МУЛОҚОТИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББИИ № 2 БО ДОНИШҶӮЁН
Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Зимни суханронӣ декани факултет Набизода М. Х. таъкид намуданд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими сиёсиву иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди кишвар, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, маориф ва тарбияи насли ҷавонро муайян месозад. Қайд карда шуд, ки дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳар як донишҷӯ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолияти таълимии худро ба роҳ монад.
Ҳамзамон, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, хатарҳои терроризм ва экстремизм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки чунин падидаҳои номатлуб метавонанд ба суботу амнияти ҷомеа таъсири манфӣ расонанд ва ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ҳар гуна гурӯҳҳо ва ақидаҳои ифротӣ канораҷӯӣ намоянд.
Бахши муҳими мулоқот ба мубориза бар зидди зуҳуроти коррупсионӣ бахшида шуд. Декани факултет изҳор дошт, ки поквиҷдонӣ, шаффофият ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ бояд меъёри асосии фаъолияти ҳар як донишҷӯ ва омузгор бошад. Қабул ва татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ омили муҳими таҳкими боварии ҷомеа ба низоми маориф мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ, интизоми дарсӣ ва иштироки фаъолона дар раванди таълим дар кафедраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки сифати таълим аз сатҳи масъулиятшиносии ҳар як донишҷӯ вобастагии мустақим дорад. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба дарсҳо саривақт ҳозир шуда, талаботи низомномаи донишгоҳро қатъиян риоя намоянд.
Дар анҷоми мулоқот миёни донишҷӯён ва роҳбарияти факултет мубодилаи афкор сурат гирифт. Донишҷӯён доир ба масъалаҳои марбут ба шароити таълим, таҷрибаомӯзӣ ва такмили сифати дарсҳо саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Чунин вохӯриҳо дар таҳкими робитаи роҳбарият бо донишҷӯён, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тақвияти масъулияти касбии табибони оянда нақши муҳим мегузоранд.
Факултети тиббии № 2