Паёми Пешвои миллат- роҳнамои мост!
Санаи 27-уми декабри соли ҷорӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи шӯрои олимони донишгоҳ бо сурудани суруди миллӣ баргузор гардид, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи зиёиён, табибони кишвар қарор гирифтааст.
Ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ. таъкид намуд, ки ҳар кадом аз бандҳои ин паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маорифу тандурустӣ низ равона карда шудааст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола таъкид намуданд: “Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем”. Устодони донишгоҳ на танҳо дар тарбияи табибони оянда, инчунин дар солимии ҷомеа, табобати беморон ва барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паёмҳояшон бар меояд, бо дарки масъулияти баланд ва бо истифода аз воситаву имкониятҳои мавҷуда талош менамоянд, то ки дар муддати на чандон тӯлонӣ Ватани азизамон воқеан ҳам ба як кишвари афсонавию биҳиштӣ мубаддал гардад.
Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия
З. Турсунова - шуъбаи иттилоот ва нашрия
27.12.2019
1704