МУВАФФАҚИЯТИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

МУВАФФАҚИЯТИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Донишҷӯёни Донишгоҳ дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияҳои «Биология» ва «География» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Ин дастоварди арзишманд бори дигар сатҳи баланди омодагии илмӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти таҳлилӣ доштани донишҷӯёни Донишгоҳро нишон медиҳад.

Аз рӯйи номинатсияи «Биология» ҷойи якум насиби Абдуллоев Диёрбек, донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ гардид. Ҷойҳои дуюмро Улуков Диловар, донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ ва Юсупов Камол, донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ соҳиб шуданд. Ҳамчунин, Раҷабов Иброҳим, Юсупов Илҳомҷон ва Қодиров Сулаймон сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи «География» бошад, Маруфов Сухроб, донишҷӯи курси 2-уми факултети тиббӣ, ҷойи сеюмро ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки ин дастовардҳои назаррас маҳз натиҷаи заҳматҳои пайваста ва фаъолияти пурсамари олимаи тоҷик, дотсенти кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи ба номи профессор Бердиев Н. Б., номзади илмҳои биологӣ Шаҳсуфбекова Оимнисо Маҳмадназаровна мебошанд. Маҳз бо роҳнамоӣ, талошҳои хастанопазир ва таҷрибаи ғании омӯзгориву илмии ин омӯзгори соҳибэҳтиром донишҷӯён ҳамасола дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва даврҳои гуногуни озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» иштироки фаъол намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ мегарданд.

Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни озмунро бо ин муваффақияти арзанда самимона табрик намуда, ба онҳо дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд. Ин дастовардҳо далели равшани таваҷҷуҳи Донишгоҳ ба рушди неруи зеҳнӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод мебошанд.

 

Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б.


10.06.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php