МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ЯГОНАГӢ ВА ВАҲДАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бояд гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба мамлакат зарари ҳаматарафа овард. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин навиштааст: «Дар натиҷа садҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ, дабистону кӯдакистонҳо ва деҳаҳои бутун ва лангор шуданд. Ғоратгарӣ ва талаву тороҷ авҷ гирифт. Маҳсули меҳнати солҳо ҷамъовардаи мардум ба яғмо рафт. Хазорхо нафар одамони бегунох кушта шуданд ва хазорони дигари шаҳрвандони Тоҷикистон ҷои истиқоматии худро тарк намуда ба давлатҳои Афғонистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ фирор намуданд. Зарари моддии ба ҷумҳурӣ расондаи ҷанг бештар аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод..
Яке аз ҷиҳатҳои мудҳиши ҷанг дар он ифода меёфт, ки талафоти калони инсонӣ ба амал омад. Аз тарафи қувваҳои мухолиф шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ходимони намоёни миллату давлат, илму фарҳанги ҷумҳурӣ кушта шуданд. Дар байни онҳо М.С. Осимӣ, М.Н. Назаршоев, М. Назриев, М. Шералиев, М. Ғуломов, Ю. Исҳоқӣ, О. Латифӣ ва дигарон буданд.
Аксари мардуми кишварамон манфиатдор буданд, ки дар ин сарзамин харчӣ зудтар сулх тантана ёбад. Хушбахтона, рохбарони давлати сохибистиклоли навбунёди Точикистон низ ин тамоюлро харчониба дастгири намуда, роххои сулх ва оштии миллиро дарёфт намуданд. Хамин тавр, танхо ба туфайли Вахдати миллӣ ва ягонагӣ амнияти Точикистонро таъмин кардан мумкин буд.
Хушбахтона, рохи сулх дар Точикистон аз тарафи хамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва мамлакатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт.
Созмонҳои байналмилалии ҷаҳон, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид саҳми худро дар муътадилгардонии вазъ дар Тоҷикистон гузоштанд.
Бо мақсади таъмини сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз ёфт. Гуфтушунидҳо дар байни ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди оппозитсия точик борҳо дар Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон, дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Исломобод, Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Москва барпо гардиданд. Дар гузаронидани гуфтушунидҳо ва ба даст овардани сулҳ саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст.
Дар рохи таъмини сулҳи пойдор дар Тоҷикистон зарурати ташкил намудани гуфтушуниди байни тоҷикон ба миён омад, ки вай аз 5-19-уми апрели соли 1994 идома ёфта, дар 8 давра гузаронида шудааст. Дар амалӣ гардидани ин иқдоми нек сарварони кишварони бо мо ҳамсоя, аз ҷумла давлати Афғонистон – Бурҳониддини Раббонӣ низ саҳми арзандаи худро гузошт.
17 сентябри соли 1994 дар Техрон Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ, катъи дигар амалиёти душманона дар сархади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунид ба имзо расид. Кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ қабули чунин ҳуҷҷатро дастгирӣ намуда, умеду бовар ҳосил карданд, ки роҳи сулх боварибахшу ҷиддӣ пеш гирифта шудааст.
23 декабри соли 1996 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик С.А. Нурӣ вохурда, бо ширкати намояндагии махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид созишномае имзо карданд, ки тибқи он Комиссияи оштии милли таъсис дода шуд.
4 июли соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон фармон баровард, ки тибқи он Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд.
Комиссияи оштии миллӣ амалан фаъолияти худро аз соли 1997 то соли 2000-ум давом дода, саҳми арзандаро барои ба кишвари сулх табдил додани Тоҷикистон гузоштааст.
Гуфтушуниди байни тоҷикон 40 моҳ тӯл кашид, вале, мутаассифона, дар ин давра ҷанги мусаллаҳона хомӯш нашуда буд. Яке аз муваффақиятхои кори комиссия аз он иборат буд, ки вай бо иштироки бевоситаи Созмони Милали Муттахид (СММ), Созмони Амният ва Хамкорӣ дар Аврупо (САХА), Иттиходи Давлатхои Мустақил (ИДМ), Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) ва дигар созмонхои мамлакатхои ба мо дуст, чун Русия, Афгонистон, По- кистон, Эрон, Казокистон, Узбекистон ва Киргизистон гузаштааст. Дар ин кори мухим Созмони Милали Муттахид хизмати босазо кардааст.
Дар натичаи чидду чахди куввахои пешкадам дар дохили чумхурӣ ва берун аз он 27 июни соли 1997 дар ш. Маскав Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризояти милли дар Точикистон кабул гардид, ки зери он Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рохбари Иттиходияи нерухои оппозитсионии точик С.А. Нурӣ ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Г.Д. Меррем имзо гузоштанд.
Сарфи назар аз мушкилот ва мураккабии шароити таърихии солхои 90-ум, дар Чумхурии сохибистиклоли Точикистон сулх галаба кард. Дар Симпозиуми байналмилалии «Тачрибаи таърихии сулхи Точикистон», ки 26-27 апрели соли 2001 дар Душанбе барпо гардида буд, кайд шуд, ки сулхи Точикистон барои мардуми чахон ибрат ва сабақи таърихӣ мебошад.
Имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон, ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Осиёи Марказӣ таъсири мусбат расонд. Акнун дар рӯзнома амалан ҳал намудани масъалаҳои ҳаётан муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсии ҷумҳурӣ меистод ва барои ҳарчи зудтар бартараф кардани сохтори фалаҷгаштаи идораҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, ҳарбӣ кӯшиш карда мешуд.
Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳро мустаҳкам мегардонад, ба ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ буд. Соли 1993 теъдоди онҳо ба 800 ҳазор нафар расид.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳ ва бозгашти ҳамватанон мусоидат намуданд. Дар ин бобат қабули қонунҳои авф ва иловаҳо ба қонунҳои «Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи озодии виҷдон» ва ғайра шаҳодат медиҳанд. Вохӯриҳои намояндагони мақомоти низомӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи минтақаи Қаротегин низ ба барқарор шудани сулҳ мусоидат намуданд. Хусусан, барномаи «Хоки Ватан»-и радиои тоҷик ба бозгашти фирориён хизмати босазо кард.
Масъалаи бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ кори осон набуд. Дар паҳлуи омили бадбинӣ ва қасд як силсила омилҳои дигар, аз ҷумла сӯхта шудани даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, ғорат шудани техника ва молу мулк, хароб гардидани замини корӣ, набудани пул иҷрои ин корро душвор менамуд. Кумакҳое, ки ҳукумат мекард ё созмонҳои башардӯсти байналмилалӣ мерасониданд, барои ҳалли мушкилот кофӣ набуданд. Гузашта аз он ҳанӯз роҳбарияти оппозитсия ба бозгашти гурезаҳо ризоят надошт.
Қонуни афв имкон дод, ки садҳо нафар одамони, ҷинояташон ба фаъолияти иҷтимоию сиёсиашон иртибот- дошта, бахшида шаванд.
Ба Тоҷикистон имкони татбиқи сиёсати байналмилалии сулҳ ҳам фароҳам омад. Сафарҳои расмии сардори давлати Тоҷикистон ба Туркия, Эрон, Покистон, Чин, ба як қатор мамлакатҳои ИДМ, иштирокаш дар нишастҳои байналмилалӣ ва суханрониҳояш дар иҷлосияи СММ дар солҳои 1993, 1994 ва 1995, эътироф шудани давлати тоҷикон аз тарафи қариб тамоми мамлакатҳои ҷаҳон яке аз намунаҳои ба вуҷуд омадани пояи сулҳу ваҳдат дар мамлакат мебошад.
Ҳамин тавр, бояд дарк намоем, ки нигоҳ доштани сулҳ, Ваҳдати миллӣ қарзи конститутсионии мақомоти ҳокимият ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Комилов А. Ф. -ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