва тақвияти иқтидори илмии кишвар тадбирҳои гуногун амалӣ гардидаанд. Ин раванд барои ҷавононе, ки мехоҳанд роҳи илмро интихоб намуда, дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳм гузоранд, имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Ҳамчун муҳаққиқи ҷавон мехоҳам барои таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани имкониятҳои таҳқиқоти илмӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намоям. Барои ҳар як ҷавоне, ки ба роҳи илм қадам мегузорад, муҳим аст, ки меҳнату заҳмати ӯ қадр гардида, барои идомаи таҳқиқот ва расидан ба ҳадафҳои илмӣ шароити зарурӣ мавҷуд бошад. Маҳз чунин имкониятҳо метавонанд дар ташаккули насли нави олимону муҳаққиқон нақши муассир гузоранд.

Мавзуи таҳқиқоти илмии ман низ аз масъалаҳои муҳими замони муосир робитаи фарҳанги миллӣ ва глобалӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муайян намудани дурнамои ҳамкории арзишҳои фарҳангӣ иборат буд. Ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши муносибатҳои байнифарҳангӣ дар назди ҷомеа масъалаҳои нави иҷтимоӣ ва маънавиро ба миён мегузоранд. Дар чунин шароит ҳифзи забон, таърих, анъана, арзишҳои миллӣ ва ҳамзамон истифодаи оқилона аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад.

Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги ғанӣ, мероси бузурги илмӣ ва шахсиятҳои барҷастаи илму адаб мебошад. Аз ин рӯ, омузиши муносибати фарҳанги миллӣ бо равандҳои ҷаҳонӣ бояд ба таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии муосири ҷавонон мусоидат намояд. Бовар дорам, ки маҳз тавассути таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши мероси ниёгон ва аз худ намудани дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ метавон барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа саҳми арзанда гузошт.

Ба андешаи ман, дастгирии ҷавонони муҳаққиқ танҳо фароҳам овардани шароити таҳсилу таҳқиқ нест, балки сармоягузорӣ ба ояндаи ҷомеа ва иқтидори зеҳнии давлат мебошад. Ҳар як рисолаи ҳимояшуда, ҳар як таҳқиқоти анҷомёфта ва ҳар як кашфиёти илмӣ метавонад ба рушди тафаккури созанда, баланд гардидани сатҳи маърифати ҷомеа ва омода намудани мутахассисони соҳибдониш мусоидат намояд.

35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар имкони муносибест, ки дар бораи роҳи тайкардаи давлату миллат андеша намуда, саҳми худро дар ободонӣ ва пешрафти Ватан муайян созад. Барои ман ҳамчун муҳаққиқи ҷавон ҳимояи рисолаи номзадӣ дар ҳамин марҳилаи таърихӣ мояи ифтихор ва ҳамзамон масъулияти бештар мебошад. Зеро унвони илмӣ на танҳо натиҷаи фаъолияти анҷомёфта, балки оғози марҳилаи нави масъулият, ҷустуҷӯ ва хизмат ба ҷомеа аст.

Ман низ минбаъд саъй хоҳам кард, ки бо идомаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, омузиши масъалаҳои мубрами фалсафаи иҷтимоӣ, омода намудани мақолаву корҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву таҳқиқот дар рушди илми ватанӣ саҳм гузорам. Ҳамзамон, вазифаи худ медонам, ки дар фаъолияти касбӣ ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои фарҳангӣ ва тарбияи насли донишманд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоям.

Дар фарҷом, мехоҳам таъкид намоям, ки дастоварди илмии ман, ки дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба даст омад, барои ман рамзи қадршиносии имкониятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва оғози масъулияти нав дар роҳи илм мебошад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ба соҳаи илму маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои рушди ҷавонон изҳори сипос намуда, умедворам, ки насли ҷавони муҳаққиқон бо дониш, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурсамари худ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Зеро ояндаи миллатро на танҳо орзуву ниятҳои нек, балки дониш, маърифат, заҳмати созанда ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа муайян мекунад.

Давлатзода Ф.Ф., ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


12.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php