Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти МДТ “Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар соли 2019
Донишгоҳи тиббӣ- хазинаи маърифат ва такягоҳи барҷастаи тандурустии кишвар аст
Рӯзи 28-уми январи соли 2020 Раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти муассиса дар соли 2019 бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор намуд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони зерини ВАО иштирок доштанд: Б. Маҷидова-Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Муъминзода-телевизиони «Тоҷикистон», Одинаев Ҷамшед, Олимҷон Забирзода-телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Ҷумъахон Давлатов-телевизиони «Баҳористон», Раҳими Карим телевизиони “Душанбе”, Б. Тоҳирова-радиои «Тоҷикистон», Гулнора Насриддинова, Давронзод Нигина-радиои «Садои Душанбе», Ҷ. Назрулло радиои “Ховар”, Бузургмеҳри Баҳодур-рӯзномаи «Ҷумҳурият», Л. Эшонқулова-рӯзномаи «Народная газета», Усмон Раҳимзода, Маҳина Давлатова-ҳафтаномаи «Тоҷикистон», И. Маҳмадалиев-рӯзномаи «Халқ овози», С. Назаров- рӯзномаи «Варзиш», Марҳабо Зуннунова рӯзномаи «Паёми Душанбе», Шамсулло Фозилов-рӯзномаи «Фараж», Х. Асомуддинова, Т. Саидов-АМИТ «Ховар», Мутриба Тӯйчизода-маҷаллаи ”Тоҷикистон”, Насрулло Тӯйчизода- маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», М. Мазиёев-рӯзномаи «Ворисони Сино».
Нишастро ректори донишгоҳ, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ оғоз намуда зикр кард, ки раёсати Донишгоҳи тиббӣ барои тибқи талаботи замон ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо воситаи ахбори омма кӯшиш намуда, аз имкониятҳои васеи ин дастгоҳи муқтадири таблиғот ба таври зарурӣ ва ба манфиати кору фаъолияти ҳамарӯза истифода мебарад.
Профессор Гулзода М.Қ. бо ишора ба таърихи фаъолияти донишгоҳ қайд намуд, ки соли равон ба бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино - мактабе, ки зиёда аз 43 ҳазор табибонро ба воя расонида, дар пешрафти соҳаи тиббии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштааст, 80 сол пур шуд. Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи ҷумҳурӣ, ташаккул ва рушди илми тиб, таҳсилоти олии тиббӣ ва ҳифзи тандурустӣ мебошад. Тамоми дастовардҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба фаъолияти донишгоҳ робитаи ногусастанӣ дорад. Хатмкардагони донишгоҳ, ки бо такмили минбаъдаи дониш ва таҷриба то ба мартабаи олимони соҳаи тиб расиданд, дар тадқиқотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тиб ширкат намуда, шуҳрати тибби тоҷикро ба маротиб боло бурданд. Дар тӯли 80-соли фаъолият, ин донишгоҳи тиббиро бештар аз 43000 нафар хатм намуданд, ки 63%-и он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Боиси ифтихор аст, ки хатмкардагони донишгоҳ дар зиёда аз 50 давлати дунё (Россия, ИМА, Канада, Олмон, Швейтсария, Италия, Англия, Белгия, Изроил, Австрия, Туркия, Яман, давлатҳои Африка, ИДМ ва ғайра) кору фаъолият карда, обрӯю нуфузи ватану миллати азизи моро афзун карда истодаанд ва донишгоҳ мавқеи байналмилалиро касб намудааст. Донишгоҳ тавонистааст, ки бо дастпарварони кордону тавонои худ баҳри солимии нафақат халқи азизамон, инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад.
Қайд карда шуд, ки дастгириву ғамҳориҳои Пешвои маорифпарвари тоҷикон ба мо нерӯву тавоноӣ бахшида, водор месозад, ки ворисони воқеии абармардони илми тиб, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино бошем ва вазифадорем, ки кадрҳои баландихтисос тарбия намоем, то ин, ки дар рушди илми тибби муосир низ мавқеи худро нигоҳ дошта тавонем. Шукргузорӣ аз он мекунем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, донишгоҳи тиббии Тоҷикистон эҳё ва рушд намуда, бори дигар мавқеву манзалати худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз намуд.
