НАҚШИ КАФЕДРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ ДАР РУШДИ ҶОМЕА ВА ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОНИ ОЯНДА

НАҚШИ  КАФЕДРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ ДАР РУШДИ ҶОМЕА ВА ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОНИ ОЯНДА

Ҳифзи саломатии аҳолӣ, таҳкими оила ва тарбияи насли солим яке аз масъалаҳои муҳимтарини рушди иҷтимоии ҳар як давлат ба шумор меравад. Зеро ҷомеаи солим аз оилаҳои солим ташаккул ёфта, пешрафти устувори кишвар пеш аз ҳама ба сатҳи саломатӣ, маърифати тиббӣ ва масъулияти шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мавқеи муҳим дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки саломатии миллат сарвати бебаҳои давлат ва омили асосии пешрафти ҷомеа мебошад.

Дар ин раванд кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ ва бахусус тибби оилавӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Тибби оилавӣ яке аз самтҳои муҳимми низоми тандурустӣ буда, фаъолияти он на танҳо ба ташхису табобати бемориҳо, балки пешгирии онҳо, ташхиси бармаҳал, назорати мунтазами вазъи саломатӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ равона шудааст. Хусусияти муҳими ин соҳа дар он аст, ки табиби оилавӣ бо тамоми аъзои оила — аз кӯдакони навзод ва наврасон то занони ҳомила, калонсолон ва пиронсолон робитаи доимӣ дошта, ба ҳифзи саломатии онҳо дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёт мусоидат менамояд.

Имрӯз дар шароити тағйирёбии тарзи ҳаёт ва афзоиши бемориҳои музмин нақши табиби оилавӣ боз ҳам муҳимтар гардидааст. Бемориҳои дилу рагҳо, фишорбаландии шараёнӣ, диабети қанд, бемориҳои роҳҳои нафас ва дигар бемориҳои ғайрисироятӣ аксаран бо омилҳои хавф, аз қабили ғизои нодуруст, камҳаракатӣ, вазни зиёдатӣ ва одатҳои номатлуб алоқаманд мебошанд.

Маҳз тавассути муоинаҳои профилактикӣ, назорати мунтазам, машваратҳои инфиродӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар сатҳи оила метавон ин омилҳоро сари вақт муайян намуда коҳиш дод.

Дар баробари ин, пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи Тақвими миллии иммунизатсия, назорати рушди ҷисмониву равонии кӯдакон, дастгирии ғизодиҳии солим ва дурусти мувофици синну сол ва ҳифзи саломатии модару кӯдак аз вазифаҳои муҳимми тибби оилавӣ ба ҳисоб мераванд. Табиби оилавӣ бояд на танҳо мутахассиси соҳаи тиб, балки роҳнамо ва машваратчии боэътимоди ҳар як оила бошад. Зеро огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои саломатӣ ва муносибати масъулона ба пешгирии бемориҳо метавонад таъсири амиц расонад ва сатҳи беморшавӣ, маъюбӣ ва фавти бармаҳалро коҳиш диҳад.

Ҷанбаи дигари муҳимми рушди тибби оилавӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ба талаботи замон ҷавобгӯ ба Бозори ҷаҳонии меҳнат мебошад. Дар ин самт муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва кафедраҳои соҳавӣ масъулияти бузург доранд. Кафедраи тибби оилавӣ дар омодасозии табибони оянда нақши муҳим бозида, барои ташаккули донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалию клиникӣ ва тафаккури мустақилонаи тиббии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раванди таълим бояд бо таҷрибаи воқеии клиникӣ пайванди ногусастанӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, дарсҳои амалӣ, таҳлили ҳолатҳои клиникӣ, ҳалли масъалаҳои ташхисӣ, муошират бо беморон ва иштироки донишҷӯён дар корҳои профилактикӣ барои ташаккули малакаҳои касбии онҳо нақши муассир доранд. Донишҷӯ бояд омӯзад, ки ҳар як бемор на танҳо маҷмӯи аломатҳои клиникӣ, балки инсонест, ки ба муносибати эҳтиромона, фаҳмиш ва ғамхорӣ ниёз дорад.

Ҳамзамон, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим низ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Омӯзгорони соҳаи тиб бояд дар баробари интиқоли донишҳои касбӣ, дар донишҷӯён ҳисси масъулиятшиносӣ, одоби муошират, инсондӯстӣ, садоқат ба касби интихобкарда ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро тарбия намоянд.

Зеро табиби оянда, бояд на танҳо соҳиби дониш ва малакаи баланди касбӣ бошад, балки масъулияти иҷтимоии худро низ дарк намояд. Риояи принсипҳои ахлоқи тиббӣ, эҳтироми ҳуқуқҳои беморон, ҳифзи сирри тиббӣ, муносибати беғаразона ва риояи савганди табибӣ асоси фаъолияти ҳар як мутахассиси соҳаи тандурустӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, рушди тибби оилавӣ танҳо такмили як соҳаи алоҳидаи тандурустӣ, балки сармоягузорӣ ба саломатии ҷомеа, устувории оила ва ояндаи давлат мебошад. Баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таҳкими корҳои профилактикӣ, такмили раванди таълим ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбу масъулиятшинос вазифаи муштараки Муассисаҳои тандурустӣ ва таълимӣ мебошад.

Мо, омӯзгорон ва кормандони соҳаи тибби оилавӣ, вазифаи касбии худро дар хизмат ба мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тарбияи мутахассисони оянда мебинем. Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти кишва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтааст: «Насли солим-Ҷомеаи солим», ҷомеаи солим, босаводу соҳибмаърифат заминаи асосии пешрафт ва рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Маҷидова Шаҳноза, ассистенти кафедраи тибби оилавӣ


26.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php