Назаре ба ҷойгоҳи “Ал-Қонун фи-т-тиб”-и Абуалӣ ибни Сино дар илми ҷаҳонӣ
Халқи тоҷик бо нобиғагони барҷастаи худ дар инкишофу шаклгирии тамаддуну маърифати ҷаҳонӣ нақши барҷаста гузоштаанд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” чунин таъкид кардаанд: “Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситойиш ва қадрдонӣ мебошад”.
Яке аз чунин шахсиятҳои маъруф, ки ба рушди тамаддуни инсонӣ дар ҷаҳон сабаб гардида, номи худро дар саҳфаи таърихи олам бар ҷой гузоштааст, ҳаким, олим, табиби ҳозиқ, файласуф Абуалӣ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Сино мебошад. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, “Тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тӯли ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд”.
Буалӣ Сино, ки дар кишварҳои Ғарб бо номи “Авитсена” машҳур аст, дар давоми умри 57-солааш аз худ осори азиме (зиёда аз 450 асари илмӣ, фалсафӣ ва адабӣ) боқӣ гузошт. Яке аз чунин асарҳои арзишманди ин ҳакими машриқзамин “Ал-Қонун фи-т-тиб” мебошад. Ин асари ӯ яке аз асарҳои муҳиммтарин, муфассалтарин, машҳуртарин ва аз ҷумла барҷастатарин китобҳои соҳаи тибби Шарқ ва Ғарб ба ҳисоб меравад. “Ал-Қонун фи-т-тиб” аз замоне, ки таълиф шуда то наздик ба ҳашт қарн дар Аврупо ва имрӯз дар кулли дунё мавриди истифодаи олимони соҳаи тиб қарор гирифтааст.
Умуман бояд ёдовар шуд, ки тамоми мероси илмию фалсафӣ ва адабии ҳакими бузург Абуалӣ ибни Сино диққати муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи илмро аз гӯшаву канори мухталифи дунё ба худ ҷалб кардааст. Зеро дар тӯли ин муддат дар аксари кишварҳои ҷаҳон хосатан дар кишварҳои Аврупо ҳам осори илмӣ, аз ҷумла китоби “Ал-Қонун фи-т-тиб” ва ҳам осори фалсафии ин олими барҷаста дар давраҳои гуногун дар китобҳо таҳқиқ шудааст, ки дар онҳо саҳми ӯ дар тараққӣ ва рушду такомули маърифату маданияти ҷаҳонӣ таъкид шудаанд. Аммо ҳамчунин бояд таъкид кард, ки дар баробари ин, ба назари муҳаққиқони ҷаҳонӣ бисёре аз осори Абуалӣ ибни Сино ҳанӯз омӯхта нашуда ва ба онҳо нақде низ суратнагирифта боқӣ мондаанд.
Ба таҳқиқи осори Абуалӣ ибни Сино асосан олимон ва муҳаққиқони машҳури олам, аз ҷумла А.М. Гуашон (олими фаронсавӣ), К.А. Наллино (олими итолиёӣ) К. Броккелман (шарқшиноси олмонӣ), Грюнебаум, Б.Я. Шидфард, Ҷ.Ш. Қанавотӣ, Забеҳулло Сафо, Яҳёи Маҳдавӣ, Сайд Хусайн Наср, А.М. Баҳоваддинов, М. Диноршоев, А.В. Сагадеев, Абдураҳмони Бадавӣ, Яҳёи Ясрибӣ, М. Фулодванд ва даҳҳо олимони машҳури дигар аз гӯшаи гуногуни дунё ба таҳқиқи осори илмӣ, фалсафӣ ва адабии Сино машғул гардидаанд. Айни ҳол дар донишгоҳҳои машҳури Аврупо ба монанди Окфорд осори Синои бузург омӯхта шуда, ба он аз нигоҳи илми имрӯза низ руҷуъ карда мешавад. Яке аз чунин асарҳои Сино, ки ба он дар ҳар давру замон таваҷҷуҳи вижа сурат мегирад, “Ал-Қонун фи-т-тиб” мебошад.