Дар самаранокии фаъолияти донишгоҳи тиббӣ, таъмини фазои мусоиди таълимию корӣ ва дигар ҷанбҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии донишгоҳ, нақши Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти сарварии муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас аст.
Раёсати донишгоҳ ҷаҳонишавии таҳсилоти миллӣ, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилотро ба назар гирифта, ба мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ тибқи стандарҳои муосири давлативу байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш ва баҳогузории сифати таълим, инкишофи шахсиву касбии ҳар як корманд, рушди корҳои илмиву инноватсионӣ ва татбиқи мукаммалкунии пояи моддӣ-техникии донишгоҳ, роҳандозӣ намудани усулҳои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии системавиро аҳамияти бештар дода, самтҳои афзалиятнокро дар фаъолияти донишгоҳ муайян намуд.
Бо назардошти ин, “Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025” таҳия гардида, бо назардошти он дар самтҳои афзалиятнок корбарӣ карда шуда истодааст.
Дар ин замина, вазифаҳои аввалиндараҷа пурзӯр намудани пойгоҳи модиву техникӣ ва технологӣ, интегратсияи фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, кори табобатӣ ва нуфузу эътирофи байналмилалӣ пайдо намудани донишгоҳ ва кормандони он дониста мешавад.
Ректори донишгоҳ бо таваҷҷуҳ ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳаи маориф, қайд намуд, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти донишгоҳи тиббӣ кушиш ба харҷ дод, ки баҳогузории фаъолияти донишгоҳ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ гузаронида шавад. Бо ин мақсад моҳи октябри соли 2019 экспертони байналмилалӣ аз Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) ба донишгоҳ даъват карда шуданд, ки ҷараёни фаъолиятро аз рӯи стандартҳои Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ (ВФМО) арзёбӣ намуданд. Дар натиҷа, донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, аз 22 ноябри соли 2019 соҳиби 4-то Сертификатҳои аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ), барномавии ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Стоматология”, “Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ” гардид. Дар таърихи соҳаи маорифи кишвар аввалин шуда, донишгоҳи тиббӣ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ) гузашт. Инчунин, дар моҳи майи соли 2019 донишгоҳ бомуваффақият аз аттестатсияи давлатӣ гузашт.
Қайд карда шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятдоштаи фаъолияти имрӯзаи донишгоҳ баланд бардоштани потенсиали кадрии донишгоҳӣ муайян карда шудааст. Вобаста ба ин, солҳои 2019-2020 дар донишгоҳи тиббӣ, соли рушди омӯзгор - “Омӯзгори инноватсионӣ” эълон карда шуд.
Дар ин замина, дар соли 2019 баҳри такмили маҳорати педагогии омӯзгорон, Маркази рушди омӯзгор таъсис дода шуд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Донишгоҳи тиббии Литва ва Қарағандаи Қазоқистон салоҳиятҳои муосири омӯзгори муассисаи олӣ муайян карда шуда, барномаи инноватсионии таълимӣ иборат аз 4 модул таҳия карда шуд. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҳамчун як нерӯи бузурги таъминкунандаи фаъолияти босифати таълимиву тарбиявӣ ва илмю клиникӣ дониста шуда, дар соли 2019 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар маҷмуъ, дар соли 2019 он вазифаҳое, ки барои рушди омӯзгор ва ба ин васила баланд намудани сифати таҳсилот гузошта шуда буд, иҷро карда шуд.
Ректори донишгоҳ бо таъкид ба захираҳои кадрӣ, чун сарвати арзишманди донишгоҳ қайд намуд, ки дар ин муассисаи олии таълимӣ иқтидори бузурги кадрии соҳаи тибби кишвар кору фаъолият менамояд. Аз 704 нафар ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ, 4 академик, 2 нафар аъзои вобастаи академияҳои улум ва илмҳои тиб, 84 нафар докторони илм, профессор, 234 нафар номзади илм, дотсентон ва 339 нафар муаллимони калон ва ассистентон мебошанд. Дараҷанокии илмии кормандон 49,7%-ро ташкил медиҳад.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар аввали соли 2019 тасмим гирифта шуд, ки технологияи иттилоотиро дар ҷараёни таҳсилот боз ҳам самаранок истифода намуда, идоракунӣ, назорат ва баҳодиҳии ҷараёни таълим мукаммал карда шавад.
Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ системаи электронии идоракунии таълим (LMS) ва шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ фаъолият мекунанд ва ҳар як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дорад, ки ба он ворид шуда, ҳамаи маводҳои таълимӣ, маълумотҳои зарурӣ ва натиҷаи рейтингҳою имтиҳонҳои худро аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тариқи электронӣ дастрас мекунад.
Дар донишгоҳ, дар баргузории имтиҳонҳову санҷишҳо ва натиҷагирии онҳо шаффофият ба пуррагӣ таъмин гардидааст. Қабули имтиҳонҳову санҷишҳо ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ тариқи барномаҳои компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаффофият ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсониро ба баҳодиҳии натиҷаи таҳсил таъмин менамояд. Баҳогузорӣ феълан дар назди донишҷӯ мустақиман бе дахолати ғайр сурат гирифта, барои беҳтар гардидани сифати таълим ва ҷалбу таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба китобхонию илмомӯзӣ нақши калидӣ мебозад. Ин ҷараён бевосита таҳти назорати ректори донишгоҳ қарор гирифтааст. Ин ҳам яке аз дастовардҳои намоёни донишгоҳ дар ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти донишгоҳ тамоми кушишҳоро баҳри комилан мувофиқ баҳогузорӣ намудани донишу малакаи донишҷӯён равона намудааст. Дар давраи ҳисоботӣ низ баҳри боз ҳам мукаммал намудани ин система чораҳои иловагӣ андешида шуда, меъёрҳои нав ҷорӣ карда шуданд.
Дар ин самт, аввалин маротиба дар донишгоҳ журналҳои электронӣ ҷорӣ гардида, ба тариқи онлайн бо риояи тамоми талаботҳои бехатарии идоракунии маълумоти академикӣ ба роҳ монда шуд. Имрӯз, ба пуррагӣ ҳар як омӯзгори донишгоҳ бо дастгоҳи электронӣ - планшетҳо таъмин гардида, баҳогузорӣ, давомоти донишҷӯ, ҷадвали дарсӣ, таҳияи ҳисоботҳо, гузоришҳо, натиҷаи имтиҳонҳо, дар маҷмуъ идоракунии иттилооти академикӣ ба тариқи онлайн мутамарказонида шуд. Дар соли 2019 барномаҳои автоматикикунонидашудаи компютерӣ такмил дода шуда, қабули имтиҳонҳои хаттӣ низ тариқи барномаҳои автоматикикунонидашудаи компютерӣ ба роҳ монда шуд. Барои ин, 100 дона планшетҳои махсус бо ручкаҳои махсуси муосир дастрас карда шуд, ки ҷавоби навиштаи имтиҳони хаттии донишҷӯён дар қоғаз, тариқи автоматикӣ дар компютер сабт карда мешавад.
Профессор Гулзода М.Қ. ҳамзамон зикр намуд, ки дар донишгоҳ раванди таълим аз рӯйи 5 Стандарти ихтисоси таҳсилоти олии касбии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқкунонидашуда ва 5 нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар донишгоҳ бо 3 забон - тоҷикӣ (давлатӣ), русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” тибқи ихтисосҳои ҷойдошта 5 факултет ва 61 кафедра мавҷуд аст, ки таҳсил дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ дар ин кафедраҳо сурат мегирад. Дар кафедраҳои донишгоҳ таҷҳизоти муосири раванди таълимӣ дастрас буда, кафедраҳо дорои озмоишгоҳҳои таълимиву илмӣ ва кабинетҳои фаннӣ мебошанд. Дар кафедраҳои клиникие, ки дар 27 пойгоҳи муассисаҳои табобатии шаҳриву ҷумҳуриявӣ ҷойгиранд, барои баргузор намудани дарсҳои амалӣ ва кор бо беморон, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар сохтори донишгоҳ 12 шуъба, 11 марказ, 18 шӯро ва 27 озмоишгоҳ бомуваффақият фаъолият карда истодаанд.
