НАҚШИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ИНКИШОФИ ИЛМҲОИ ТИБ

НАҚШИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ИНКИШОФИ ИЛМҲОИ ТИБ

Табиби ҳозиқ, олим, файласуф, шоир Абӯалӣ ибни Сино дар деҳаи тоҷикии Афшона, дар қарибиҳои шаҳри қадимии Бухоро, ки дар он рӯзгор пойтахти давлатдории тоҷикон- Сомониён буд, аз Ситорабону ном модари тоҷик ба дунё омад. Маълумоти ибтидоиро ӯ аз падар, ки корманди масъули даргоҳи Сомониён буд, гирифтааст. То куҷо муҳим будани нақши падару модар ва оиларо метавон аз ҳамин ҷо низ хулоса кард. Ҳамоно ӯ аз тифлӣ ба омӯзиши илмҳои дақиқ шавқ дошт ва муҳити Бухоро барои омӯзиши илм хеле созгор буд. Аз ҷумла, илми риёзиро ӯ дар назди Маҳмуди Массоҳ, мантиқ ва фиқҳ (ҳуқуқу қонун)-ро дар назди Исмоили Зоҳид, тибро дар назди табиби Бухороӣ Абӯмансури Қамарӣ, фалсафаро аз Абӯабдуллоҳ Нотилӣ омӯхт. Аз 15-солагӣ мустақилона ба омӯзиши илмҳо пардохт. Дар 18- солагӣ ӯ аллакай олими омода буд ва чун табиб шуҳрат ёфт. Баъд пайваста дар алоқамандӣ бо доираҳои илмии замон ва олимони даврон омӯзиш ва эҷодкориро идома дод. Баъд аз рад кардани хизмати дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ ба сари Сино рӯзгори пур аз саргардониҳо дар Хоразму Табаристон омад. Ӯ баъзе корҳои худро дар сари зин- ҳангоми сафарҳои дурудароз навиштааст, ки аз заҳмату ҷоннисорӣ ва ҷудоинопазирии ӯ аз илм дарак медиҳанд. Зиндагонии ӯ дар Ҳамадону Исфаҳон ибратомӯз аст.

Абӯалӣ ибни Сино ҳамагӣ 57 сол умр дида, ҷараёни зиндагии ӯ ниҳоят пурмашаққат, дар оворагӣ ва дарбадарӣ гузашт. Ҳайратовару эъҷознамо аст, ки дар ҳамин зиндагии кӯтоҳ ва ноорому вазнин ӯ тавонистааст мероси илмии хеле зиёди гаронбаҳо ба ояндагон гузорад. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо, олими забардасти тоҷик, ки дар соли 980 охири асри X ва соли 1037 аввали асри XI зиста дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Абӯалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт.

Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард. Асарҳои доир ба: 1. ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ, 2. Асарҳо оид ба тиб, 3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ, 4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.

Ибни Сино дар Ғарб бо номи «Авитсена» маъруф аст. Ӯ аз ҷумлаи он донишмандони беназири шарқиест, ки дар рушд ва такомули андешаи илмии ғарбӣ нақши муассири бевосита дорад. Таъсири бобаракати таълимоти фалсафаи Ибни Сино дар такомули ҷаҳонбинии андешамандони бузурги ғарбӣ, монанди Роҷерс Бэкон, Сигери Брабантии Гундиславӣ, Петри Испанӣ, Ҳиноними (Вилҳелми) Овернӣ, Моисей Маймонид, Уилям Оккам, Дунс Скотт, Фома Аквинский, Спиноза, Данте ва дигарон ба исбот расидааст. Дар асри X дар шаҳри Шартри Фаронса мактаби фалсафие мавҷуд будааст, ки дар он аз ҷумла таълимоти Ибни Синоро ташвиқ ва тарғиб менамуданд. Дар донишгоҳи Порис бо сардории Сигери Брабантӣ ҳавзаи илмие ба вуҷуд омада будааст, ки асарҳои Ибни Синоро ба лотинӣ бармегардонданд. Ба ивази ду китоби Абӯалӣ ибни Сино ва як китоби Ҳален, ки дар китобхонаи яке аз кардиналҳои дарбори папаи Рим будааст, чунон пули калон додаанд, ки эҳтиёҷи касалхонаи шаҳри Монполеро (Фаронса) таъмин намудаанд.

Маъхазҳо ва муҳаққиқон миқдори осори ӯро то 455 адад ном бурдаанд. Ибни Сино дар инкишофи илмҳои фалсафа, мантиқ, тиб, ҳандаса, илми ҳайат, набототшиносӣ ва дигар соҳаҳои табиатшиносӣ саҳми мондагор гузоштааст. Ин аст, ки ӯро барҳақ ҳакими бузург ва олими энсиклопедӣ меноманд. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки ибни Сино бо асарҳояш дар 29 соҳаи илм саҳм гузоштааст. Бузургтарин асари Сино дар олами тиб “Ал Қонун фи-т-тиб” дар байни солҳои 1012 – 1023 навишта шудааст. Ин китоб дар асрҳои миёна дар кишварҳои Аврупо беш аз 7 садсола китоби асосии дарсии оид ба тиб маҳсуб шуда, ба забонҳои зиёди дунё ба шакли пурра тарҷума шудааст.

Қобилияти илмии Абӯалӣ ибни Сино, пеш аз ҳама, дар соҳаи илми тиб зуҳур ёфта буд. Бесабаб нест, ки ӯро дар қатори чунин бузургони ин илм, ба монанди Буқрот ва Ҷолинус ном мебаранд. Дар як асари кандакории асримиёнагии Аврупо Ибни Сино тоҷ бар сар дар минбар ва аз ду тарафи ӯ Буқроту Ҷолинус ба тасвир омадаанд, ки ин бузургии мавқеи табиби моро дар ақсои ҷаҳон дар таърихи илм нишон медиҳад.

Баъд аз ихтирои санъати чопи китоб “Ал-қонун-фи-т-тибб” соли 1483 дар Венетсия нашр шуд. Дар асрҳои 15-16 ин китоб 35 маротиба гаштаю баргашта ба нашр расидааст.

Ба ҷуз ин асар Ибни Сино китобҳои зиёди дигари тиббӣ, аз ҷумла асари бузурги “Китоб-уш-шифо”, “Ал кулинҷ”, “Ал- адвият-ул –қалбият” ва рисолаҳои “Мухтасар-ун-набз”, “Алвоҳия” ва ғайра навиштааст. Ҷолиб аст, ки дар ин қатор як силсила асарҳои худро, қариб даҳ номгӯй дар шакли назм бо номи “урҷуза”, яъне баҳри раҷаз навиштааст, ки нуҳтои он ба мавзуи тиб ва яктояш ба мавзуи мантиқ бахшида шудааст. Ва ин далели на танҳо олими бузург, балки шоири бузург будани ӯ низ мебошад. Ба андешаи мо, асарҳои назмии Ибни Сино ҳанӯз интизори пажуҳишҳои ҳамаҷонибаи олимони адабиётшинос мебошанд.

Юлдошева М.У.-дотсенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1



25.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php