ҶОЙГОҲИ МАФҲУМИ ТАЪРИХИИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ПАЁМ
Истиқлолияти давлатӣ нодиртарин ҳадяи таърихӣ барои миллати куҳанбунёди тоҷик буда, баъди ҳазорсолаҳо бо хиради азалии халқи тоҷик ба даст омада буд. Таърихи тоҷик то имрӯз номи фарзандони муборизу шуҷои роҳи ҳақиқату истиқлол Шераку Спитамен, Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон дигар абармардони ҷонфидоъро дар саҳифаи хеш бо хатҳои тиллоӣ ҷой додааст. Истиқлолият омили асосии рушду тараққиёт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар арасаи байналмилалӣ мақому манзалат ва ҷойгоҳи асосии хешро пайдо намояд. Имрӯз Тоҷикистони озодро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанд ва давлати мо бо кишварҳои дуру наздик муносибатҳои гуногунҷанбаи дипломатӣ ба роҳ мондааст. Тоҷикистон имрӯз яке аз давлатҳои пешсафи ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Дар сиёсати дохилӣ рушду босубот ва назарраси кишвар аз амалӣ гардидани ҳадафҳои бунёдкоронаю созандаи Ҳукумати мамлакат, ки ҳамасола дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ садо медиҳанд, сарчашма мегирад. Пойдевори асосии рушди устувори мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати комили миллӣ мебошанд, ки дар Паёми сарвари маҳбуби давлат ҷойгоҳи хоси худро доранд.
Роҳбари давлат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ҷойгоҳи истиқлоли давлатиро аз ҳама боло гузошта таъкид намуданд, ки “...мо соҳибистиқлолӣ, озодӣ, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ягон чиз иваз намекунем”. Аз ин суханони муқаддасу воло бармеояд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибхираду соҳибмаърифати тоҷик ҳифзи ин неъмати бебаҳо дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир мебошад. Дар ин бора низ сарвари давлат таъкид доштанд, ки “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.”
Қобили зикр аст, ки дар шароити пуртаззоди ҷаҳони муосир ва манфиатҳои геопалитикӣ ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ кори осон нест. Ҳимоя намудани манфиатҳои давлату миллат танҳо ба хираду заковат ва заҳмати дасатамъона ниёз дорад. Мутаасифона имрӯз низ гурӯҳҳое ҳастанд, ки дар хориҷи кишвар зери ҳимояи хоҷагони манфиатхоҳ паноҳ бурда, ба истиқлоли давлатӣ ва фазои ороми давлати мо бо чашми бад назар доранд. Ин гурӯҳ бо носипосӣ аз хоки муқаддаси аҷдодӣ фирефтаи ҳар гунна ҳаракатҳои иртиҷоӣ гардида барояшон манфиатҳои шахсӣ аз манфиатҳои ҷомеа ва миллату давлат болотар меистад. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ имрӯз бештар майл ба мағзшӯии ҷавонону наврасон карда бо ҳамин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд ва ба истиқлолу оромии давлати мо халал ворид созанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат ба мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иброз доштанд, ки “Ҳар куҷое, ки бошед, ҳар куҷое, ки сафар кардед, дар кадом гӯшаю канори дунё кору зиндагӣ кунед, ҳеҷ гоҳ нисбат ба миллати худ, нисбат ба Ватани худ, давлати азизи худ-Тоҷикистони соҳибистиқлол хиёнат накунед.”
Ин суханони пандомези Пешвои миллат ганҷинаи пурбаҳоеро мемонанд, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубро равшан менамоянд.
Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ
Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,
д.и.т., профессор