Таъмини пурраи раванди таълим бо маводи таълимӣ, дастрасии комили донишҷӯён ба адабиёти таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва ҳамасола такмил ёфтани фонди китобхонаи илмии донишгоҳ аз дастовардҳои дигари донишгоҳи тиббӣ маҳсуб мешавад. Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ 749157 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз он 497183 (66,57%) адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 249676- 33,4% захираҳои электронӣ мебошад. Дар соли 2019 ба фонди чопии китобхона 358 номгӯй-16398 нусха (соли 2018-11577 нусха) адабиёт ба маблағи 360889,98 (соли 2018-69333,57) сомонӣ ворид гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои хусусии донишгоҳ - 15982 нусха ва адабиёти ба таври тӯҳфа воридгардида 416 нусхаро ташкил медиҳад.
Таҳлили натиҷаи сессияҳои имтиҳонӣ дар донишгоҳ нишон дод, ки дар маҷмӯъ сатҳу сифати донишандӯзии донишҷуён беҳтар шуда, сифати таълим 34,3% ва дараҷаиарсазхудкунӣ 81,2%-ро ташкилод. Нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта сифати таълим 1,3% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ низ 0,4% беҳтар шудааст, ки мувофиқи мақсад мебошад.
Дар соли 2019 донишгоҳи тиббиро 1556 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 123 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Теъдоди умумии муҳассилини донишгоҳ 11940 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 10509 нафарашон донишҷӯён мебошанд, ки сиёсати гендерӣ байни донишҷӯён амалӣ мешавад ва шумораи донишҷӯдухтарон 41,4%-ро ташкил медиҳад. Шумораи муҳассилини хориҷӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ дар ҳоли афзоиш буда, айни замон 1598 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 16 давлати дунё таҳсил карда истодаанд. Аз 1598 нафар муҳассилини хориҷӣ, 1534 (14,6%) донишҷӯи хориҷӣ дар зинаи тодипломӣ (аз ҷумла 69 нафар донишҷӯёни хориҷӣ бо бурсияҳои байнидавлатӣ тариқи буҷавӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонисон, Эрон); 15 нафар муҳассилини хориҷӣ дар сатҳи баъдидипломии илмӣ, дар зинаи магистратура, PhD, аспирантура, доктурантура (аз Ҳиндустон, ИМА, Судон, ҶИ Афғонистон); 9 нафар дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ, дар зинаи ординатураи клиникӣ (аз Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон); 40 нафар ҳамчун шунавандагони Маркази омодагии қаблӣ таҳсил мекунанд (аз Ӯзбекистон,Афғонистон).
Дар донишгоҳ таҳсил барои донишҷӯён тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ, аз ҷумла тибқи Квотаи Прездидентӣ ва бо се забон: тоҷикӣ, русӣ , англисӣ ба роҳ монда шудааст ва фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда - 58,6%, миқдори гурӯҳҳои бо забони давлатӣ - 28,4% ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда - 13%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди муҳассилини баъдидипломӣ аз 1431 нафар иборат аст, ки аз онҳо 209 нафар дар магистратура, аспирантура, PhD, докторантура; 810 нафар дар интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия; 412 нафар дар Маркази омодагии қаблӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар ташаккулёбии мутахассиси ҷавони замони муосир тарбияи фарҳангӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, маънавиёт, ҳушёрии сиёсӣ ва дарки худшиносии миллӣ мавқеи асосиро ишғол намуда, дар донишгоҳ ба ин масъала эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Мундариҷаи кори тарбиявии донишгоҳ ташакулли сифатҳои ахлоқӣ, шаҳрвандӣ ва шавқат дар корманди ояндаи соҳаи тибро фаро мегирад. Аз мутахассиси ҷавон камолот, ибтикор, вазифашиносӣ, талаби илм кардан, ҳаллу фасл карда тавонистан тақозо мешавад.
Бо ибтикори раёсати донишгоҳ барои татбиқи бандҳои Консепсияи миллии тарбия, амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ, бо мақсади таъмини иҷрои амалии ҳадафҳои стратегӣ, вазифагузориву тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз гузаронидани соатҳои тарбиявию кураторӣ, инчунин тибқи Нақшаи чорабиниҳои муовинати тарбия ва созмонҳои ҷамъиятӣ зиёда аз 260 номгӯи чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ба монанди мизи мудаввар, сӯҳбату вохӯриҳо, барномаҳои махсуси фарҳангӣ-фароғатӣ, машваратҳо таҳия ва баргузор карда шуданд.
