НАҚШИ ҶИД ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ САЛОҲИЯТИ КАСБИИ ТАБИБОНИ ОЯНДА
Ҷамъияти илмии донишҷуён як навъи кори берун аз аудиторӣ ба ҳисоб рафта дар баланд бардоштани салоҳияти касбии табибони оянда нақши муҳим мебозад, чунки он ба рушди тафаккури илмӣ, эҷодӣ такон бахшида донишҳои назариявиро бо амалӣ алоқаманд менамояд. Аз ин лиҳоз дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ барои гузаронидани ҳар як маҳфили ҶИД диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мавзӯъҳое, ки дар ҷамъияти илмии донишҷуён таҳлил мегардад, дар оянда метавонад ба мавзӯи кори илмӣ ё таҳқиқотӣ пайваст гардад. Мавзӯъҳое, ки аз тарафи донишҷуёни курси якуми факултети тиббӣ пешниҳод гардида буд, шавқовар ва диққатҷалбкунанда буданд, масалан мавзӯъҳои пешниҳоднамудаи Холиқова Суғдия-донишҷӯи гуруҳи 59, мавзӯъ: Заҳролудшавӣ аз металлҳои вазнин ва роҳҳои коррексияи он, 2) Камолиддинова Меҳрона – донишҷӯи гуруҳи 59, мавзӯъ: Зеҳни сунъӣ ва химия, 3)Зарифова Нурия- гуруҳи 50 мавзӯъ: Хосиятҳои химиявӣ ва нейробиологии полимери синтезии 3,4 этилендиокситиофен, 4) Додоҷонова Дилноза – донишҷӯи гуруҳи 60, мавзӯъ: Технологияи коркарди маъдани Талк - актуалӣ буда аз тарафи аъзоёни маҳфил хуб қабул карда шуданд. Дар қисмати саволу ҷавоб донишҷуён хеле фаъол буданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки маҳфили ҶИД барои ҷалби донишҷуён ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва навоварӣ, тайёр намудани донишҷуён ба озмуни “Ихтироъкорони ҷавон” нақши асосӣ мебозад. Дар охир якчанд мавзӯъ ба конференсияи олимони ҷавон ва донишҷуён, ки ҳамасола моҳи апрел баргузор мегардад пешниҳод карда шуд.
Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