ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР» ҲАМЧУН ЗАМИНАИ РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР» ҲАМЧУН ЗАМИНАИ РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ

Дар тамаддуни башарӣ мафҳуми омӯзгор ҳамеша ҷойгоҳи муқаддас доштааст. Омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари шуур, созандаи ҷаҳонбинӣ ва муҳандиси маънавии ҷомеа мебошад. Таърих ва фарҳанги миллатҳо собит месозанд, ки пешрафти иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлат бидуни нақши муассири омӯзгор ғайриимкон аст. Аз ҳамин ҷост, ки дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ омӯзгор ҳамчун рамзи камол, хирад ва маърифат ситоиш ёфтааст.

Аз Рӯдакии бузург то Ҳаким Фирдавсӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, омӯзгор дар осори адабӣ ҳамчун неруи созандаи инсон ва ҷомеа муаррифӣ гардидааст. Ин анъанаи фикрӣ нишон медиҳад, ки омӯзгор дар шуури ҷамъиятӣ танҳо як касби иҷтимоӣ нест, балки як рисолати фарҳангӣ ва ахлоқӣ мебошад. Ин дидгоҳ имрӯз дар сиёсати давлатӣ низ инъикоси худро пайдо намудааст.

Дар низоми сиёсати иҷтимоӣ ва маорифии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгор ҳамчун субъект ва агенти асосии рушди сармояи инсонӣ эътироф гардидааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» 15-уми октябри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 17-уми декабри соли 2025 ба мақоми амалкунанда дар феҳристи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки ин  марҳилаи сифатан нави муносибати давлат ба омӯзгор мебошад. Ин санад на танҳо мақоми ҳуқуқӣ ва иҷтимоии омӯзгорро муайян мекунад, балки сиёсати ҳифз, дастгирӣ ва ҳавасмандсозии фаъолияти касбии ӯро ба сатҳи сиёсати давлатӣ мебарорад.

Аз нигоҳи назариявии илмҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, қонуни мазкур таҷассуми амалии консепсияи давлати иҷтимоӣ ва назарияи сармояи инсонӣ мебошад. Тибқи назарияи Г. Беккер, сармоягузорӣ ба маориф ва омӯзгорон омили асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Ҳамин андеша дар сиёсати маорифии Тоҷикистон ҷойгоҳи марказӣ касб намудааст.

Қонун ба принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои касбии омӯзгор, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва дахолатнопазирии фаъолияти касбӣ асос ёфтааст. Ин меъёрҳо бо мафҳуми автономияи касбии омӯзгор, ки дар педагогика ва идоракунии муосири маориф омили калидии баланд бардоштани сифати таълим дониста мешавад, ҳамоҳанг мебошанд.

Ҷанбаи муҳими қонун механизмҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва иқтисодии омӯзгорон аст. Таъмини музди меҳнати саривақтӣ, имтиёзҳои иҷтимоӣ, дастгирии манзилӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба омӯзгорони деҳот нишон медиҳад, ки давлат омӯзгорро ҳамчун захираи стратегии рушди миллӣ арзёбӣ мекунад. Ин тадбирҳо ба коҳиши нобаробарии иҷтимоӣ ва минтақавӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, қонун уҳдадориҳо ва маҳдудиятҳои касбии омӯзгорро низ муайян мекунад. Таъмини бетарафии сиёсӣ, эҳтироми ҳуқуқи таълимгирандагон ва волидон, инчунин талаботи ахлоқӣ ва касбӣ ба омӯзгорон ба принсипи идоракунии масъулона асос ёфтаанд. Ин меъёрҳо барои ҳифзи сифати таълим, амнияти иҷтимоӣ ва эътимоди ҷомеа ба низоми маориф аҳамияти муҳим доранд.

Аз нигоҳи сиёсӣ, омӯзгор дар ҷомеаи муосир танҳо иҷрокунандаи сиёсати давлатӣ нест, балки шаклдиҳандаи меъёрҳои фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Ҳифзи ҳуқуқи касбии ӯ, манъи ҷалб ба фаъолиятҳои ғайритаълимӣ ва таъмини муҳити мустақили таълимӣ ба таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат мекунад.

   

 

           Маҷидова У. А.-асситенти кафедраи Фармакогнозия ва ТИФ 


14.01.2026 367

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php