Дар маҷмуъ, роҳбарияти донишгоҳ дар фаъолияти берун аз таълимии донишҷӯён низ аҳмияти ҷиддӣ дода, дар ташаккули фардиву маънавии онҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сиёсати давлатии ҷавононро яке самти муҳимтарини фаъолияти худ дониста, пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ қайд намуда буданд, ки ... “агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит оварем. Ва барои ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳамаи заминаҳоро муҳайё созем”.
Бо назардошти ин, дар донишгоҳи тиббӣ дар баробари таъмини ҷараёни таълим тибқи талаботҳои замони муосир, инчунин баҳри тарбияи фарҳангиву маънавӣ ва инкишофи фаъолияти илмиву эҷодии донишҷӯён тамоми шароитҳои мусоид муҳайё карда шудааст. Баҳри фаъолияти илму эҷодии ҷавонон аҳмияти махсус зоҳир гардида, ин самти фаъолият бевосита таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ қарор гирифтаст.
Дар донишгоҳ 27 озмоишгоҳҳои таълимию илмии бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонидашуда, аз ҷумла Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият мекунанд, ки барои гузаронидани корҳои лабораторӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ барои донишҷӯёну олимони ҷавон шароити муфид фароҳам оварда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2019 2 нафар олимони ҷавони донишгоҳ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи тандурустӣ, ки аҳмияти байналмилалӣ доранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ва 1 нафар “Олими ҷавони сол”-и Академияи илҳои тибби ВТ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин лоиҳаи иноватсионӣ”-и Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин лоиҳаи иноватсионӣ”-и Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Ҳамчунин, дар соли 2019 6 нафар донишҷӯёни донишгоҳ аз фанҳои забони тоҷикӣ, химия, биология, фалсафа сазовори ҷойҳои ифтихории якум, дуюм, сеюм ва медалҳои Олимпиадаи “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Олимпиадаи Ҷумҳуривии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шарафманд гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки дастрас намудани маълумоти илмӣ ва таълимӣ аз сарчашмаҳои хориҷӣ, ба хусус бо забони англисӣ тақозои таҳсилоти муосир аст. Бо ин мақсад Маҳфили “Medicine in English“ фаъолият мекунад, ки платформаи омӯзишии тиб бо забони англисӣ мебошад. Инчунин, Маҳфили “IQ- Medicine” дар доираи барномаҳои таълимӣ семинарҳои омӯзиширо бо усулҳои инноватсионии таълимдиҳӣ амалӣ менамояд, 2 платформаи омӯзишӣ – «Мактаби муҳақиқони ҷавон» ва «Инноватсия», Маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар назди ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ, Маҳфили «Ҷарроҳони ҷавон» дар назди Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ фаъолияти самараноку натиҷабахш доранд, ки барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии донишҷӯён саҳми арзанда мегузоранд.
Дар донишгоҳ «Чоршанбеи илмӣ, ҳамзамон фазои илмӣ ё худ «Научная среда» эълон гардидааст. Яъне, ҳар рӯзи чоршанбе дар фазои илмӣ яке аз семинарҳои маҳфилҳои Ҷамъияти илмии ҷавонон гузаронида мешавад, ки барои рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии донишҷӯёну олимони ҷавон самарабахш аст.
Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳи тиббӣ дар баробари таълиму тарбия ба корҳои илмиву навоварӣ машғул мебошанд.
Саҳми олимони донишгоҳ дар таҳияи ғояҳои нав, маҳсули нерӯи зеҳнӣ вобаста ба мукаммал намудани усулҳои ташхису табобат, навовариву ихтироъкорӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот назаррас аст. Ихтироъкориву навоварӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти олимони донишгоҳ муайян гардида, теъдоди умумии ихтироот ва пешниҳоди навоварӣ дар самти мукаммал намудани усулҳои табобати бемориҳои мураккаби ҷарроҳӣ зиёд гардиданд.
Натиҷаи корҳои илмӣ ва амалӣ дар шакли мақолаву фишурда ва рисолаҳои илмӣ пешниҳод мегардад.
