ОИЛАИ ТОҶИКОН ВА РИСОЛАТИ ТАРБИЯВИИ ОН (БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА)

ОИЛАИ ТОҶИКОН ВА РИСОЛАТИ ТАРБИЯВИИ ОН (БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА)

Оила барои миллати тоҷик аз қадимтарин ва муқаддастарин ниҳодҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар муҳити оила инсон ба дунё омада, камол меёбад, ахлоқу маърифат меомӯзад ва ҳамчун шахсияти комил ба ҷомеа ворид мегардад. Дар фарҳанги миллии мо оила танҳо маҳалли зисти якҷоя нест, балки мактаби аввалини тарбия, муҳити омузиши инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон, меҳнатдӯстӣ, ватандорӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки тамоми арзишҳои миллӣ, урфу одат, расму ойин ва фарҳанги волои тоҷикон аз насл ба насл маҳз тавассути оила интиқол ёфтаанд.

Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо, рисолати тарбиявии оила беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти махсус касб намудааст. Тағйироти босуръати ҷомеа, рушди технологияҳои иттилоотӣ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва густариши фарҳанги бегона ба ҷаҳонбиниву тафаккури ҷавонон таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар чунин вазъият маҳз оилаи солим метавонад фарзандонро аз таъсири омилҳои манфӣ ҳифз намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намояд.

Дар фарҳанги тоҷикон оила ҳамеша ҷойгоҳи хос доштааст. Нигоҳе ба осори гаронарзиши адибону мутафаккирони тоҷик нишон медиҳад, ки онҳо оиларо асоси пойдории ҷомеа медонистанд. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигар бузургони адабу маърифат дар осори худ доир ба ахлоқи оиладорӣ, эҳтироми падару модар ва тарбияи фарзандон андешаҳои пурқимат баён намудаанд. Махсусан, дар фарҳанги тоҷикӣ мақоми модар хеле баланд аст. Модар ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, покизагӣ ва тарбиягари аввалини инсон шинохта мешавад. Падар бошад, намунаи масъулият, нангу номус ва ҳимоятгари оила ба ҳисоб меравад.

Асоси устувории оилаи тоҷик эҳтироми байниҳамдигарӣ, муҳаббат, сабру таҳаммул ва масъулияти муштарак мебошад. Вақте дар оила фазои солими равонӣ ҳукмфармо аст, фарзандон низ бо рӯҳияи нек ба воя мерасанд. Баръакс, нофаҳмиҳо, муноқишаҳои оилавӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба тарбияи фарзанд метавонанд боиси костагии ахлоқ ва пайдоиши мушкилоти иҷтимоӣ гарданд. Аз ин рӯ, ҷомеаи муосир аз ҳар як падару модар тақозо менамояд, ки нисбат ба масъулияти тарбиявии худ бетараф набошанд.

Тарбияи фарзанд дар оилаи тоҷик аз синни хурдӣ оғоз мегардад. Кӯдак аввалин сухан, муносибат ва рафторро аз падару модар меомӯзад. Агар дар муҳити оила меҳрубонӣ, ростқавлӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба дигарон ҳукмрон бошад, кӯдак низ ҳамин хислатҳоро қабул мекунад. Дар баробари ин, намунаи шахсии падару модар дар ташаккули шахсияти фарзанд нақши ҳалкунанда дорад. На панду насиҳат, балки рафтори амалии калонсолон бештар ба зеҳну шуури кӯдак таъсир мерасонад.

Дар ҷомеаи имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим тарбияи маънавии ҷавонон мебошад. Баъзан мушоҳида мегардад, ки баъзе ҷавонон зери таъсири фарҳанги бегона қарор гирифта, аз арзишҳои миллӣ дур мешаванд. Сабаби асосии чунин ҳолат пеш аз ҳама костагии назорати оилавӣ ва коҳиш ёфтани муносибатҳои гарми хонаводагӣ мебошад. Агар оила ба тарбияи маънавӣ аҳаммияти ҷиддӣ диҳад, фарзандон дорои ҳисси баланди худшиносӣ ва масъулият мегарданд.

