ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ОМИЛИ МУҲИМИ ҲИФЗИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ОМИЛИ МУҲИМИ ҲИФЗИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

24 октябри соли 2026 дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби Донишгоҳ бо иштироки омузгорон ва донишҷӯёни факултети тиббӣ-профилактикӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Паёмадҳои манфии ҷаҳони муосир ва роҳҳои пешгирии он дар байни ҷавонон. Терроризм - вабои аср» баргузор гардид.

Зимни семинар ассистенти тарбиявии кафедра Зиёдалиева Т.З. оид ба таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавононро аз омилҳои муҳими пешгирии ин зуҳуроти номатлуб арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, ассистенти кафедра Азизова М.Б. доир ба аҳаммияти тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва тақвияти зиракии сиёсии ҷавонон ибрози назар карда, зарурати пешгирии таъсири ақидаҳои ифротӣ ва иттилооти бардурӯғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид намуд.

Дар фарҷоми семинар зикр гардид, ки тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии солим дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи амнияти ҷомеа ва пешгирии терроризму экстремизм нақши муҳим дорад.

Семинар дар фазои созанда баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии донишҷӯён мусоидат намуд.

 

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


26.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php