ОИЛА - ПОЯИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ТАРБИЯИ СОЛИМ

ОИЛА - ПОЯИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ТАРБИЯИ СОЛИМ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ, тарғиби арзишҳои инсондӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон дар кафедраи физиологияи нормалӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 2-юми факултаи тиббӣ, гурӯҳҳои 47-49 чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ таҳти унвони “Оила - пояи меҳру муҳаббат ва тарбияи солим” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, ҳадафи асосии он тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши арзишҳои волои миллӣ ва инсонӣ арзёбӣ гардид. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ масъулини кафедра оид ба нақши муҳими оила дар ташаккули шахсияти инсон, таҳкими ҷомеаи солим ва тарбияи насли соҳибмаърифат ибрози назар намуданд.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён бо шавқу рағбати зиёд фаъолона иштирок намуда, шеърҳо дар васфи оила, меҳру муҳаббати падару модар, эҳтироми калонсолон ва қадру манзалати хонадон қироат карданд. Ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯён сурудҳои тарбиявию ватандӯстона манзур гардида, фазои маънавию фарҳангии чорабинӣ боз ҳам рангинтар шуд.

Қисмати ҷолиб ва таъсирбахши чорабинӣ пешниҳоди саҳначаҳои тарбиявӣ буд, ки тавассути онҳо донишҷӯён аҳамияти муҳити солими оилавӣ, эҳтироми байни аъзои оила, ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирии равонӣ ва масъулияти падару модарро дар тарбияи фарзандон инъикос намуданд. Дар саҳначаҳо махсус таъкид гардид, ки танҳо дар муҳити солими оилавӣ метавон насли босавод, худшинос, ватандӯст ва масъулиятшиносро ба камол расонид.

Ҳамчунин дар доираи чорабинӣ донишҷӯи курси дуюм Амираи С. бо маърузаи пурмуҳтаво дар мавзуи “Муҳити солими оила ва таъсири он ба ҳаёти кӯдакон” баромад намуд. Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт, ки муҳити орому осудаи оила дар ташаккули равонӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кӯдак нақши калидӣ дошта, меҳру муҳаббат, эҳтиром ва дастгирии байни аъзои оила барои тарбияи насли солиму созанда заминаи муҳим фароҳам меорад.

Дар ҷараёни чорабинӣ инчунин аз суханрониҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти оила ва тарбияи ҷавонон ёдоварӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки Пешвои миллат оиларо ҳамчун асоси устувори ҷомеа арзёбӣ намуда, пайваста ҷавононро ба эҳтироми падару модар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигоҳ доштани муҳити солими оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангиву маърифатиро барои баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ташкили чунин чорабиниҳо дар рушди фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи насли ояндасоз нақши муассир мегузорад.

Кафедраи физиологияи нормалӣ

 


19.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php