Озмуни «Беҳтарин хонандаи шоҳасари Академик Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон»» ҷамъбаст гардид

Озмуни «Беҳтарин хонандаи шоҳасари Академик Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон»» ҷамъбаст гардид

«Бобоҷон Ғафуров аз миёни ходимони давлатӣ ва арбобони илми тоҷик дар баробари муайян ва собит намудани мақому манзалати таърихиву дастовардҳои арзишманди давлатдории тоҷикон дар тарғиби илму фарҳанги Машриқзамин дар арсаи ҷаҳонӣ ба пояи баланд расид. Ӯ тамоми ҳаёти худро сарфи таҳқиқу омӯзиши таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик намуда, дар тӯли фаъолияти пурбаракати хеш на фақат таърихи комили тоҷиконро ба вуҷуд овард, балки дар таҳқиқи таърихи бисёр халқҳои Машриқзамин низ саҳми арзанда гузошт.»

(Иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Шоҳасари «Тоҷикон»-и Академик Бобоҷон Ғафуров аз давраҳои қадимтарин то асри ХХ-ро дар бар гирифта, дар шароити феълӣ мутолиаи он ба ҳадаф мувофиқ аст. Зеро шоҳасар бевосита дар таҳлилу тақвияти худшиносӣ, дарки воқебинонаи таърих ва ҳувияти миллӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин хотир барои ҳар яки мо шарту зарур аст, то таърихи ниёгонро холисона аз худ карда, аз корнамоиву ҷонфидоӣ ва қаҳрамонии гузаштагонамон сабақ гирем.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик маҳз бо шуҷоату мардонагӣ, далерию таҳаммули шикастнопазираш ба зулму истибдоди истилогарону аҷнабиён истодагарӣ карда, худро ҳамчун миллати тамаддунсоз, фарҳангпарвар ва сулҳофару созанда дар масири таърих нигоҳ дошт.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёди тоҷик аз нав эҳё гардид. Бо дастуру супориши Роҳбари давлат шоҳасари «Тоҷикон»-и олими тавоно Б.Ғафуров аз нав чоп гардида, чун армуғони ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим карда шуд.

МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» низ ин сиёсати оқиланаи Сарвари давлатро пурра ҷонибдорӣ намуда, дар ташвиқу тарғиби таъриху тамаддуни бойи миллати тоҷик дар байни ҷавонон саҳмгузорӣ менамояд. Бо ҳамин ҳадаф санаи 28-уми апрел дар донишгоҳ озмуни «Беҳтарин хонандаи шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров» дар байни донишҷўёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид. Дар озмун 25 нафар донишҷӯ иштирок намуда, маҳорату дониши хешро аз шоҳасари «Тоҷикон» нишон доданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун Деҳқонова Умеда донишҷӯи курси 2–юми факултети фармасевтӣ бо 18 хол сазовори ҷойи якум, Сафаров Алиҷон - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ бо 11 хол соҳиби ҷойи дуюм, Икроншоев Сино донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ бо 10 хол сазовори ҷойи сеюм ва Ҳамдамов Аҳлиддин -донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ-профилактикӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ғолибони озмун дар арафаи таҷлили ҳафтаи ҷавонони донишгоҳ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд.

Шуъбаи тарбия


30.04.2022 420

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php