ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ ҶОМЕА
Дар кафедраи физиологияи патологӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳкими ҳисси ифтихори шаҳрвандӣ дар байни донишҷӯён роҳандозӣ карда шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯён вобаста ба таърихи пайдоиш, мақому манзалат ва аҳаммияти Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, бо қироати шеърҳои ватандӯстона ва иҷрои сурудҳои тараннумгари Ватан, истиқлолу озодӣ ва муқаддасоти миллӣ ба чорабинӣ фазои тантанавию фарҳангӣ бахшиданд.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ на танҳо рамзи соҳибистиқлолӣ, балки таҷассумгари таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, ваҳдати мардум ва ормонҳои созандаи миллати тоҷик мебошад. Эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ нишонаи садоқат ба Ватан ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар дар назди давлату миллат ба шумор меравад.
Чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ нақши муҳим доранд.
Кафедраи физиологияи патологӣ