НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАИИ «КИТОБИ ДУШАНБЕ»
Санаи 22 октябри соли 2026 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилаии «Китоби Душанбе» баргузор гардид. Дар намоишномаи мазкур садорати факултети тиббӣ бо 26 нафар донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ иштирок намуданд.
Намоишгоҳи байналмилаии «Китоби Душанбе» дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гашт. Дар он адабиётҳои ватаниву хориҷӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Аз адабиётҳои ватанӣ: Асарҳои Пешвои Муаззами Миллат Муҳтарам Эмомали Раҳмон, адабиётҳои шоирони классикию муосирӣ тоҷик ва адабиёти бачагона ба мараз гузошта шуда буд. Инчунин дар намоишнома намояндагони давлатҳои хориҷӣ аз қабили Федератсияи Руссия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қиргизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва Чин иштирок намуда, адабиётҳои халқӣ ва сиёсии худро пешниҳоди иштирокчиёни намоишгоҳ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар рафти баргузории намоишгоҳ донишҷуён аз адабиётҳои ватаниву хориҷӣ дидан намуда, бо бисёр аз муаллифон ва нависандагон шиносои пайдо карданд. Дар ҷараёни намоишгоҳ донишҷӯён бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ суҳбатҳо гузаронида дар бораи фарҳанги ғании халқи тоҷик маълумот доданд. Намоишгоҳ дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуд.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