Дар ин самт нақши давлат низ хеле муҳим аст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таҳкими оила ва баланд бардоштани мақоми он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Қабули қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак далели ин гуфтаҳост. Зеро давлат хуб дарк менамояд, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим оғоз меёбад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки тарбияи фарзанд масъулияти аввалиндараҷаи оила мебошад. Воқеан ҳам, агар падару модар ба таълиму тарбия беэътиноӣ намоянд, ҳеҷ муассисаи таълимӣ наметавонад камбудии тарбияи хонаводагиро пурра ислоҳ кунад. Аз ҳамин хотир, ҳамкории доимии оила ва муассисаҳои таълимӣ барои ба камол расонидани насли солим аҳаммияти калон дорад.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки ба муҳити оилавӣ низ таъсири муайян мерасонад. Дур мондани яке аз волидайн аз фарзанд метавонад ба равони кӯдак таъсири манфӣ расонад. Дар чунин ҳолат нигоҳ доштани робитаи маънавӣ, таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия ва муҳайё намудани муҳити солими хонаводагӣ бисёр муҳим аст. Зеро кӯдак ҳамеша ба меҳру муҳаббат ва таваҷҷуҳи падару модар ниёз дорад.

Ҳамчунин, имрӯз масъалаи омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ низ муҳим мебошад. Бархе ҷавонон бе дарки маънои аслии зиндагии муштарак ба оиладорӣ қадам мегузоранд, ки баъдан боиси нофаҳмиҳо ва ҳатто пошхӯрии оила мегардад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омузиши масъулиятшиносӣ ва таҳаммулпазирӣ миёни ҷавонон зарур мебошад. Оила бояд на бар асоси манфиати моддӣ, балки бар пояи муҳаббат, эҳтиром ва боварӣ бунёд гардад.

Зани тоҷик дар таҳкими муҳити маънавии оила нақши бузург дорад. Аз қадим модарону бонувони тоҷик бо ақлу заковат, сабру таҳаммул ва фарҳанги баланди хонаводагӣ шинохта мешуданд. Маҳз онҳо фарзандонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ахлоқи нек тарбия мекарданд. Имрӯз низ ҷомеа ба бонувони босавод, фарҳангӣ ва масъулиятшинос ниёз дорад, зеро онҳо тарбиятгарони асосии насли оянда мебошанд.

Дар баробари ин, мард низ бояд масъулияти худро дар назди оила амиқ дарк намояд. Падар на танҳо таъминкунандаи моддӣ, балки тарбиятгар, роҳнамо ва намунаи ибрат барои фарзанд аст. Вақте фарзанд дар симои падар инсони масъул, ватандӯст ва боахлоқро мебинад, ӯ низ кӯшиш мекунад ҳамин гуна шахсият гардад.

Оилаи солим асоси суботи ҷомеа мебошад. Агар дар ҷомеа оилаҳо устувор, бофарҳанг ва дорои муҳити солими маънавӣ бошанд, сатҳи ҷинояткорӣ, хушунат ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои оиладорӣ вазифаи на танҳо падару модар, балки тамоми ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Имрӯз моро зарур аст, ки анъанаҳои неки оиладории тоҷиконро ҳифз намоем ва онҳоро ба насли ҷавон омӯзонем. Эҳтироми калонсолон, меҳрубонӣ ба хурдсолон, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватандорӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки бояд дар ҳар оилаи тоҷик ҳукмфармо бошанд. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем насли босавод, худшинос ва содиқ ба миллату давлатро тарбия намоем.

Дар фуроварди сухан бояд гуфт, ки оилаи тоҷик ҳамчун мактаби аввалини инсонсозӣ дар ташаккули шахсияти фарзанд нақши сарнавиштсоз дорад. Дар замони муосир, ки ҷомеа бо таҳдиду чолишҳои гуногун рӯ ба рӯст, рисолати тарбиявии оила боз ҳам муҳимтар мегардад. Ҳар як падару модар бояд дарк намоянд, ки ояндаи миллат аз тарбияи дурусти фарзандон вобаста аст. Пас, таҳкими оила, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Амонзода С. Б.-номзади илмҳои сиёсӣ,

раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ


12.05.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php