НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои идонаи Донишгоҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон бо иштироки занони фаъолу олимаи Донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ дар даврони Истиқлол» баргузор гардид.

Семинар бо сухани ифтитоҳии муовини ректори Донишгоҳ дотсент Гулмаҳмадзода З. Г. оғоз ёфта, таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми зан дар ҷомеа ба таври назаррас боло рафта, саҳми занону бонувон дар рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ рӯз ба рӯз бештар мегардад. Дар ин замина, занони соҳибмаърифат ва олимаи Донишгоҳ дар ҳифзу густариши забони давлатӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа нақши муҳим доранд.

Дар идомаи семинар намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино иштирок намуда, вобаста ба ҷойгоҳи зан дар ҷомеаи муосир, сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён намуданд.

Дар ҷараёни семинар занони олимаву фаъол ва омӯзгорони Донишгоҳ дар мавзӯъҳои марбут ба рушди забони давлатӣ, нақши занон дар ҳифзу интиқоли арзишҳои миллӣ ба насли ҷавон, худшиносии миллӣ, фарҳанги миллӣ ва масъулияти зиёиёни ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ва омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар таҳкими ваҳдати ҷомеа ва худшиносии шаҳрвандон нақши муассир дорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва истифодаи дурусти забони давлатӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус аҳли зиё ва омӯзгорон мебошад.

Дар фарҷоми семинар таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва боз ҳам фаъолтар намудани иштироки занон дар ҳаёти илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


05.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php