ҒОЛИБИЯТИ КИМИЁШИНОС ДАР АРАФИ ИДИ КИМИЁГАРОН
Дар VI -умин олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рӯзи 23.05.2026 шуда гузашт, донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Бухориев Муродалӣ дар равияи ХИМИЯ сазовори ҷои аввал ва “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” гардид. Барои чунин дастоварди бузург аз тарафи ташкилкунандагони олимпиада ба вай ДИПЛОМ ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.
Ин дастоварди дуюми аҳли коллективи кафедра ба ҳисоб меравад. 14-уми моҳи май дар шаҳри Хуҷанд Муҳсин Муҳаммадиев дар олимпиада дар байни донишҷуёни МТОК -и ҷумҳурӣ ба гирифтани ҷои сеюм ноил гардид, ки дар чорабинӣ бахшида Рӯзи ҷавонон аз тарафи ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ бо ифтихорнома ва туҳфаи пулӣ сарфароз гардонида шуд .
Мо ҲПО -и кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳро сармашқи кори худ карда бо дасту дили пок, бо додани донишу малака ва ахлоқи комил, барои рушди соҳаи тандурустӣ саҳми худро мегузорем, кушиш ба харҷ медиҳем, то ин ки дар оянда шогирдони мо дар нигоҳ доштани солимии миллат, амнияти кишвар ва гулгулшукуфии он ҳиссагузор бошанд.
Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