НАҚШИ ЗАБОН ДАР РУШДИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТ МАТЕМАТИКИИ ДОНИШҶӮЁН

НАҚШИ ЗАБОН ДАР РУШДИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТ МАТЕМАТИКИИ ДОНИШҶӮЁН

Забон яке аз воситаҳои асосии дарк, тафаккур ва интиқоли дониш ба шумор меравад. Дар раванди таълими математика низ забон нақши муҳим дошта, барои фаҳмидани мафҳумҳо, шарҳ додани қонунҳо, таҳлили масъалаҳо ва баёни натиҷаҳои математикӣ хизмати босазое дорад. Гарчанде математика ҳамчун илм мунтазам оид ба рақамҳо, формулаҳо, функсияҳо, графикҳо ва ғайраҳо баҳс кунад ҳам, азхудкунии мафҳумҳои асосии он бидуни малакаи хуби забонӣ душвор аст. Донишҷӯ бояд на танҳо ҳисоб карда тавонад, балки мазмуни масъалаи математикӣ, робитаи байни мафҳумҳо ва тарзи баёни ҳалли онро дуруст дарк намуда пеш аз ҳама маънои математикии ҳаряк амали иҷрокардаи худро шарҳ диҳад.

Дар шароити муосири таҳсилот ташаккул ва рушди дониш, малака ва маҳорати математикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими таълими донишгоҳӣ маҳсуб меёбад. 

Дониш, малака ва маҳорати математикӣ қобилияти истифодаи донишҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳо, таҳлил, муқоиса, хулосабарорӣ ва татбиқи дониш дар вазъиятҳои гуногунро дар бар мегирад. Дар ин радиф бе нутқи пурра ва фаҳмо натиҷаи хубе ба даст даровардан мушкил аст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳамаи давру забон, ҳангоми омӯзишу парастиш забон ҳамчун воситаи тафаккур ва муоширати илмӣ баромад кардаасту карда истодааст.

Бартарияти забонро дар раванди донишазхудкунӣ ба инобат гирифта, мутаффаккирони асримиёнагии мо ҳамаи иҷроиши амалҳо, таърифҳо ва хосиятҳои мафҳумҳои математикиро ба таври назм ва наср баён намудаанд.

Масалан:

Абӯрайҳони Берунӣ(973-1048) ба амали зарб бо забони шевои тоҷикӣ чунин таъриф додааст:

Зарб чист?

Ададро чанд бор дигар кардан аст ва намуди ӯ панҷ андар ҳафт. Хоҳӣ панҷро ҳафтбор кун, то сиюпанҷ ҳосил гардад ва агар хоҳӣ ҳафтро панҷбор кун то низ сиюпанҷ ҳосил гардад.

Зеро маънои ӯ он аст, ки панҷ ҳафт бор ё ҳафт панҷ бор

Ва ё ҳангоми ҳалли муодидилаи квадратии нопурраи намуди ах2=в

ниёкони мо аз чунин назми математикӣ истифода мекарданд:

Афтад чу адад адили амвол,

Тақсимаш кун ба аддади мол.

Онгоҳ бигир ҷазри хориҷ,

Барояд шайъ чу базри хориҷ.

Ин ҷо:

Адил – боробари

Амвол-ах2

Мол - х2

Аддади мол - коэфитсети х2, яъне а

Ҷазр – решаи квадратӣ

Базр - реша

Ҳангоми зарби ададҳо бошад, алгоритми иҷроиши амали зарбро назми зерин баён менамуд:

Оҳод бар оҳод фарз ор мудом,

Даҳро фикану зоидро даҳ кун ном.

Он гаҳ бингар зи фард то даҳ чанд аст,

Бар якдигараш зарб куну соз тамом.     

 

Ниёконамон ҳангоми иҷрои амали ҷамъ чунин гуфтаҳоро сармашқи кори худ медонистанд: “Ҷамъ зиёд кардани ададест бар адади дигар ва амали он чи аст, ки бигузорӣ ҳар дуи ин адаҳоро баробар дар ду сатр оҳодро баробари оҳод ва ашаротро баробари ашарот, ҳар як инмартабаро(разрядро) ба сурати баробари он ҷамъ кунӣ. Ва бигузори ҳосилро ба зери онҳо....ва ашара маҳфуз бошад ва маҷмӯи сатрайн маскурайн зам карда.... то мунтаҳи шавад.

Ва бидон, ки мизони адад он аст, ки боқи мемонад аз он баъд аз соқит кардани нуҳ-нӯҳ пас агар боқи монад адади ғайри нӯҳ худи он адад мизон бувад.

Ва имтиҳон ҷамъ ва таъзиф бо ҷамъи ҳар ду мизони ҷаъмшавандаҳо ё ба таърифи мизони музаъъаф аст ва гирифтани мизони муҷтамаъ. Пас агар мизони ҳосил мувофиқ набошад, хато аст.

