НАҚШИ ЗАН ДАР ГАРДИШИ АЙЁМ
Воқеан зан мавҷуди муқаддас, олиҳаи ҳастии башар ва зиндагию ишқу зебогии ҳаёт аст. зар дар зиндаги ҳар инсон нақши муҳим дорад, новобаста аз он ки барояш кист: модар. ҳамсар, фарзанд ва ё дӯсту рафиқу устод. Зан дар баробаври модар будан тарбиятгари ҷомеа, ҳамсафари зиндагӣ ва илҳомбахши матлаи шеъри шоирон аст. Занро “ҷинси латиф” мегӯянд, ки бесабаб нест. Чун латофату зебогӣ ва лутфу марҳамати зан беинтиҳост.Аммо “Занон мардона гоҳо ишқ варзанд”... Бешак, дар тӯли таърих дар дилхоҳ самти рушди ҷомсеа дар тамоми гӯшаю канори дунё занони бовиқору таърихсоз буданду то имрӯз ҳастанд.
Имрӯзҳо байни мардуми англисзабон як масали хубе роиҷ аст: “Behind every great man there is a great woman” (Аз пушти ҳар марде бузург зане бузургтар аз ӯ воистода). Аксаран гумон мекунанд, ки ин масал моли худи англисҳост. Аммо агар мо ба ривоятҳои мардумии халқамон назар андозему аз мардуми солори кӯҳистон бобати чеҳраҳои муҳими таърихи халқамон пурсон шавем, мефаҳмем, ки такрешаи ин мақол аз гузаштагони мост, аниқтараш аз як сулолаи хеле муътабари таърихӣ- Сосониён ва шоҳи машҳури ин сулола Хусрави якум мулаққаб бо Анӯшервони одил. Ба нақл аз мардуми куҳистони ноҳияи Айнӣ Анӯшервони одилро зане буд басо хубрӯю зираку доно бо номи Дилором, ки дар корҳои давлатдорӣ ва муносибат бо мардум маслиҳатгар буд. Хусрав Дилоромро бениҳоят дӯст медошт ва ҳамеша дар ҳар сафар ӯро дар рикоби аспаш мешинонд. Ҳатто дар замони муқовимат бо кӯчманчиён ва хитоб мекард: “Ман ба хотири маликаи маҳбубам, вазири қасру хонадонам меҷангам ва Дилоромро ба он хотир дар пушти рикобам мегирам, ки ҳар замон дар ёд орам, ки мо бояд барои занҳои бароямон азиз то қатраи охарини хунамон Ватанро аз душман ҳифз намоем”. Аксаран мардҳо бо шунидани ин масал хашиш мешаванд, ки занро қавитар аз мард ба қалами тасвир додаанд. Аммо дар асл ин ҷо сухан аз бобати қавию заиф будан намеравад. Мақсад аз ин масал тамоман дигар чиз аст. Мақсад он аст, ки ҳар пешравие, ки мард мекунад, ҳадаф аз он пешравӣ хушнуд намудани занест: ё модар, ё ҳамсар ё духтар ва ё бонуе азизтару ба ҷон баробар. Қавитарии он зан дар нерӯ додани мард барои расидан ба қуллаи мурод аст.
Ҳанӯз дар замони худ Ҳеродод гуфта буд, ки “Муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ сабабгорашон зан аст, яъне пушти ҳар табаддулоти таърихӣ як зане истодааст, ё паси парда ва ё руйирост”. Сухани Ҳерододро метавон бо чанд рӯйдоди муҳими таърихӣ собит намуд: Катоюн- ҳамсари Дорюши Кабир ва модари Куруши кабир, ки дар таърихи давлатдории Ҳахоманишиниҳо нақши боризе дорад. Ӯро “вазири пасипарда”- и Дорюш меномиданд. Катоюн ҳамеша дар кори давлатдорӣ ба Дорюш маслиҳат медод ва интихоб намудани Куруш ба ҳайси валиаҳд низ бевосита тасмими Катоюн буд ва ӯ минбаъд ҳатто дар интихоби зан ба Куруш роҳбаладӣ менамуду зани зиракеро мисли худ ба ӯ интихоб намуда буд, ки пас аз марги Катоюн маликаи Мандана (мулаққаб бо Ҳумоюн, дар радифи номи Катоюн), ки аз табори муғони Эронзамини қадим буд, бо оромтабиатӣ ва фаросату зиракии худ дар андак фурсат шуҳрат ёфта буд. Аксар ӯро валиаҳди Катоюн мегуфтанд, ки ин бесабаб нест. Чун малика Мандана ё худ Ҳумоюн воқеан мисли Катоюн қавиирода буд ва ҳатто дар корҳои давлатдорӣ аз Катоюн дида нақши боризтареро дошт. Зеро аксар дар суҳбат бо меҳмонони хориҷӣ ӯ дар паҳлӯи ҳамсараш менишаст ва аксаран аҳдномаҳоро Ҳумоюн мебаст ё инкор мекард.
Дар замони истилои мақдуниҳо бошад, нақши суӯдидухтар Рухшонак хеле бориз аст. Чун у ба хотири нарехтани хуни ҳаммеҳанонаш рози шуд бо Алекшандриш Македониш (искандари Мақдунӣ) издивоҷ намояд ва бад- ин минвол дасти Искандарро аз рехтани хуни ҳамватанонаш боз дораду бо даҳонаи дидани шаҳрҳои афсонавии Рим бо ӯ ба Рим баргардад.
Дар таърихи давлати Темуриён низ нақши зан хеле бориз аст. Султонсарайхонум, ё худ Бибихонум ҳамсари амир Темур, мулаққаб бо Темурланг, ки дар такя бо ривоёти халқӣ модараш аз тоҷикони балх, арӯси хонадони Чингизиҳо буд, бо заковату фаросати худ ҳамеша рикобдори амир Темур буд. Темур ҳатто дар кӯчактарин корҳои давлатдорӣ аз Бибихонум маслиҳат мегирифт. Маҳз бо шарофати тарбияи Бибихонум шоҳзода Улуғбек аз намоёнтарин чеҳраи Темуриён гардид.
Ҳамин тариқ метавон бо итминони комил гуфт, ки зан дар ҳар давру замон маҳаки зиндагии мардони бузург буду ҳаст ва минбаъд низ хоҳад монд. Чун зан “бо як даст гаҳвора бо дасти дигар дунёро такон медиҳад”.
Фарзонаи Иброҳим-ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 1-и ба номи академик Қурбонов К. М.