ОҒОЗИ ТАҶРИБАИ ДАРОЗМУДДАТИ ИЛМӢ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ

ОҒОЗИ ТАҶРИБАИ ДАРОЗМУДДАТИ ИЛМӢ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ

Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳ дар шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, дар ҳамкорӣ бо ҳайати кафедраи ташхиси клиникӣ-озмоишгоҳӣ, як таҷрибаи дарозмуддати илмӣ оғоз гардид. Ин иқдом ҳамчун марҳилаи нав дар таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муассиса арзёбӣ мешавад.

Ҳадафи асосии таҷрибаи мазкур таҳқиқ ва омузиши амиқи хусусиятҳои фаъоли пайвастагиҳои биологии синтезшуда, инчунин моддаҳое мебошад, ки аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ба даст оварда мешаванд. Бо дарназардошти ғановати табиати кишвар ва гуногунии растаниҳои дорои хосиятҳои шифобахш, ин самти тадқиқот дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ мебошад.

Пажӯҳишгоҳ ҳамчун маркази пешсафи илмӣ-тадқиқотӣ барои анҷом додани чунин корҳои муҳим шароити мусоид фароҳам оварда, имконият медиҳад, ки таҳқиқоти муосир дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд. Инчунин, яке аз мақсадҳои калидии татбиқи таҷрибаи мазкур наздик намудани илм бо амалия ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқот дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои таҷриба бо дастовардҳои назарраси илмӣ ҷамъбаст гардида, дар рушди минбаъдаи соҳа саҳми арзанда гузоранд.


06.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php