НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Яке аз дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ин пеш аз ҳама таъсиси давлати устувор ва пойдори тоҷикон мебошад, ки он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мустақил пазируфта шудааст. Дар ин раванд, мо бояд пеш аз ҳама ба таърихи ин раванд нигоҳ кунем, зеро ин пойдорӣ ва ободии давлат ба осонӣ ба даст наомад. Солҳои 1991-1993 мамлакат дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва хавфи парокандагии миллат ва ҳатто давлати тоҷикон ба вуҷуд омад. Қувваҳои гуногун бар хилофи ҷомеаи мамлакати мо моделҳои худро зӯран ба гардани Тоҷикистон бор карданӣ буданд, ки ин ҳам зуҳуроти дигари экстремизм ба шумор меравад».  Дар чунин давраи душвор, миллат ба роҳбаре ниёз дошт, ки мебоист давлатро наҷот диҳад. Барои ҳамин,   ворид гардидани Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат дар моҳи ноябри соли 1992 як  нуқтаи  умед барои миллат буд, ки паси он халқ сулҳро орзу мекард. Дар он рузҳо Пешвои миллат аз минбари Кохи Арбоб ба мардум муроҷиат карда чунин гуфта буданд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард…Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем». Дар ҳоле, ки баъзе давлатҳо даҳсолаҳо  аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ баромада наметавонанд, тоҷикон  дар натиҷаи гузашт, муросо, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи тарафҳо сулҳро дар мамлакат таъмин намуданд.  Аммо нуқтаи калидии расидан ба сулҳро  ҷасорати Пешвои миллат дар бар гирифт, ки ба нуқтаҳои хавфноктарини Афғонистон сафар кард, то ки баҳри сулҳ ва баргадонидани фирориён бо  тарафи муқобил мулоқот намояд. Ин намунаи расидан ба сулҳ яке аз  ганҷинаҳои мактаби Пешвои миллат мебошад, ки  ҳоло давлатҳои мухталифи ҷаҳон онро  мавриди омузиш қарор дода истодаанд. Ҳамин тавр, таърихи корнамоиҳои Пешвои миллат аз сулҳи тоҷикон оғоз гардид, ки он дар таҷрибаи ҷаҳонии пешгирии ҷанг беназир аст, зеро дар як муддати кутоҳтарин пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, тарафҳои даргир ба сулҳ ва созандагӣ расиданд. Аз ҳамон вақт сар карда, Пешвои миллат дар натиҷаи кор ва фаъолияти худ дар дохил ва хориҷи мамлакат  обруи баландро соҳиб гардида,  мактаби идоракунии навро руи кор овард. Фаъолияти Пешвои миллатро олимон ҳамчун мактаби идоракунӣ барои он ном гузоштанд, ки он   равия, усул ва шакли  муосири роҳбарии давлатро инъикос мекунад. Ибораи «Мактаби Президент»  дар системаи истиллоҳоти сиёсӣ ба он маъно омадааст, ки  дар асоси фаъолияту корномаҳои  Пешвои миллат, барномаҳои таълимӣ тартиб дода шуда, ҳамчун намунаи беҳтарини самти идоракунӣ  дар дохил ва хориҷи мамлакат мавриди истифода қарор гирифта истодаанд.  Мактаби Президенти Тоҷикистон  барои ҳамаи шаҳрвандон моили омузиш аст ва  падидаҳои он дар суханрониҳо, вохурии доимӣ бо мардум ва насиҳатҳои Пешвои миллат инъикос меёбанд, ки  роҳи инкишофи ҷомеа ва давлатро  дар ҳамкорӣ бо мардум  баррасӣ менамоянд. Таҷрибаи давлатдорӣ  исбот мекунад, ки дар ягон давраи таърихи идоракунӣ роҳбари давлат ин қадар ба халқ наздик набуд ва ин худ далели давлати демократӣ ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон инчунин дар Конститутсия шакли дунявиятро ҷорӣ намуд. Барои пешгирии минбаъдаи ифротгароии динӣ, дин аз давлат ҷудо эълон гардида, идеологияи ягона низ тавассути моддаи 8 манъ гардид, зеро «давлати ҳақиқатан демократӣ дар сиёсати худ ба  идеологияи дин муҳтоҷ надорад, зеро дар мазмуни он аллакай меъёрхои динӣ  амал мекунанд».  Дастовардҳои фаъолияти кории Пешвои миллат самтҳои зиёдро дар бар мегиранд, ки муҳимтарини аз онҳоро мо дар чунин тартиб муайян намудем:

- расидан ба сулҳи тоҷикон ва  нигаҳдошти истиқлолияти давлатӣ;

- таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва энергетикии Тоҷикистон;

- сохтмони роҳҳои стратегӣ ва баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ;

- ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти ҳалли проблемаи норасогии об дар ҷаҳон;

- рушди соҳаи илм ва маориф;

- амалисозии барномаҳои иҷтимоии давлат.

