ОИЛА - ПОЯИ УСТУВОРИ ҶОМЕА ВА МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ
Ҳамасола 15-уми май дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим, ки бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст, рамзи таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳкими оила, ҳифзи арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҷомеа дар назди насли оянда мебошад. Барои мардуми тоҷик, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва суннатҳои устувори хонаводагӣ ҳастанд, оила ҳамеша муқаддас ва меҳвари асосии зиндагӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҳанги миллии тоҷикон оила на танҳо муҳити зиндагии муштарак, балки мактаби нахустини инсонсозӣ, ахлоқ, маърифат ва ватандӯстӣ мебошад. Аз қадим тоҷикон ба оила ҳамчун сарчашмаи тарбия, меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми калонсолон муносибат намудаанд. Маҳз ҳамин арзишҳо дар тӯли таърих барои нигоҳдории ҳастии миллат, фарҳанг ва забони тоҷикӣ мусоидат кардаанд.
Имрӯз, дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи таҳкими оила ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ аҳаммияти боз ҳам бештар касб менамояд. Зеро маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд.
Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ ба нақши муҳимми оила дар рушди давлат ва ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Масалан Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ чунин таъкид мекунанд:
“Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошанд, ки диққати доимии ҷомеаро тақозо мекунанд”.
Ин суханон баёнгари онанд, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ равона гардидааст. Давлат оиларо ҳамчун рукни муҳимми ҷомеа ва заминаи асосии рушди устувори кишвар эътироф менамояд.
Воқеан ҳам, оила нахустин муҳитест, ки дар он шахсият ташаккул меёбад. Маҳз дар доираи оила инсон эҳтиром ба Ватан, фарҳанг, забон, қонун ва арзишҳои инсониро меомӯзад. Агар муҳити оила солим бошад, ҷомеа низ солим ва устувор мегардад. Дар робита ба ин Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд:
“Зеро мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад”.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҷомеа бо таҳдидҳои гуногуни фарҳангӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ мебошад, нақши оила боз ҳам муҳимтар мегардад. Паҳншавии андешаҳои ифротӣ, бегонапарастӣ ва косташавии арзишҳои ахлоқӣ метавонад ба тарбияи ҷавонон таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд имрӯз аз ҳар вақти дигар бештар мебошад.
Оила бояд муҳите бошад, ки дар он фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд. Танҳо дар ҳамин сурат метавон насли худшиносу созанда ва содиқ ба давлату миллатро ба воя расонид.
Дар баробари ин, нақши зан - модар дар таҳкими оила ва рушди ҷомеа бениҳоят бузург мебошад. Дар фарҳанги форс-тоҷик модар ҳамеша рамзи меҳрубонӣ, сабр, хирад ва тарбиятгарии насли инсонӣ маҳсуб меёбад. Маҳз модар дар ташаккули маънавӣ ва ахлоқии фарзандон нақши калидӣ дорад.
Пешвои миллат дар ин маврид таъкид намудаанд:
“Зан - модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад”.
Ин гуфтаҳо нақши бузурги занону модаронро дар ҳаёти ҷомеа бозгӯ менамоянд. Дар ҳақиқат, бе иштироки фаъолонаи занон пешрафти ҷомеа ва давлатдории муосирро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ нақши занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар назаррас гардид. Давлати Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои муассир амалӣ намудааст. Ҷорӣ гардидани квотаҳои президентӣ барои духтарон, дастгирии соҳибкории занон, фароҳам овардани имкониятҳои васеи таҳсил ва иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ намунаи равшани сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Имрӯз занони тоҷик дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва идоракунии давлатӣ фаъолияти назаррас доранд ва ҳамчун шарикони боэътимоди давлат дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки омили муҳимми эҳёи худшиносии миллӣ ва рушди давлатдорӣ гардид. Тавре Пешвои миллат гуфтаанд:
“Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад”.
Маҳз ба шарофати истиқлол Тоҷикистон тавонист пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшад, арзишҳои таърихиву фарҳангиро эҳё намояд ва барои рушди устувори ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар ин замина, нақши оила дар ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ низ хеле муҳим мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд:
“Мо вазифадорем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии бо баҳои бисёр гарон бадастовардаи худро эҳтиром, эҳтиёт ва ҳифз намоем”.
Ин масъулияти бузург аз доираи оила оғоз меёбад. Агар дар ҳар як хонадон фазои оромиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба калонсолон, тарбияи дурусти фарзандон ва муҳаббат ба Ватан ҳукмфармо бошад, ҷомеа низ аз таҳдидҳои маънавӣ ва иҷтимоӣ эмин мемонад.
Имрӯз дастовардҳои 34 соли Истиқлоли давлатӣ заминаи боэътимод барои истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлол гардидаанд. Пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди роҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ, рушди инфрасохтор ва болоравии сатҳи зиндагии мардум нишонаи сиёсати дуруст ва заҳмати созандаи халқи тоҷик мебошад.
Дар баробари ин пешрафтҳо, ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи маърифати оиладорӣ ва тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Зеро ояндаи давлат аз сатҳи маърифату ахлоқи ҳар як оила вобаста мебошад.
Хулоса, оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа ва рукни муҳимми давлатдорӣ нақши ҳалкунанда дорад. Солимии оила кафили субот, амният ва пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар таҳкими оила, тарбияи насли солим ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро мебояд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои оилавӣ, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати содиқона барои ободии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Зеро оилаи солим, асоси ҷомеаи солим ва ҷомеаи солим, кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.
Абдусатторова Муҳаббат,
омӯзгори калони кафедраи физиологияи нормалӣ,
Нурализода Миҷгона,
ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