Дар соли 2019 таҳти роҳбарии олимони донишгоҳ 41 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ ба маротиб афзудаст.
Шумораи умумии таълифоти илмии олимон ва муҳассилини донишгоҳ дар соли 2019 зиёда аз 2300 адад ташкил дод, ки 351 - тои он дар маҷаллаи илмии бонуфузи хориҷӣ ба табъ расонида шудаанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони (ҲПО) ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар қатори сарбории таълимиву тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ сарбории муолиҷавию машваратӣ ба дӯши онҳо гузоштаро сарбаландона иҷро менамоянд. Донишгоҳ дар барқарорсозии саломатии аҳолии ҷумҳурӣ бевосита саҳми худро мегузорад, яъне ҲПО-и кафедраҳои донишгоҳ дар пойгоҳҳои клиникии муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе дар қатори тадрис ба донишҷӯён, инчунин ба беморон кӯмаки ташхисию табобатӣ ва машваратии бевоситаи худро мерасонанд.
Аз ҷумла дар соли 2019 аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ба 54 859 беморони кӯмаки табобатию машваратӣ ва ташхисӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст.
Бояд қайд кард, ки саҳмгузории устодони кафедраҳои тахассусӣ ҷарроҳӣ дар фаъолияти пойгоҳҳои клиникӣ самарабахш ва назаррас мебошад. Дар ин давра аз тарафи устодони ҷарроҳи кафедраҳои клиникӣ 14975 амалиётҳои ҷарроҳии гуногунҳаҷм ба сомон расонида шудааст, ки ин нисбати соли 2018 ба миқдори 1345 амалиёти ҷарроҳӣ зиёд аст.
Дар давраи ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманди муассисаҳои байнидавлатӣ яке аз заминаҳои асосии рушд ба ҳисоб меравад. Системаи таҳсилоти олии кишвар ба пуррагӣ системаҳои эътирофгардидаи ҷаҳониро пазируфта, барои ворид гардидан ба таҳсилоти аврупоӣ ва байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар айни замон аз тарафи раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 137 муассисаҳои илмию таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Бояд қайд намуд, ки ба имзо расонидани 19 шартномаи дуҷониба дар давраи ҳисоботӣ рост меояд, аз ҷумла бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва табобатии Ӯзбекистон, Украина, Афғонистон, Англия, Қирғизистон, Хитой, Россия, Туркия, Олмон ва Сафоратхонаи Лаҳистон дар Тошкент, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2019 дар донишгоҳ 16 лоиҳаҳои байналмилалӣ амалӣ шуданд, ки аз ҷониби ин лоиҳаҳои байналмилалӣ ба донишгоҳ маъводҳои таълимӣ ва техникаҳои муосир барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани дарсҳо ва озмоишҳои илмӣ-амалӣ, ворид карда шудаанд. Лоиҳаҳо аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки умумиҷаҳонӣ, DAAD, Иттиҳоди Аврупо, донишгоҳҳои Ҳоланд, Италия, Эстония, Литва, Олмон, Полша, Британия, Болгария, Италия, Япония ва ғайра маблағгузорӣ карда мешаванд, ки ин аз эътироф карда шудани донишгоҳ аз ҷониби ташкилотҳо, донишгоҳҳои бонуфузӣ байналмилалӣ дарак медиҳад.
Тибқи барномаи мубодилаи академӣ дар давраи ҳисоботӣ 41 нафар донишҷӯён дар давраи семестри баҳорӣ ва семестри тирамоҳӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар аз ҷумла, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Қараганда Қазоқистон; Академияи Давлатии Тиббии Ижевски Федератсияи Россия; Донишгоҳи давлатии тиббии Доғистони Федератсияи Россия; донишкадаи фарматсевтии шаҳри Тошканд ва тариқи барномаи Эрасмус + ба Донишгоҳи Милани Италия ҷиҳати идомаи таҳсил равона карда шуданд.
Дар соли 2019 ба донишгоҳ 53 нафар донишҷӯён ҷиҳати омӯзиш, таҷрибаомӯзӣ ва иштирок дар мактаби тобистона аз як қатор муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ даъват шуданд. Аз ҷумла, аз Донишгоҳи давлатии тиббии Карагандаи Қазоқистон, Академияи давлатии тиббии Ижевски Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии тиббии Варонежи Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Тамбов, Донишгоҳи давлатии Ош.