 Чуноне, ки маълум аст, дар сохтори раванди қабули қарор оиди масъалаҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ, марҳилаҳои гуногун арзи вуҷуд доранд, ки  аз ниёзи мардум оғоз гирифта, тавассути хулосаи коршиносон ва таҳлили олимон барои тасдиқ ба роҳбарияти олии давлат пешниҳод мешаванд. Дар таҷрибаи таърихи истиқлолият мо чандин лоиҳаҳоеро мушоҳида намудем, ки амалисозии онҳо барои аҳолии мамлакат хеле зарур буданд, аммо коршиносон ва олимон мавриди амал қарор додани онҳоро ғайриимкон мешумориданд ва танҳо масъулияти Пешвои миллат  ва  пофишории  вай  имкониятро барои татбиқи чунин барнома ва лоиҳаҳо  муҳайё менамуданд. Ҷасорат дар амалисозии нақша ва натиҷаи хуб ба манфиати мардум - чунин аст  принсипи мактаби Президент, ки онро мо дар мисоли сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Бохтар - Кулоб, роҳи автомобилгарди Кулоб-Дарвоз, кушодани гузаргоҳи Кулма, сохтмони неругоҳи Роғун ва садҳо  иншоотҳои стратегӣ мушоҳида мекунем, ки амалисозии онҳоро коршиносон ғайриимкон медонистанд.

Самти муҳими фаъолияти Пешвои миллат ва Мактаби Президенти Тоҷикистонро ташаббусҳои байналмилалӣ дар бар мегиранд. Ҳануз дар аввали солҳои 2000-ум  Пешвои миллат  диққати ҷаҳониёнро ба масъалаи норасогии об дар сайёра ҷалб намуд ва дар он давра баъзеҳо моҳияти ин пешниҳодҳоро  дуруст дарк накарданд.  Аммо ҳақиқати имруз нишон медиҳад, ки норасогии об зина ба зина на танҳо дар Африқо ва Осиё, балки давлатҳои Европаро низ фаро гирифтааст. Аз руи маълумоти расонаҳои европоӣ ҳоло дар давлатҳои Испания, Франсия, Румыния ва дигар давлатҳо проблемаи норасогии об ба мушоҳида мерасад.  Аз ин лиҳоз таҳдидҳои норасогии оби ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳо характери стратегӣ доштани  ташабусҳои Пешвои миллатро исбот намуданд. Таҷрибаи давлатҳои ҳамсояи дур ва  наздикро таҳлил намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи инкишофи сиёсат дар раванди сохтмони  саноат ва энергетикаи «сабз» ҳамчун роҳи ҳифзи пиряхҳоро пеш гирифта, ҷаҳониёнро ба ҳамроҳшавӣ ба чунин   муносибат бо табиат даъват менамояд, ки омили муҳими   таъмини аҳолии сайёра бо об  дониста мешавад.

Бояд зикр намуд, ки сиёсатмадор аз ходими давлатӣ бо он фарқ мекунад, ки вай дар бораи интихоботи оянда  андеша мекунад ва ходими давлатӣ бошад  дар фикри насли оянда мебошад. Пешвои миллат ҳамчун роҳбари давлат соҳаи маорифро  дар маркази сиёсати дохилӣ ҷо додааст, зеро маҳз ҳамин самт насли созандаи ояндаро ба воя мерасонад. Дар давоми солҳои истиқлолият садҳо олимони ҷавон ва ҳазорҳо мутахассисони маҳаллӣ ба воя расиданд, ки имруз дар системаи хоҷагии халқи Тоҷикистон барои беҳбудии ин сарзамин меҳнат мекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалии Рахмон ғамхорӣ дар ҳаққи фақирон, ятимон ва мардуми камбизоатро мақсади муҳими   фаъолияти  худ пеша намуда,  стратегияи сохторҳои давлатиро низ ба ҳамин самт равона месозад ва  беш аз 50 фоизи буҷети давлатро барномаҳои иҷтимоӣ дар бар мегиранд. Давлати мо инчунин бо заҳматҳои Пешвои миллат дар сохтмони демократияи миллӣ фаъолияти зиёдро амалӣ менамояд. «Демократияи мо эҳтироми ҳар фарду тамоми мардум, эҳтироми қонуну қонунгузорӣ, фароҳам овардани заминаи фаъолияти ҳар як шахсро барои ҳаёти ором дар назар дорад».  Ҳамин тавр мо дида истодем,  ки шахсият метавонад дар пешрафти ҷомеа нақши намоён дошта бошад.   

