ПАРЧАМ РАМЗИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМ РАМЗИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

Бо ташаббуси садорати факултети тиббӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил-вохӯрии маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони декани факултет ва донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ иштирок намуданд.

Дар оғози маҳфил оид ба аҳаммияти тарбиявию маърифатии таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ва нақши он дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ сухан рафт.

Зимни маҳфил Маъсумаи Абдулмумин дар мавзуи «Таърихи пайдоиши Парчами миллӣ» маърӯза намуда, доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ маълумот пешниҳод кард. Дар маърӯза таъкид гардид, ки тибқи ривоятҳои таърихию адабӣ, аз ҷумла дар асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома», Дирафши Коваёнӣ ҳамчун яке аз қадимтарин рамзҳои мубориза барои озодӣ ва адолат ёд мешавад. Мувофиқи ривоят, Коваи оҳангар пешдомани чармии худро ҳамчун парчам истифода бурда, мардумро ба мубориза бар зидди Заҳҳок даъват менамояд. Пас аз пирӯзӣ Фаридун онро ҳамчун рамзи шоҳаншоҳӣ пазируфта, бо ороишоти заррин ва ҷавоҳирот зиннат медиҳад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули рамзҳои давлатии худ иқдом намуд. 12 ноябри соли 1991 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ, аз ҷумла Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, қарор қабул кард. 24 ноябри соли 1992, дар ҷараёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли имрӯза қабул гардид. Парчами давлатӣ аз се ранг - сурх, сафед ва сабз, инчунин тоҷ ва ҳафт ситора иборат буда, ҳар яке аз унсурҳои он дорои маънои рамзӣ ва аҳаммияти таърихию сиёсӣ мебошад. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва истифодаи расмии Парчами давлатӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мегардад.

Дар идомаи маҳфил маърӯзаи дигар дар мавзуи «Парчами давлатӣ - рамзи асолат ва ҳувияти миллӣ» ироа гардид. Дар он Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии мардуми кишвар арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ шаҳрвандонро ба ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагии осоишта ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ҳидоят менамояд.

Дар фарҷоми маҳфил иштирокчиён иброз доштанд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва соҳибдавлатии тоҷикон буда, ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки дар роҳи ободии Ватан ва таҳкими истиқлолияти он масъулияти баланд дошта бошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, баёнгари ифтихори миллӣ ва садоқати мардум ба Ватани соҳибистиқлол мебошад.

ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ


25.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php