НАВОИ ДИЛИ МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО ДАР БАДАХШОН
Аз 16 то 19 июни соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корвони модарон таҳти унвони «Навои дили модарони ваҳдатсаро», бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарбар гардид.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ Амонзода Сабоҳат Бобишо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон дидан кард.
Ҳадафи асосии баргузории ин иқдом таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, таҳкими нақши занону модарон дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, инчунин густариши фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни сокинони минтақаҳои кишвар мебошад.
Дар доираи сафар аъзои Корвони модарон бо сокинон, фаъолзанон, ҷавонон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ мулоқоту суҳбатҳо баргузор намуда, вобаста ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши созандаи занону модарон дар таҳкими сулҳу субот ва тарбияи фарзандони соҳибватан андешаронӣ карданд.
Корвони «Навои дили модарони ваҳдатсаро» ҳамчун иқдоми муҳими ҷамъиятӣ ба таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва тарғиби сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА