МУАЛЛИМ – РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ
Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ духтур, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи махфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Вақте калимаи устодро ба забон меорем, бевосита пеши назарамон симои муаллим падидор мегардад. Аммо ин фикр тамоман чизи дигар аст. Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеьдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро мураббӣ ва роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр бигӯем.
Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад. Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз муаллимӣ нест.
Шахсияте, ки дар зиндагии хеш ҳунари волои худро ба касе намеомӯзонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамареро мемонад, ки беманфиат аст. Анъанаи неки мардумӣ омӯзонидани ҳунарҳои воло ба насли ояндаи миллат аст, ки фардои дурахшони ҳаёт аз он сахт вобастагӣ дорад. Зиндаёд будани номи бузургон маҳз тавассути ҳунари воло, дастранҷи зебо ва шогирдони баркамол сурат мегирад: Тавре Саъдии бузург фармуда:
Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Зинда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
Муаллим ба кавли бузургон мухандиси рухии инсон аст. Тавре ки мухандис накша ё созмони ягон кореро ташкил медихад, муаллим низ аз рузи аввал ба шогирдон адаб меомузад ва онхоро ба хаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халк мегуянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуксонхоро бартараф мекунанд. Яъне омузгор ибратомузест, ки хар калому хар нигоху хар кадамаш саропо ибрати сохибдилон аст.
Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омузгорй касби нихоят пуршараф аст ва омузгор касест, ки хамеша дар чустучуи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию чамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонй муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънй хабаре надорад, олиме сохт.
Расад чон бар лаби бечора устод.
Ки харферо ба шогирде дихад ёд.