МУШТИ ХОКЕ, КИ АЗ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ ҲИКОЯТ МЕКУНАД (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

МУШТИ ХОКЕ, КИ АЗ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ ҲИКОЯТ МЕКУНАД (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

Таърихи ҳар миллат саҳифаҳои пурифтихор, пурдард ва ҳамзамон ибратомӯз дорад. Дар ин саҳифаҳо номи фарзандони содиқе сабт гардидааст, ки барои озодӣ, ҳастӣ ва бақои давлату миллат ҷоннисорӣ намудаанд. Миллати тоҷик низ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шахсиятҳои барҷастаеро ба майдони сиёсат ва давлатдорӣ овардааст, ки бо матонат, ҷасорат ва муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан дар роҳи хизмат ба мардум аз худ осори мондагор гузоштаанд. Номи Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва фарзанди барӯманди миллат Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои таърихист, ки фаъолияти онҳо бо сарнавишти давлатдории тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.

18 майи соли 2026 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳим ва рамзӣ ба амал омад. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи сиёсати арҷгузорӣ ба таърих ва шахсиятҳои миллӣ, мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат аз Федератсияи Русия ба Ватан оварда шуд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафари корӣ дар маросими қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва йфарзанди барӯманди миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуд. Ин иқдом на танҳо як амали сиёсиву дипломатӣ, балки арҷгузории бузург ба хотираи шахсиятҳое мебошад, ки барои ҳастии миллат хизматҳои таърихӣ анҷом додаанд.

Лаҳзаи ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расидани хоки муқаддаси ин фарзандони миллат ва шахсан аз ҷониби Пешвои миллат истиқбол гирифтани он, воқеаи бисёр таъсирбахш ва пуррамз буд. Ин манзара бори дигар собит намуд, ки миллате, ки гузашта ва қаҳрамонони худро эҳтиром мекунад, ҳеҷ гоҳ роҳи гумроҳиро пеш намегирад. Пешвои миллат бо эҳтироми амиқ ба рӯҳи гузаштагон сари таъзим фуруд оварда, ба ҷомеа паёми муҳим расониданд, ки миллате зинда аст, ки фарзандони содиқашро фаромӯш намекунад.

Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи поягузорони давлати тоҷикон дар асри XX ба шумор меравад. Ӯ яке аз шахсиятҳое буд, ки барои таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян гардидани ҳудуди он дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ талошҳои бузург анҷом дод. Дар шароите, ки масъалаи мавҷудияти миллати тоҷик зери шубҳа қарор дошт, Шоҳтемур бо ҷасорат ва матонати сиёсӣ аз ҳаққи тоҷикон ҳимоят намуд. Маҳз хизматҳои ӯ ва ҳамсафонаш буд, ки миллати тоҷик соҳиби ҷумҳурӣ ва баъдан давлати мустақил гардид. Аммо тақдири ӯ фоҷиавӣ анҷомид. Дар солҳои сиёҳи репрессияҳои сталинӣ ӯ ноҳақ қурбон гардид. Бо вуҷуди ин, номи ӯ аз саҳифаҳои таърих пок нашуд ва имрӯз ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон бо эҳтиром ёд мешавад.

Нусратулло Махсум низ яке аз чеҳраҳои калидии ҳаракати давлатсозии тоҷикон буд. Ӯ ҳамчун роҳбари сиёсӣ барои рушди маориф, фарҳанг ва худшиносии миллӣ хизматҳои арзанда анҷом дод. Дар замоне, ки тоҷикон ба ҳимояи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худ ниёз доштанд, Нусратулло Махсум бо тамоми ҳастӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ мубориза бурд. Вай низ қурбонии фитнаву туҳматҳои сиёсӣ гардид, аммо таърих номи ӯро ҳамчун фарзанди содиқи миллат абадан зинда нигоҳ дошт.

Нисор Муҳаммад бошад, аз ҷумлаи шахсиятҳои бедордил ва ватандӯсте буд, ки зиндагии худро ба хизмати мардум бахшид. Ӯ бо фарҳанги баланди сиёсӣ ва эҳсоси гарми ватандорӣ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллат саҳми муносиб гузоштааст. Имрӯз гиромидошти хотираи ӯ нишонаи эҳтиром ба тамоми фарзандони фарзонаи миллат мебошад.