Чунончӣ аз қавли худи Абуалӣ ибни Сино нақл мешавад, ӯ дар ҷавонӣ дар Бухоро шогирдонеро тарбия кардааст ва оид ба илми тиб дар Ҳамадон китоберо мукаммал сохтааст. Дар ин бора яке аз шогирдони машҳури Абуалӣ ибни Сино Абуубайда Ҷузҷонӣ дар асараш “Рисолаи саргузашт” дар бораи таълифи асари “Ал-Қонун фи-т-тиб” ишора мекунад. Ба нақли ӯ марҳилаи ҳаёти Ибни Сино дар Исфаҳон (1023-1037) босамартарин давраи камолоти эҷодии ӯ мебошад, зеро ӯ маҳз дар ҳамин ҷо асарҳои бузурги худ “Китоб-аш-шифо”, “Ал-Қонун фи-т-тиб” ва “Донишнома”-ро ба итмом расонидааст. Аммо мутаассифона, мутафаккир дар Исфаҳон дучори ҳаводиси мудҳиш мегардад, ки ба ҳаёт ва фаъолияти илмии ӯ таъсир гузоштааст. Соли 1030 Султон Масъуд - писари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Исфаҳон ҳуҷум намуда, инҷоро тороҷ намудааст, ки дар натиҷа аҳли илму адаб низ дочори талаву тороҷи молу мулки худ гардидаанд. Дар ин бора Сайидраҳмон Сулаймонов дар мақолаи худ “Ибни Сино ва “Ҳикмати машриқия”-и ӯ” сухан ронда, чунин мегӯяд: “Ибни Сино аз ҷумлаи шахсоне буд, ки на танҳо молу мулк, балки асарҳои гаронбаҳояш аз тарафи тороҷгарон ба яғмо бурда шуд.” Ҳамчунин, дар ин бора донишмандони зиёде андеша ронда ва тороҷ шудани асарҳои ӯро, аз ҷумла “Ал-Қонун фи-т-тиб”-ро таъкид кардаанд.
Ба гуфта Ҷузҷонӣ, Абуалӣ ибни Сино тасмим доштааст, бисёре аз таҷрибаҳои табибии худро, ки дар ҷараёни муолиҷа касб кардааст, дар китоби “Ал-Қонун фи-т-тиб” биоварад ва ҳатто бахше аз онҳоро дар чанд ҷузъ навиштааст: “Аммо ин ёддоштҳо қабл аз ин ки “Ал-Қонун фи-т-тиб” ба поён бирасад, аз миён рафт.”
Баъдан бо мусоидати ин шогирди вафодори Абуалӣ ибни Сино ва чандеи дигари онҳо “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар 5 китоб таълиф ёфтааст.
Ба назари муҳаққиқон Абуалӣ ибни Сино дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” ба равиши илмӣ такя кардааст. Тибқи навиштаи Ҷузҷонӣ Ибни Сино бахши аввали асари мазкурро тақрибан дар синни 35-солагӣ дар Гургон таълиф намудааст. Ба навиштаҳои ин шогирди ҳаким дар бораи замон ва макони комил шудани асар Ҳамадон зикр шудааст. Яъне “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар Ҳамадон ба анҷом расидааст. Аз навиштаи худи Ибни Сино дар “Аш-шифо” маълум мешавад, ки вай “Ал-Қонун фи-т-тиб”-ро пеш аз «Аш-шифо» навиштааст.
Ҷорҷ Сартен - муҳаққиқи аврупоӣ дар бораи “Ал-Қонун фи-т-тиб”, аҳаммият ва мавқеи он дар илм сухан ронда, ҷойгоҳи онро дар рушд ва тасеаи илми тиб ва табобат болотарин ва арзишмандтарин ҷойгоҳ қаламдод мекунад.
