НАҚШИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИБИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ СОҲАИ ФАРМАТСИЯ
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлолӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Бо таъсири тағйирёбии иқлим, иваз шудани таркиби маҳсулоти хӯрока, афзоиши аҳолӣ ва омилҳои дигар талаботи инсон ба дору рӯз то рӯз меафзояд. Мутобиқ ба андешаи мутахассисон барои рушди соҳаи дорусозии мамлакат бояд заминаҳои бештар гузошта шаванд, то тавонем талаботи аҳолиро пурра ба дору таъмин намоем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти самараноки фармасевтӣ бахши муҳими тибби тоҷикро ташкил медиҳад ва мақсадҳои асосии он барои таъмину ҳифзи саломатии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Ҳамин аст, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳаматарафаи соҳаи дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Дар ҳақиқат, рушди соҳаи дорусозӣ ва таҳкими фаъолияти фармасевтӣ дар таъмини ҳифзи сиҳатии шаҳрвандони Тоҷикистон нақши бориз дорад. Бо дастгирии роҳарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2020, таҳти №569 тасдиқ гардидааст, ки мақсади асосии он таъмини рушди устувори саноати дорусозӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне, саноаткунонии босуръати кишвар, беҳтар намудани дастрасии аҳолии мамлакат ба дору ва молҳои тиббӣ, инчунин, ҷалби сармягузорӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. Барномаи мазкур тамоми уҳдадориҳо, мушкилоти ҷойдошта дар соҳа ва роҳҳои ҳалли онро ҷиҳати рушди саноати дорусозӣ фаро мегирад. Бинобар ин, гуфта мешавад, ки «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» асосан сари бештар кардани ҳиссаи дорувории истеҳсоли ватанӣ равона гардидааст. Соҳаи дорусозӣ тадриҷан рушд намуда, имрӯз дар мамлакат 60 корхонаи истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ фаъолият менамояд. Дар корхонаҳои мазкур истеҳсоли бештар аз 560 номгӯйи маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва коркарду бандубасти гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монда шудааст.
Дар бахши дорусозии соҳаи тандурустии мамлакат омодакунии кадрҳои босалоҳияту донишманд ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, инчунин, бозомӯзии мутахассисон аз масъалаҳои меҳаврӣ мебошад. Дар партави сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои давлатӣ дар самти омодакунии кардҳои соҳаи дорусозӣ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Имрӯз бахше аз фаъолияти муассисаҳои миёна ва олии касбии мамлакат ба омодакунии кадрҳои соҳаи дорусозӣ нигаронида шудааст. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии касбии кишвар буда, дар он мутахассисони соҳаи тандурустӣ омода карда мешаванд. Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» таъсис дода шуда, фаъолияти он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Мақсади Марказ фароҳам овардани шароит барои ташкил ва гузаронидани раванди таълиму тарбия, таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ, корҳои истеҳсолӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ ва дар сатҳи баланд омӯзонидани маҳорати касбӣ буда, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарматсия ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонии бозори меҳнат мусоидат менамояд. Ташкил ва гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар аз вазифаҳои муҳими Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, дар соли ҷорӣ бо иштироки кормандони олимони ватаниву хориҷӣ, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ дар мавзуъҳои гуногун оид ба маводи доруворӣ як қатор чорабиниҳои таълимӣ, аз ҷумла, семинар-тренинг дар мавзуъҳои «Имконияти истифодабарии растаниҳои шифогии ватанӣ ҳангоми бемории бавосир», «Таснифоти маводи доруворӣ аз рӯи гуруҳи АТХ», “Гликозидҳои дил”, «Мушкилоти бозори фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истифодаи маводи доруворӣ ҳангоми инфаркти шадиди миокард» ва «Рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таснифоти маводи доруворӣ аз рӯи хосиятҳои анатомӣ-терапевтӣ ва химиявӣ (АТХ)», «Истифодаи маводи доруворӣ ҳангоми аритмияи дил», «Истифодаи маводи дорувории зиддиретровирусӣ барои табобати ВНМО», «Истифодаи самараноки маводи доруворӣ» ва ғайра ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар сохтори Марказ кафедраҳои фармакогнозия ва ташкили иқтисодиёти фармасевтӣ, технологияи дорусозӣ, кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ ҷой дода шудааст, ки фаъолияти якҷояи онҳо барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва олимони Донишгоҳ ҷиҳати омодакунии кадрҳои босалоҳияту донишманд бо назадошти татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия, инчунин, корҳои таълимию илмӣ ва истеҳсолӣ, дарёфти роҳҳои муосири амалинамоии озмоишу таҷрибаҳои илмӣ дар бахши дорусозӣ имкониятҳои муосирро фароҳам овард.