Дар ин гуфтаҳо ба пуррагӣ тарзи ҷамъи ду адад ва тарзи санҷиши ин амал нишон дода шудааст.

Метавон садҳо чунин мислоҳоро аз хазинаи хиради ниёконамон овард, ки онҳо ҳама собиткунандаи нақши беҳамтои забон дар раванди омӯзиши фанни математикаанд.

Аз ин гуфтаҳои боло чунин хулоса метавон кард, ки забон яке аз шартҳои асосии азхудкунии математика ва фаҳмиши дақиқи мафҳумҳо мебошад.

Истилоҳоти математикӣ, аз қабили «функсия», «ҳосила», «интеграл», «муодила», «эҳтимолият», «вектор» ва ғайра, мазмуни мушаххаси илмӣ доранд. Агар донишҷӯ маънои истилоҳро дуруст нафаҳмад, истифодаи минбаъдаи он дар ҳалли масъала низ метавонад нодуруст гардад.

Забон ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки байни мафҳумҳои гуногуни математикӣ робита барқарор кунад. Масалан, ҳангоми омӯзиши функсия донишҷӯ бояд на танҳо таърифи онро аз ёд кунад, балки тавонад бо сухан шарҳ диҳад, ки функсия чӣ гуна вобастагии байни ду бузургиро ифода мекунад. Чунин шарҳдиҳӣ фаҳмиши амиқи мафҳумро инкишоф медиҳад.

Ҳалли масъалаи математикӣ одатан аз фаҳмидани шарти масъала оғоз мешавад. Шарти масъала бо забони табиӣ ифода шуда, донишҷӯ бояд маълумоти муҳимро аз матн ҷудо карда, онро ба шакли математикӣ табдил диҳад.

Масалан, дарраванди ҳалли масъалаҳои матнии математикие, ки он ҷо мафҳумҳои физикӣ, иқтисодӣ ё оморӣ мавҷуданд, донишҷӯ бояд муайян кунад, ки кадом бузургиҳо маълуманд, кадом бузургӣ номаълум аст ва байни онҳо чӣ гуна робита вуҷуд дорад. Ин раванд ҳам қобилияти математикӣ ва ҳам малакаи забониро талаб мекунад

Таҳлили масъалаҳои матни метавонад чунин марҳилаҳоро дар бар гирад:

-       хондани бодиққати шарти масъала;

-       муайян кардани мафҳумҳо ва бузургиҳои асосӣ;

-       ҷудо намудани маълумоти муҳим;

-       муайян кардани муносибатҳои байни бузургиҳо;

-       тартиб додани модели математикӣ;

-       иҷрои амалҳо ва ҳисобкуниҳо;

-       баёни ҷавоб бо забони равшан ва дақиқ ва санҷиши он.

Ҳамин тавр, забон дар оғози раванди ҳалли масъала ва ҳам дар марҳилаи ҷамъбасти натиҷа нақши муҳим дорад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз вазифаҳои муҳими таълими математика ташаккули тафаккури мантиқӣ мебошад. Муоширати математикӣ ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки фикри худро бо далел асоснок намуда, раванди ҳалли масъаларо пайдарпай шарҳ диҳад.

Ҳангоми ҷавоби шифоҳӣ ё хаттӣ донишҷӯ бояд тавонад:

-       фарзия ё андешаи худро баён кунад;

-       интихоби формула ё усули ҳалли масъаларо шарҳ диҳад;

-       қадамҳои ҳалли масъаларо пайдарпай пешниҳод намояд;

-       натиҷаро асоснок кунад;

-       хатогиҳои эҳтимолиро муайян ва ислоҳ намояд.

 

Ин амалҳо на танҳо малакаи забониро, балки қобилияти таҳлил, муқоиса ва хулосабарориро низ инкишоф медиҳанд.

Математика дорои забони махсуси худ мебошад, ки аз рамзҳо, аломатҳо, формулаҳо, диаграммаҳо ва истилоҳоти махсус иборат аст. Омӯзиши ин забон ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки маълумоти мураккабро кӯтоҳ ва дақиқ ифода кунад.

Муаллим бояд донишҷӯёнро водор созад, ки байни ифодаи рамзӣ ва шарҳи шифоҳӣ робита барқарор кунанд. Масалан, пас аз навиштани формула донишҷӯ метавонад онро бо ҷумлаҳои худ шарҳ диҳад. Ин усул ба таҳкими фаҳмиши мавод мусоидат мекунад.