Соли ҷорӣ дар доираи барномаи мубодилаи академӣ профессорону дотсентон аз 21 муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ барои гузаронидани семинарҳо, хондани лексияҳо, ширкат дар мактаби байналмилалии тобистонаи донишгоҳ ва бо мақсади машваратӣ ба донишгоҳ ташриф намуданд, ки дар маҷмӯъ 65 нафарро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ се маротиба зиёд гардидааст.
Дар доираи мубодилаи академӣ ва лоиҳаҳо, дар давраи ҳисоботӣ 59 нафар кормандону омӯзгорони донишгоҳ ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон сафар намуданд. Муқоиса ба соли 2018 сафарҳои хизматии кормандон ба маротиб зиёд гардидааст (соли 2018 - 41 нафар ба хориҷи кишвар сафар карда буданд).
Дар соли 2019 аз ҷониби раёсати донишгоҳ зиёда аз 30 ҳайати меҳмонони хориҷӣ қабул карда шуд. Аксарияти ҳайати меҳмонон ба конфронсҳои илмӣ-амалии олимони ҷавон ва солонаи донишгоҳ ташриф овардаанд, ки асосан ин вобастагӣ доранд ба иштирок дар конфронсҳои чун анъана дар донишгоҳ барпо мегарданд. Дар конференсияи олимони ҷавон, ки дар моҳи апрел баргузор гардид дар он донишҷӯён ва олимони ҷавон аз хориҷ зиёда аз 62 нафар ширкат варзиданд, ки нисбат ба соли гузашта ба маротиб зиёд мебошад (соли 2018- 37 нафар).
Соли 2019 ҳайати ҷавонони кишвари Ҳиндустон иборат аз 10 нафар ва ҳайати меҳмонон иборат аз 6 нафар аз Институти рушди саноати тандурустии Корея ба донишгоҳ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобиланд судманд ташриф оварданд.
Баҳри татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз тарафи раёсати донишгоҳ чораҳои мушаххас андешида шуд ва натиҷаҳои дилхоҳ низ ба даст омаданд.
Дар ин давра, ғайр аз Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи давлатии стоматологии Тошканд, инчунин бо Академияи тиббии Тошкент, Донишкадаи педиатрӣ-тиббии Тошкент ва Филиали Фарғонагии Академияи тиббии Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҳамкориҳои дуҷониба ба роҳ монда шуд. Инчунин, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ таҳия карда шуданд.
Дар баробари фаъолияти пурмаҳсули таълимиву тарбиявӣ, илмию табобатӣ ва берун аз таълимии донишгоҳ дар соли 2019, инчунин пойгоҳи моддӣ- техникии донишгоҳӣ вусъат ёфт.
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар сохтмони бинои маъмурӣ ва таълимии донишгоҳ дар кӯчаи Сино, дар шаҳраки Шифобахш ба роҳ монда шудааст ва бо саҳмгузории донишгоҳ дар соли 2019 низ корҳои сохтмониву бетонӣ бо суръат идома дода шуд.
Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ 2 биноҳои 3-ошёнаи таълимии Маҷмааи таълимии донишгоҳ, воқеъ дар шаҳраки Шифобахш аз таъмири асосӣ бароварда шуда, синфхонаҳо, толорҳои лексионӣ, озмоишгоҳҳо, кабинетҳои лингафонӣ, кабинетҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои корӣ бо мебелу таҷҳизотҳои муосиру нав ҷиҳозонида шуданд.
Дар хобгоҳҳои № 1,2,3 низ таъмири асосӣ гузаронида шуда, бо лавозимотҳои лозимаи наву замонавӣ таҷҳизонида шуданд.
Барои фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ ва хизматрасонии тиббӣ Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология” аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дастгоҳҳои муосири стоматологӣ дастрас карда шуд.
Дар соли 2018 дар донишгоҳ шумораи компютерҳо-1097, принтерҳо-611, проекторҳои мултимедӣ-110, асбоби нусхабардорӣ-99, ноутбуку нетбук-108 ададро ташкил мекард.
