МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧИН

МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО НАМОЯНДАГОНИ ПАЛАТАИ САВДОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧИН

9 ноябри соли 2026 дар толори бинои асосии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» вохӯрии ректори Донишгоҳ бо намояндагони Палатаи савдои байналмилалии Чин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ хонум Лу Пин (Ms. Lu Ping) – узви доимии Шӯрои Палатаи савдои байналмилалии Чин ва хонум Хуан Дандан (Ms. Huang Dandan) – директори генералии амалиётии ҶДММ «Гурӯҳи Дэхан» дар Минтақаи озоди тиҷоратии Ҳайнан иштирок намуданд.

Меҳмонон дар оғози боздид бо фаъолияти Маркази омӯзиши малакаҳои амалии Донишгоҳ шинос шуда, бо имкониятҳои таълимӣ, таҷҳизоти муосир ва раванди омодасозии мутахассисони соҳаи тиб аз наздик ошно гардиданд.

Сипас, мулоқоти меҳмонон бо ректори Донишгоҳ профессор Муҳиддин Н.Д. баргузор гардида, зимни он ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ, роҳандозии муносибатҳои мутақобилан судманд ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд. Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба ва баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ иброз доштанд.

Ин вохӯрӣ барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи самтҳои нави ҳамкории Донишгоҳ бо муассисаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам меорад.


16.11.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php