ПАРЧАМ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ, САРЧАШМАИ ИФТИХОР ВА ОИНАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ, САРЧАШМАИ ИФТИХОР ВА ОИНАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

“Ҷашни Рўзи парчам - эҳтиром ба руҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тўли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба руҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рўдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.” Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар боре парафшонии Парчами миллиро мебинам, дар қалби ман эҳсосе бедор мегардад, ки онро наметавон танҳо бо чанд сухан баён намуд. Эҳсоси ифтихор аз миллат, муҳаббат ба Ватан, садоқат ба сарзамини аҷдодӣ ва эҳтиром ба таъриху тамаддуне, ки ниёгони мо бо хираду фарҳанг, ҷоннисорӣ ва заҳматҳои хеш ба мерос гузоштаанд. Дар он лаҳза гӯё тамоми ҳастии ман ба як андеша мепайвандад: чӣ қадар хушбахт аст инсон, ки соҳиби Ватан, миллат, забон ва муқаддасоти миллии худ мебошад!


Барои ман Парчами давлатӣ танҳо як рамзи расмӣ ё матои се ранг нест. Он таҷассумгари руҳи миллат, нишонаи соҳибистиқлолӣ, рамзи ваҳдати миллӣ ва оинаи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аст. Парчам дар худ на танҳо рангҳо, балки хотираи асрҳо, ормонҳои наслҳо, садоқати фарзандони миллат ва орзуи фардои дурахшони Тоҷикистонро таҷассум менамояд.

Вақте Парчами муқаддаси миллат дар фазои озоди Ватан парафшон мегардад, дар мавҷи он таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик, фарҳанги куҳанбунёд, забони ноби тоҷикӣ, суннатҳои неки ниёгон ва роҳи пурифтихори давлатдории миллиамонро эҳсос мекунам. Гӯё ҳар як ҳаракати он аз садоқати гузаштагон ба ин сарзамин, аз заҳматҳои имрӯзиён ва аз ормонҳои насли оянда қисса мекунад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳад.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиклол буда, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами миллӣ рамзи гиромӣ доштани муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.

Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Се ранги Парчами миллии мо ҳар кадом маънои амиқи рамзӣ доранд.

РАНГИ СУРХ - мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад.Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданият, анъанаҳои миллиро фаромӯш накардан тасвир менамояд.

РАНГИ САФЕД - рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони миллатро ифода мекунад. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд. Инчунин ранги сафед рамзи хубию хушнудӣ низ мебошад.

РАНГИ САБЗ - рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад. Ранги сабз – ранги баҳору сарсабзӣ   мебошад. Мо мехоҳем, ки Тоҷикистони мо ҳамеша мисли баҳор сарсабзу хуррам бошад. Фақат бо меҳнати ҳалол мо метавонем кишвари маҳбуби худро обод созем. Ватанамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Бинобар, ин мо агар Ватанро дӯст дорем, бояд аз таҳти дил барои ободии он кӯшиш намоем.

Дар мобайни Парчами давлатии мо тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон аст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар. Ҳафт ситора – рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон – Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст.

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,
Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.

Мо ҷавонон, ки идомадиҳандагони роҳи пурифтихори гузаштагон ва бунёдгарони фардои миллат ҳастем, бояд дарк намоем, ки бузургии Ватан танҳо бо сарҳадҳои ҷуғрофӣ маҳдуд намешавад. Бузургии он дар фарҳангу тамаддун, забону адабиёт, таъриху хотираи миллӣ, илму дониш ва ахлоқу маърифати фарзандони он таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мост, ки бо донишомӯзӣ, меҳнати ҳалол, масъулиятшиносӣ ва рафтори шоиста ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем.

Мо бояд бидонем, ки муқаддасотҳои миллӣ мероси одӣ нестанд, ки танҳо аз гузашта ба мо расида бошанд, онҳо амонатанд, ки мо бояд бо эҳтиром ҳифз намуда, бо ифтихор ба наслҳои оянда интиқол диҳем. Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, забони давлатӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси миллӣ пояҳои ҳувияти давлатии мо мебошанд. Ҳифзи онҳо ҳифзи асолат, ҳастӣ ва шаъну шарафи миллат аст.

Бигзор дар қалби ҳар як фарди ин сарзамин муҳаббат ба Ватан бедор гардад, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ афзун гардад ва ҳисси масъулият дар назди таъриху ояндаи миллат ҳамеша зинда бошад.

Барои ман дидани Парчами миллӣ дар осмони софи Тоҷикистон ҳамеша лаҳзаи ифтихор аст. Он ба ман ёдрас мекунад, ки ман фарзанди миллате ҳастам, ки таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни бузург дорад. Ман бояд сазовори ин ном, сазовори ин Ватан ва сазовори ин муқаддасоти миллӣ бошам.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.

Дар ниҳоят, Парчами миллӣ барои ҳар як фарди тоҷик на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки муқаддасоти бебаҳо, таҷассумгари ҳастии миллат, оинаи таърихи пурифтихор ва нишонаи соҳибистиқлолии Ватан мебошад. Эҳтиром ба он эҳтиром ба гузашта, арҷгузорӣ ба имрӯзу масъулият дар назди ояндаи миллат аст.

Бовар дорам, ки бузургии ҳар як миллат на танҳо дар таърихи гузаштаи он, балки дар муносибати наслҳои имрӯза ба арзишҳои миллӣ таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, мо бояд Парчами худро бо дониш, фарҳанг, ахлоқи ҳамида, меҳнати созанда ва садоқати самимӣ гиромӣ дорем.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу субот парафшон бошад ва дар қалби ҳар як фарзанди ин сарзамин чароғи муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва эҳсоси баланди худшиносиро фурӯзон нигоҳ дорад.
Парчамат ҷовидону парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Зокиров Абдусабур, донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ


24.11.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php