Дар соли 2019 ба донишгоҳ 91 адад компютер, 42 адад принтер, 12 адад асбоби нусхабардорӣ, 6 адад ноутбук, 3 адад проекторҳои мултимедӣ, 8 адад телевизор, 1 адад сервер, 2 адад экрани электронии калонҳаҷми светодиодӣ, 1 адад фотоаппарат ва 900 адад планшет ворид карда шудааст.
Айни замон миқдори компютерҳо ба 1188 адад, ноутбуку нетбукҳо ба 114 адад, планшетҳо ба 900 адад, дар маҷмӯъ-ба 2202 адад расидааст ва таносуби компютерҳо ба донишҷӯён 1:5-ро ташкил медиҳад, ки дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нишондоди беҳтарин мебошад. Инчунин, миқдори принтерҳо ба 653, проекторҳои мултимедӣ ба 113, асбобҳои нусхабардорӣ ба 111 ва адад расонида шудааст., Дар донишгоҳ 14 синфхонаи компютерӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо бо 254 компютер, проекторҳои мултимедӣ ва шабакаи интернетӣ таъмин шудаанд.
Дар соли 2019 ба фонди чопии китобхона 358 номгӯй-16398 нусха (соли 2018-11577 нусха) адабиёт ба маблағи 360889,98 (соли 2018-69333,57) сомонӣ ворид гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати фароҳам овардан ва таъмини фазои мусоиди таълимию корӣ дар биноҳои таълимӣ ва муҳайё намудани шароити хуби зисту зиндагӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳ ба маблағи 296000 сомонӣ таҷхизотҳою маводҳои иҷтимоӣ харидорӣ ва муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Баҳри ободу зебо намудан ва оро додани гирду атрофи биноҳои таълимию маъмурӣ, хобгоҳҳои донишгоҳ ва дар назди роҳравҳои хиёбони Рӯдакӣ, хиёбони Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандон тариқи баргузории шанбегиҳою якшанбегиҳо дар масоҳати 0,75 га заминҳои донишгоҳ газон корида шуда, дар саҳну гирду атрофи иншоотҳои донишгоҳ зиёда аз 70 ҳазор бех ниҳоли гулҳои мавсимӣ, 6 ҳазор бех гули лола ва 8 ҳазор бех гули садбарг шинонида шуданд. Ҳамагӣ, зиёда аз 84 ҳазор бех ниҳоли гулҳои мавсимию бисёрсола ва 17 бех дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.
Аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо мақсади ҳавасмандкунии омӯзгорону кормандон ба муносибати идҳои ба ҳар як омӯзгор ва корманд ба маблағи пулӣ, дар ҳаҷми як маоши моҳона кӯмак расонида шуд, ки дар маҷмӯъ 1520183 сомониро ташкил намуд. Инчунин, дар арафаи Иди Саиди фитр ба хонаи кӯдакони №1-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, хонаи кӯдакони №2 ва Санаторияи ҷумҳуриявии бачагонаи касалиҳои тарбодии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрас кардани маводи ғизоӣ, мизу курсиҳо ва масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонда шуд, ки маблағи 23065 сомониро дар бар мегирад.
Дар соли 2019 дар натиҷаи корҳои созандагию ободонӣ масоҳати умумӣ - 14724 м2, масоҳати таълимӣ - 11134 м2, ҷойи нишаст – 1499 ҷой зиёд карда шуд.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино пайваста ва дар соли 2019 низ тамоми иқтидори худро баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ бо воситаи баланд бардоштани сифтати таҳсилот ва таъсир ба рушди соҳаи тандурустии кишвар равона намуданд.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти донишгоҳро дар соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ намуда, бо боварии том метавон гуфт, ки Раёсати донишгоҳ дар кору фаъолияти худ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва солимгардонии ҷомеа аз ҳамаи имконотҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳад бурд.
Сипас, аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор М.Қ. Гулзода ба саволҳои зиёди намояндагони ВАО ҷавобҳо мушаххас дода шуд.
Дар охири нишаст аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ барои таваҷҷуҳи доимиашон ба раванди кору таҳсил дар донишгоҳ миннатдорӣ изҳор карда шуд.
Хадамоти ректор.
29.01.2020
1953