ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО!
Саф ба сафи бародарон, ба зери боли парчамем,
Ба ҳам ҳамеша дӯст, дӯст, ба ҳам ҳамеша ҳамдамем.
Агар, ки нест парчамат, Ватан ту бенишонаӣ,
Ватан, Ватан ба парчамат, ту зеби сад фасонаӣ.
Барори кор халқи ман, ба парчамат равон туӣ,
Ҳазорсолаҳо бизӣ, зи насли ориён туӣ.
Зи Кова парчам аст ёд, барои халқ умрбод,
Намози Сулҳ хондаем, ба пои прачами мурод.
Парчам яке аз муқаддасотҳои миллӣ, рамзи давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ ва нишонаи ваҳдату ягонагии миллат мебошад. Он дар тӯли таърихи пурғановати халқи тоҷик ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошта, таҷассумгари нангу номус, озодӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад.
Таърихи парчами миллати мо решаҳои амиқ дорад. Ҳанӯз аз замонҳои асотирӣ парчам ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ ва адолат шинохта мешуд. Тибқи ривоятҳои таърихию ҳамосавӣ, Коваи оҳангар бо барафрохтани пешбанди чармини худ мардумро ба мубориза бар зидди зулму истибдод даъват намуд. Ин рамз баъдан бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» дар таърихи давлатдории ниёгони мо ҷойгоҳи хос пайдо кард. Дирафши Ковиёнӣ то имрӯз ҳамчун рамзи шуҷоат, озодихоҳӣ ва муборизаи некӣ бар зидди бадӣ дар хотираи таърихии миллати тоҷик боқӣ мондааст.
Пас аз гузашти садсолаҳо ва дигаргуниҳои зиёди таърихӣ миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Бо эҳёи давлатдории миллӣ зарурати қабули рамзҳои давлатии давлати соҳибистиқлол ба миён омад. Бо қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави таърихи давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Ин рамзи муқаддас имрӯз таҷассумгари истиқлол, озодӣ, сарбаландӣ ва эътибори байналмилалии кишвари азизамон мебошад.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ - сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази он тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоранг ҷойгир шудаанд. Ҳар як ранг ва унсури он маънои рамзии худро дорад. Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисорӣ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва барфҳои қуллаҳои кӯҳсори Тоҷикистон, ранги сабз бошад, ифодагари табиати зебо, сарсабзӣ, ҳаёт ва шукуфоии кишвар мебошад. Тоҷ рамзи соҳибдавлатӣ ва истиқлоли миллӣ буда, ҳафт ситора рамзи бахту саодат, некӣ ва камолоти миллат маҳсуб меёбанд.
Пас аз ҳазор соли заволи давлати милли тоҷикон – Сомониёни бузург, абармарде аз ҷониби халқи тоҷик Пешвои миллат интихоб гардид, ки манфиатҳои милливу давлатиро болотар аз ҷону шахсияти худ гузошт ва барои мардуми сарбаланди тоҷик Сулҳ оварду халқи тоҷикро дигарбора ба худ шиносонд. Яке аз ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе қад барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон мебошад. Ин парчам на танҳо яке аз рамзҳои зебои пойтахти азизамон, балки мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Баландии он 165 метрро ташкил дода, соли 2011 ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Имрӯз парафшонии Парчами давлатӣ дар маркази пойтахт рамзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад.
Парчам танҳо як матои се ранга нест. Он таърихи гузашта, ифтихори имрӯз ва умеду орзуҳои фардои миллатро дар худ таҷассум мекунад. Ҳар боре, ки Парчами давлатӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ парафшон мегардад, қалби ҳар як фарди ватандӯст аз эҳсоси ифтихор лабрез мешавад. Зеро дар он шарафу номус, заҳмату талош ва ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.
Мо бояд ба ин муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузорем, онро ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда бо ҳисси баланди ватандӯстӣ омӯзонем. Зеро эҳтиром ба Парчам эҳтиром ба Ватан, таърих, миллат ва давлатдории миллии мост.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад! Бигзор дар зери сояи он сулҳу оромӣ, дӯстиву рафоқат ва ваҳдати миллӣ пойдор бимонад. Орзумандам, ки миллати тоҷик ҳамеша сарбаланду сарфароз ва Тоҷикистони азизамон рӯз ба рӯз ободу шукуфон бошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Музаффаров Ш.С., дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2