“Ал-Қонун фи-т-тиб” тавассути шогирдони Ибни Сино ба тамоми марказҳои илмии ҷаҳон дар кӯтоҳтарин фурсат роҳ ёфта, ба китоби дарсӣ мубаддал мешавад, ки дар партави он донишмандони зиёде дар ҷаҳон тарбия меёбанд.
Ибни Сино дар ин китоб тамоми донишҳои тиббиро, ки мероси башарият буд, ба низом дороварда ва онҳоро шарҳи комил додааст. Аз нигоҳи нигориш ва адабиёти тиб матни он пӯхта буда ва пур аз тафсирҳост, ки аксари онҳо маънои тамсилро пайдо кардаанд. Дар партави ин саъю кӯшиши бузург муолиҷаи беморон илмӣ гардидааст, ки дар натиҷа роҳи хурофот ва сеҳр беш аз пеш баста шудааст. Дар мавриди забон ва фарҳанги тоҷикӣ (форсӣ) бояд гуфт, ки “Ал-Қонун фи-т-тиб” фарҳанги азимеро ба вуҷуд оварда, дар ҷараёни тарҷума ба дигар забонҳо, бисёре аз тафсирҳо, истилоҳоту вожаҳои он чӣ аз арабӣ ва ҳам аз форсӣ интиқол шудаанд, ба забонҳои дигар ва ҷузъи фарҳанги ҷаҳонӣ ворид шудаанд.
Бояд таъкид кард, дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” тибби анъанавӣ бештар зикр меёбад, ки ба табиат такя менамояд. Ҳар он чизе, ки ба саломатии инсон дахл дорад, ба гунае ба тибби Ибни Сино тааллуқ мегирад, аз қабили хобу бедорӣ, обу ғизо, манзил ва муҳити зист ба мисли хонаву шаҳр, обу ҳаво, ғизо, либос, варзиш ва амсоли он.
Арзиши дигари “Ал-Қонун фи-т-тиб” ҷанбаи маънавии он аст. Аз ин рӯ, ин китоб зуд таваҷҷуҳи аҳли фазлро ба худ ҷалб карда ва дар тамоми давраҳои таърихии гузашта китоби дарсии донишмандон ва асари илмии муҳим гардидааст.
Растаниҳои барои муолиҷа пешниҳоднамудаи Абуалӣ ибни Сино дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” гуногунранг буда, баъдтар аксари онҳо ба фармакологияи илмӣ ворид карда шудаанд. Ҳакими бузург барои табобат 3 воситаи асосии муолиҷаро муайян кардааст: сухан, гиёҳ ва теғ.
Дар таърихи тиб дар баробари дарёфти усулҳои муолиҷаи бемориҳои гуногун саҳми Ибни Сино дар пешгирии бемориҳо низ махсус зикр гардидааст. Вай дар ин асари худ ишора менамояд, ки “аз ҳама асосӣ барои нигоҳдории саломатӣ машғул шудан ба машқҳои ҷисмонӣ, риояи реҷаи хӯрок ва хоб мебошад.”
Абуалӣ ибни Сино вобаста ба мушоҳидаҳои бисёрсола ва омӯзиши осори олимони қадим назарияи худро оид ба омилҳои сироятёбӣ аз бемориҳои гузаранда кор карда баромада, тавсияҳоро барои огоҳии одамон аз ин сироятҳо пешниҳод намудааст.
Дар таърихи илми тиб бори аввал ӯ аз мавҷудияти ҷонзодҳои ноаён, ки боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегарданд, маълумот додааст. Баъди 800 сол биологи машҳур Луи Пастер ин пешгӯии олими номиро дар таҷрибаи амалии худ тасдиқ намудааст.