Дар масири нақши шахсият дар таърих, фаъолияти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   боиси  таҳсин аст, зеро  бо сарварии  Пешвои миллат барномаҳои бузурги  дорои сатҳи  минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гардиданд, ки аз  истеъдоди  азими идоракунии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Таҷрибаи роҳбарии Пешвои миллат нишон медиҳад, ки маҳз ирода, дониш ва ҷасорату мардонагии вай дар лаҳзаҳои душвортарини  инкишоф ба қабул гардидани қарорҳои таъриҳӣ ва ҳаллу фасли проблемаҳои халқу миллат мусоидат намуд. Ин  падидаҳо дониши бисёртарафаи Пешвои миллатро дар самти идоракунии давлат таҷассум мекунанд, ки  тавонист бо тамоми табақаҳои аҳолӣ муттаҳид шуда барномаҳои давлатиро амалӣ намояд.

Таърихи миллати тоҷик нишон медиҳад, ки ин миллат дар Осиёи Марказӣ ба қатори миллатҳои қадимтарин дохил мешавад  ва урфу  анъанаҳои миллии мо ҳамчу қисми фарҳанг  аз ҳазорсолаҳои гузашта асос мегиранд. Бо кушиш  ва заҳматҳои  Пешвои миллат давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист  муҳимтарин дастовардҳои фарҳанги кадимаи тоҷиконро  ба мисли  ҷашни байналмиллалии Наврӯз, Меҳргон, Обпошон, Сада  ва дигар идҳои миллиро  аз сари нав баркарор намуда,  дар арсаи ҷахонӣ муаррифӣ намояд. Ҳар кадоме аз ҳамин идҳо  таърихи миллат, фарҳанг,  дунёи маънавии миллат ва алоқаи байни наслҳоро мустаҳкам мегардонад, зеро  ҳар яки онҳо таърихи беш аз ҳазорсола доранд.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври расмӣ  ин идҳоро дар сатҳи давлатӣ  қабул ва эътироф намуда, онҳоро ҳамчун қисми муҳими фарҳанги миллӣ тарғиб менамояд. Ҷашн гирифтани идҳои ниёгон    ҳамчун усули   фарҳанги умумӣ   ва пайванд, алоқаи ногусастании насли имрузаро бо аҷдодони мо  нигоҳ медорад  ва  маънавиёти умумии моро бой мегардонад.  Маҳз дар доираи шинохти таърихи ин анъанаҳо   тарбияи фарҳангии насли наврас ба роҳ монда мешавад  ва он як зинаи муайяни сиёсати дохилии давлатро ташкил медиҳад.  Таҷриба нишон дод, ки   бидуни идеяи миллӣ пешрафт ва ноил гардидан ба ҳуввият ё дастовардҳои, бузурги миллӣ ғайриимкон аст  ва эҳёи таърихи қадимаи миллӣ қисми ғоявии сиёсати давлат мебошад, ки онро Пешвои миллат  муҳим мешуморад. Аммо дар  солҳои  1989-1992 ҳатто ба ном “сиёсатмадороне”  буданд, ки  таърихи гузаштаро инкор мекарданд ва   ва  ҳатто  сару садоҳое, баланд мешуданд, ки гӯё омӯзиши тамаддуни ориёӣ ва арзишҳои он  ба эҳсосоти динии мусулмонон халал мерасонад.

Дар ин масир нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро   низ дар пешрафти фарҳанги умумӣ ва сиёсӣ бояд  ёдрас шуд. Нуфузи тарбиявии ин ташкилотҳоро ёдрас шуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ  Рахмон зимни суханронии хеш дар ҷаласа бахшида ба 15-солагии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2011 иброз доштанд,  ки «пайдоиш ва фаъолияти иттиҳодияҳои чамъиятӣ ва дигар созмонҳои ичтимоӣ яке аз шаклҳои ширкати фаъоли омма дар равандҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа ва ба ин восита таъмин гардидани иштироки онҳо дар идораи корҳои давлатӣ мебошад. Зеро чунин иттиҳодияву созмонҳо ҳамчун нишонаи равшани ҷомеаи шаҳрвандӣ хоси ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбанд».

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар институтикунонии идеяи миллӣ ва таҳкими сохти давлатдорӣ нақши калон дорад. Нақши Роҳбари давлат  дар бартараф кардани оқибатҳои манфии солҳои 90ғум муҳим аст, зеро  бо кушишҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сулҳ таъмин карда шуда, институтҳои давлат имкон пайдо карданд, ба фаъолияти идоракунӣ дар асоси идеяи миллӣ  фаъолият намоянд.

Амонзода С. Б., н.и.с., дотсент, раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ


16.11.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php