Дар муҳити таълимии бисёрзабона масъалаи забон аҳамияти бештар пайдо мекунад. Донишҷӯ метавонад мафҳуми математикӣ ва истилоҳоти онро на бо якк забон балки бо якчанд забон хуб дарк кунад, ки ин ҷо алоқамандии байни забонҳо густариш ёфта, боиси рушди дониш, малака ва маҳорати донишҷӯ мегардад.

Аз ин рӯ, дар таълими математика истифодаи истилоҳоти дақиқ, ҷумлаҳои фаҳмо ва шарҳи марҳилавии мавод муҳим аст. Устоди соҳибкасб метавонад истилоҳоти калидиро пешакӣ шарҳ дода, барои онҳо мисолҳо пешниҳод намояд. Ҳамчунин муқоисаи истилоҳоти математикӣ дар забонҳои гуногун метавонад ба донишҷӯёни дар муҳити бисёрзабона кӯмак расонад.

Барои рушди малакаҳои забонӣ дар раванди омӯзиши математика метавон аз усулҳои гуногун истифода бурд. Аз ҷумла:

1. Шарҳи ҳалли масъала: пас аз анҷоми ҳисоб донишҷӯ бояд бо сухан фаҳмонад, ки чӣ гуна ба чунин натиҷа расид.

2. Муҳокимаи гурӯҳӣ: донишҷӯён метавонанд роҳҳои гуногуни ҳалли як масъаларо муҳокима намуда, усули интихобкардаи худро асоснок кунанд.

3. Тартиб додани матни масъала: донишҷӯ метавонад аз рӯйи формула, график ё расми математикӣ масъала тартиб диҳад. Ин фаъолият ҳам фаҳмиши математикӣ ва ҳам қобилияти баёни фикрро инкишоф медиҳад.

4. Кор бо истилоҳоти математикӣ: тартиб додани луғати истилоҳоти математикӣ барои азхудкунии мафҳумҳои нав муфид аст.

5. Навиштани хулосаи кӯтоҳ: Пас аз омӯзиши мавзӯъ донишҷӯ метавонад мазмуни онро бо чанд ҷумла ба таври Эссе, диктанти математикӣ ва ё иншои математикӣ ҷамъбаст кунад. Ин усул ба муайян намудани дараҷаи фаҳмиши воқеии мавод мусоидат мекунад.

 

Омӯзгор дар ташаккули забони математикӣ ва маҳорати математикии донишҷӯён нақши муҳим дорад. Ӯ бояд муҳите фароҳам оварад, ки дар он донишҷӯ аз баёни фикри худ натарсад ва барои шарҳи роҳи ҳалли масъала имконият дошта бошад.

Устод бояд на танҳо дурустии ҷавоби ниҳоиро, балки тарзи асосноккунӣ, истифодаи истилоҳот ва мантиқи ҳалли масъаларо низ ба назар гирад. Саволҳои кушода, ба монанди «Чаро ин формуларо интихоб кардед?», «Оё роҳи дигар вуҷуд дорад?» ва «Натиҷаи гирифтаатонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?», донишҷӯро ба тафаккури амиқтар водор мекунанд.

Ҳамин тариқ забон ва математика ду ҷузъи ба ҳам алоқаманди раванди таълим мебошанд. Забон ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки мафҳумҳои математикӣ, шартҳои масъала ва муносибатҳои байни онҳоро дуруст дарк кунад, фикри худро баён намояд ва натиҷаи бадастомадаро асоснок созад. Дар навбати худ, омӯзиши математика ба рушди дақиқӣ, мантиқнокӣ ва пайдарпайии баёни фикр мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани дониш, малака ва маҳорати математикии донишҷӯён зарур аст, ки дар таълими математика ба рушди муоширати математикӣ, истифодаи дурусти истилоҳот, шарҳи шифоҳӣ ва хаттии ҳалли масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Омезиши малакаҳои забонӣ ва математикӣ метавонад барои ташаккули тафаккури таҳлилӣ, мустақилияти зеҳнӣ ва қобилияти истифодаи донишҳои математикӣ дар ҳолатҳои воқеӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Забони мо дар тӯли садсолаҳо аз баҳри Миёназамин то Ҳинду Чин ҳамчун забони муоширати байни халқҳои гуногун хизмат намуда, дар осори хаттии онҳо ҳам нақши зиёде гузоштааст, месазад, ки мо имрӯз онро қадр намуда самаранок истифода барем, зеро:


Агар хоҳӣ, ки донои замон бошӣ, забони худ бидон аввал,

Агар хоҳӣ, ки байни мардумон бошӣ, забони худ бидон аввал.

   

Қодиров Бахтиёр Розиқович.-доктори илмҳои педагогӣ, аъзо - корреспонденти Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, Корманди шоистаи илм ва маорифи Федератсияи Россия, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии маорифи халқи Федератсияи Россия, профессори кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино»


30.09.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php