Ибни Сино дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” пешниҳод менамояд, ки бояд на беморӣ, балки бемор табобат карда шавад ва дар ин росто вайроншавиҳое, ки дар ҷисм пайдо мегарданд, дар алоқамандӣ ба муҳити атроф дида баромада шаванд, зеро самараи аз ҳама муфиди табобат дар ҳолати муҳайё сохтани шароитҳои мусоиди муҳити атроф ба даст меоянд. Олими машҳур боду ҳаво, муҳити атроф ва фасли солро омилҳои асосии этиологӣ меҳисобад. Чунин самти омӯзиш ба Абуалӣ ибни Сино имкон додааст, ки чораҳои пешгирии бисёр бемориҳо дарёфт шаванд. Вобаста ба ҳар фасли сол ӯ сифат ва миқдори хӯрокиҳоро кор карда баромадааст.
Барои нигоҳдории саломатӣ Абуалӣ ибни Сино 7 омилро муҳим мешуморад: мувозинати мизоҷ, интихоби ғизо, тозакунии ҷисм аз чизҳои зиёдатӣ, пешгирии фарбеҳӣ, тозакунии он чизе, ки ба воситаи бинӣ ба ҷисм ворид мегардад, либоси тозаю озода ва мувозинати ҳаракатҳои ҷисмонию рӯҳӣ.
Ғизои фоидабахшро Абуалӣ ибни Сино яке аз омилҳои муҳимми нигоҳдории саломатӣ ҳисобида, реҷаи ғизоро вобаста ба фаслҳои гарм ва сарди сол, синни одамон, инчунин, гуногунрангии ғизо муайян намудааст. Чунин гуфтаи ҳакими бузург то имрӯз ниҳоят муфид мебошад, ки одам бояд хӯрокро ҳамчун дору истеъмол намояд ва ҳангоми табобат бояд реҷаи муайяни ғизоро риоя кунанд.
Ба ақидаи ӯ, ба саломатии одам макони зисти вай низ таъсир мерасонад ва дар ин маврид чунин мегӯяд: “Касе, ки ҷойи истиқомат интихоб менамояд, бояд донад, ки хоки он чӣ гуна аст, заминаш паст аст ё баланд, атрофаш кушода аст ё пӯшида, оби он маҳал чӣ гуна аст”.
Олим чунин мепиндорад, ки дар нигоҳдории ҳолати солимии одам фаъолнокии ҷисмонӣ нақши муҳим мебозад. Агар одам ба таври муътадил ва саривақтӣ ба машқҳои ҷисмонӣ машғул гардад, ба ягон навъи табобат муҳтоҷ намегардад, вале машқҳои тамринӣ бояд ба ҳар одам мувофиқ бошанд.
Абуалӣ ибни Сино дар китоби худ “Ал-Қонун фи-т-тиб” оид ба инкишофи бемориҳо андеша ронда, ба нақши системаи асаб ишора менамояд ва онро дар алоқаи мутақобила бо муҳити атроф мебинад.
Пешниҳодҳои табиби бузург оид ба тарбия, инкишоф ва муолиҷаи кӯдакон ба муаррихони тиб имкон додааст, ки ӯро яке аз асосгузорони педиатрия ҳисобанд. Дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” гуфта мешавад, ки барои доно, ҷасур, ҳалим ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим инкишоф ёфтани кӯдак бояд ӯ тарбияи ҳаматарафа гирад.
Аз ин рӯ, бояд хулоса намуд, ки “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар илми дунё ҷойгоҳи барҷаста дорад ва усулҳои табобатие, ки дар он оварда шудаанд, хосатан усули рӯҳ-ҷисм-дармон имрӯз ҳамчун усули беҳтарини табобатии дунё шинохта гардидааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Чеҳраҳои мондагор” дар мавриди ин ҳакими тоҷик сухан ронда, чунин мегӯянд: “Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост”.
Гулзода М.Қ.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии
Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино,
доктори илмҳои тиб, профессор.
Бознашр аз рӯзномаи "Ҷумҳурият"