НАМОИШИ КИТОБҲО ДАР ДОИРАИ РӮЗҲОИ КАФЕДРАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Санаҳои 5 ва 6 майи соли 2026 дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ намоиши китобҳо бахшида ба рӯзҳои кафедравии кафедраҳои “Офталмология” ва “Оториноларингология” баргузор гардид.
Намоиши мазкур бо ташаббуси китобхонаи Донишгоҳ роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён, ҷалби бештари онҳо ба мутолиа ва муаррифии адабиёти соҳавию илмӣ арзёбӣ мегардад.
Дар чорабинӣ олимону омузгорон, ординаторон, аспирантон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, бо китобу адабиёти илмӣ, таълимӣ ва соҳавии ба самтҳои офталмология ва оториноларингология вобаста шинос гардиданд.
Иқдоми мазкур ҳамчун қисми муҳими чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии Донишгоҳ дар доираи истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва таҳкими фарҳанги китобхонӣ миёни ҷавонон мусоидат менамояд.