Бозгардонидани мушти хок аз оромгоҳи чунин шахсиятҳо танҳо як иқдоми рамзӣ нест. Ин амали дорои аҳамияти бузурги маънавӣ, сиёсӣ ва тарбиявӣ мебошад. Зеро хок барои миллати тоҷик мафҳуми муқаддас дорад. Хок рамзи Ватан, ҳастӣ, реша ва сарнавишти миллат аст. Ҳар мушти хоке, ки аз оромгоҳи фарзандони содиқи миллат оварда мешавад, гӯё қиссаи пурдарди таърихи миллатро нақл мекунад. Ин хок аз мубориза, ҷоннисорӣ, азоб ва умеди фарзандони миллат ҳикоят мекунад.

Имрӯз дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои гуногуни маънавӣ ва идеологӣ рӯ ба рӯст, эҳтиром ба таърих ва қаҳрамонони миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Миллате, ки аз гузаштаи худ дур мешавад, ба буҳрони ҳувият гирифтор мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, сиёсати Пешвои миллат дар самти эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои миллӣ дорои аҳамияти сарнавиштсоз мебошад. Ин сиёсати хирадмандона дар дили ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллиро тақвият мебахшад.

Ватандӯстӣ танҳо дар сухан нест. Ватандӯстӣ эҳтиром ба таърих, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва садоқат ба давлат мебошад. Онҳое, ки барои миллат хизмат карданд, бояд ҳамеша дар хотири мардум зинда бошанд. Бозгашти мушти хоки Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад ба Тоҷикистон ба ҳар шаҳрванди кишвар дарси бузурги ватандорӣ медиҳад. Ин рӯйдод нишон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз ба қадри фарзандони фидоии худ мерасад ва хотираи онҳоро гиромӣ медорад.

Ин иқдом ҳамчунин собит месозад, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо як дастоварди сиёсӣ нест, балки эҳёи ҳақиқии хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Агар дар замони гузашта номи бисёр фарзандони миллат таҳриф ё фаромӯш гардида бошад, имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон адолати таърихиро барқарор мекунад. Ин раванд барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва худогоҳии ҷомеа нақши муҳим мебозад.

Лаҳзае, ки Пешвои миллат хоки муқаддаси фарзандони миллатро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд, дар асл лаҳзаи пайванди наслҳо буд. Ин манзара ба ҳар як ҷавони тоҷик паём медод, ки Ватан муқаддас аст ва хизмат ба он шарафи бузург мебошад. Қаҳрамонони миллат ҳарчанд аз миёни мо рафтаанд, аммо ормонҳои онҳо зиндаанд. Онҳо мехостанд миллати тоҷик соҳиби давлат, забон, фарҳанг ва ифтихори миллӣ бошад. Имрӯз Тоҷикистон маҳз ба шарофати чунин фарзандони фидоӣ ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро дорад.

Мушти хоке, ки аз таърихи миллат ҳикоят мекунад, дар асл рамзи садоқат ба Ватан аст. Ин хок моро ба андеша водор месозад, ки барои ҳифзи давлатдорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳар як шаҳрванд масъул мебошад. Насли ҷавон бояд аз зиндагӣ ва фаъолияти чунин шахсиятҳо сабақ гирифта, дар роҳи ободии Ватан саҳмгузор бошад.

Имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардидааст. Дар ин роҳ такя ба таърих, эҳтиром ба қаҳрамонон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бисёр муҳим мебошад. Зеро миллате, ки гузаштаи худро эҳтиром мекунад, ояндаи худро низ бо эътимод месозад. Аз ин рӯ, бозгардонидани хоки фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки сабақи бузурги ватандорӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

Мушти ин хок гӯё бо ҳар заррааш мегӯяд, ки Ватанро дӯст доред, таърихи худро бишносед ва барои ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ содиқона хизмат намоед. Зеро миллат бо хотираи таърихӣ зинда мемонад ва фарзандони вафодораш номи онро ҷовидона месозанд.

Шарипов Х. С.-директори Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”


19.05.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php