НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

Дар таърихи ҳар як миллат марҳилаҳое вуҷуд доранд, ки сарнавишти давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ маҳз дар он лаҳзаҳо ҳал мегардад. Барои халқи тоҷик чунин давраи ҳассос ва тақдирсоз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳисоб меравад, ки бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳамзамон бо бесуботӣ, буҳрони сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ гардид. Дар ҳамин шароити мураккабу печида, ба арсаи сиёсат шахсияте қадам гузошт, ки минбаъд тавонист сарнавишти миллатро дигаргун созад, ки ин абармарди майдони сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ ва нестшавии давлатдорӣ раҳо ёфта, ба роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди устувор ворид гардид. Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро метавон бо яке аз бунёдгузорони бузурги давлатдории миллӣ Исмоили Сомонӣ муқоиса намуд. Зеро ҳар ду дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихӣ барои ҳифзи давлат ва муттаҳидсозии миллат нақши ҳалкунанда бозидаанд.

Пешвои миллат фаъолияти худро дар замоне оғоз намуд, ки кишвар дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо иқтисодиётро фалаҷ карда буд, балки пояҳои давлатдориро низ заиф гардонида буд. Дар чунин шароит, иродаи қавӣ, ҷасорат ва ҳисси баланди масъулияти миллӣ лозим буд, то ки кишвар аз ин буҳрон раҳо ёбад. Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва дурбинона тавонист музокироти сулҳро роҳандозӣ намуда, ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ноил гардад, ки ин санад сароғози давраи нави таърихи тоҷикон гардид.

Яке аз дастовардҳои муҳими Пешвои миллат эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии он мебошад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ниҳодҳои муҳими давлатӣ ва ташаккули низоми идоракунии муосир ба устувории давлат мусоидат намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон, тавонист заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои рушди минбаъдаи кишвар фароҳам оварад.

Дар баробари ин, сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат низ аҳамияти калон дорад. Дар солҳои истиқлолият, сатҳи зиндагии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардида, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг рушд ёфтанд. Сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ нишондиҳандаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба беҳбудии зиндагии мардум мебошад.

Дар сиёсати хориҷӣ низ Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Бо ташаббусҳои байналмилалии худ, аз ҷумла дар соҳаи об ва иқлим, Тоҷикистон ба як кишвари фаъол ва таъсиргузор табдил ёфт. Ин ҳама нишон медиҳад, ки роҳбари давлат на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ обрӯ ва эътибори баланд дорад.

Агар ба фаъолияти Пешвои миллат аз диди таърихӣ назар кунем, мебинем, ки ӯ мисли Исмоили Сомонӣ дар давраи худ тавонист миллатро муттаҳид созад, давлатро таҳким бахшад ва заминаи рушди минбаъдаро фароҳам оварад. Агар Исмоили Сомонӣ давлатдории тоҷиконро дар асрҳои миёна эҳё карда бошад, Эмомалӣ Раҳмон онро дар замони муосир аз нав бунёд намуда, ба сатҳи сифатан нав баровард.

Имрӯз, дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ба як давлати устувор, амн ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Ин ҳама дастовардҳо маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва заҳматҳои пайвастаи ӯ ба даст омадаанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки рамзи ваҳдат, субот ва пешрафти Тоҷикистон мебошад.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки нақши Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон беназир ва таърихӣ мебошад. Ӯ тавонист кишварро аз буҳрон наҷот дода, ба роҳи рушд ҳидоят намояд ва орзуҳои деринаи халқи тоҷикро амалӣ созад. Маҳз ба ҳамин хотир, номи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун бунёдгузори давлати муосири тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Шарипов Х. С.-директори Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии “Стоматология”


29.04.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php