НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА СУЛҲУ СУБОТИ СИЁСӢ

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА СУЛҲУ СУБОТИ СИЁСӢ

Санаи 10.11.2026 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибб тибқи нақшаи мавзӯҳо барои дарсҳои тарбиявӣ аз тарафи шуъбаи тарбия тасдиқ гардида, семинар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзӯӣ «Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории давлат ва сулҳу суботи сиёсӣ ду унсури тақдирсоз дар рушд ва пешрафти милати тоҷик (Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ» бо донишҷӯёни курси 4–уми факултаи тиббӣ профлактики гурӯҳҳои 3,4, ва 5-ум гузаронида шуд. Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Семинарро муаллимаи калони кафедра Комилов И.Ш., ифттитоҳ бахшида, донишҷӯёнро ба ифтихори ин ҷашни бузург яъне рӯзи Президент, ки саннаи 16-уми ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» эълон гардидааст ва ҳар сол дар саросари ҷумҳурӣ ин рӯзи таърихи чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа буда дар таърихи башарият бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд табрик намуд, роҷеъ ба нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолиятӣ давлатӣ, якпорчагии Ватан, пойдории давлат, таҳкими демократия, тахкими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзӣ арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ба донишҷӯён маълумот доданд Омӯзгор бо таъкид бар аҳаммияти таърихии хизматҳои Пешвои миллат иброз доштанд, ки сулҳ неъмати бебаҳо ва ваҳдати миллӣ сарвати бузургтарини ҳар як миллат ба шумор меравад. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти давлат мардуми Тоҷикистон тавонист аз рӯзҳои душвори таърихӣ раҳо ёфта, ба сӯи суботи сиёсӣ, созандагӣ ва пешрафти устувор қадам гузорад.Зикр шуд, ки ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар соҳаҳои гуногун, бахусус рушди инфрасохтор, сохтмони роҳу пулҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, барои ободии Ватан ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Ҳамчунин ассистенти кафедра Юсуфзода П.А., донишҷӯёнро бо Рӯзи Президент, табрик карда дар бораи заҳматҳои ин абармарди бунёдкор баҳри пешравии ҷумҳуриамон маълумот дода иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил, фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёби наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Баъд аз он донишҷӯӣ курси 4 гуруҳи бо маърузаи худ таҳти мавзӯи «Рӯзи Президент–ҷашни пуршукӯҳи умумимиллӣ» баромад намуда бо шеъри аз худкардаи худ бо номи Пешвои мо, раҳнамоӣ мо, хотири ҳозиринро шод гардонид.

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


12.11.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php