Маврид ба зикр аст, ки истеҳсоли маводи доруворӣ яке аз самти фаъолияти Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-ро ташкил медиҳад. Марказ аз бинои асосӣ, саҳни бино, анбор, панҷ хату ҳуҷраҳо, толори лексионӣ, гербария, озмоишгоҳи кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ иборат буда, бо технологияи муосири соҳаи дорусозӣ муҷаҳҳаз мебошад. Соли ҷорӣ дар Марказ 4006 қуттӣ аз 20 намуди растании шифобахши ватанӣ коркард карда, барои табобати беморон пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин,1000 қуттӣ равғани сиёҳдона дар ғилофак, 400 адад қоғазпечи доруи хокаи дибазол бо меъёри кӯдакона, 1000 адад маҳлули спиртии йод, 1000 адад маҳлули спиртии бриллианти сабз, 1000 адад маҳлули спиртии левомитсетин ва ғайра истеҳсолу пешниҳоди шаҳрвандон гардидааст. Дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и Донишгоҳ дар маҷмуъ 57 номгӯйи маводи доруворӣ тибқи дархост коркарду ба муомилот бароварда мешавад.
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маркази таълимиву истеҳсолӣ, маркази илми фармасевтии кишвар ва даргоҳи муқаддаси фармасевтони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки маҳз, дар инҷо таълиму тарбия мегиранд.
Бояд равшанӣ андохт, ки маводи доруворӣ дар шакли ҳаб (таблетка) ҳанӯз ҳаҷми ками истеҳсолотро фаро мегирад. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки соҳаи дорусозии Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун дар марҳилаи аввали коркард ва истеҳсоли маҳсулот қарор дорад, зарур аст, ки маводи доруворӣ бештар дар шакли ҳаб истеҳсол карда шавад ва коркарди ашёи хоми ватании гиёҳҳои шифобахшу дармонӣ вусъат ёбад. Дар шароити иқлими Тоҷикистон рустаниҳои бисёр бою серғизо, аз ҷумла, дорои равғани эфир зиёд буда, онҳо дар ҷаҳон серхаридоранд. Коршиносон зарур мешуморанд, ки гулу гиёҳҳои дар Тоҷикистон рӯйянда аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ мавриди омӯзиши дақиқ қарор дода шаванд. Коркард ва истеҳсоли номгӯйи зиёди маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахшу дармонии ватанӣ дар як навбат талаботи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ гардонад, дар навбати дигар ба бозори ҷаҳонӣ ворид гардидани он метавонад иқтисодиёт ва соҳаи дорусозии мамлакатро бештар рушд диҳад. Воситаҳои асосии рушди соҳаи дорусозӣ ба сармоягузории бештар, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба монанди муҳандис-технологҳои истеҳсолоти фармасевтӣ ва таъмину тақвияти технологияи соҳавӣ алоқаманд мебошад. Воситаи дигари рушди саноати дорусозӣ ба стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарӣ, аз ҷумла, бо стандартҳои байналмилалии амалияи муносиби истеҳсолӣ – GMP, амалияи муносиби клиникӣ – GCP ва амалияи муносиби озмоишӣ – GLP мутобиқ гардондани раванди истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад.
Ҳамин тавр, бо бунёду ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли маводи дорувории ватани ва татбиқи имтиёзу кафолатҳои давлатии фаъолияти самараноки фармасевтӣ, омодакунии кадрҳои босалоҳияту донишманд ва бозомӯзии онҳо дар муассисаҳои бонуфузи соҳавии дохилию хориҷӣ соҳаи дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, ҳаҷми истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ бо кафолати сифати баланд зиёд гардида, талаботи шаҳрвандон ба маводи доруворӣ таъмин мешавад.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор