МОДЕЛИ АХЛОҚИИ МУНОСИБАТИ БАЙНИ ТАБИБ ВА БЕМОР. ДЕОНТОЛОГИЯ ВА ТИБ
Деонтологияи тиб дар умум ахлоқи тиббиро дар назар дорад, ки ҳамчун этикаи тиббӣ (лот. ethica, юнонӣ еthice - ахлоқ) маълум аст. Этикаи тиббӣ аз маҷмуи қоидаҳо ва меъёрҳои корманди тиб иборат мебошад.
Бори аввал мафҳуми «деонтология»-ро дар асри 19 олими англис И. Бентам истифода намуд. Фарқияти этикаи тиббӣ ва деонтология дар он аст, ки деонтология меъёрҳои рафтори табибонро дар муносибат бо бемор муҳим медонад, ки дар асоси қоидаҳои этикаи тиббӣ мураттаб шудаанд. Деонтология, мисли этика, ахлоқро меомузад, аммо дар маркази он муносибати табиб бо бемор, табиб ва хешовандони бемор ва табиб бо табибон ва ҷомеа меистад.
Принсипҳои асосии этикаи тибро ҳануз дую ним ҳазор сол қабл дар Юнони қадим Гиппократ таҳия намуд, ки бо номи «Савганди Гиппократ» маъруф мебошанд ва дар асоси он мақсади тиб табобати бемор мебошад.
Дар ин масир мафҳуми «деонтология» раванди рафтори табибро дар назар дорад, ки се равияи муносибатҳоро дар бар мегирад:
табиб - бемор;
табиб - хешовандони бемор;
табиб-табиб.
Деонтология яке аз роҳҳои танзими муошират ва рафтори одамон дар ҷомеа буда, бо ёрии меъёрҳо, қоидаҳо, барои ноил шудан ба ягонагии манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ мусоидат мекунад. Меъёрҳо ва ҳоидаҳои ахлоқӣ, ки дар деонтология дарҷ гардидаанд, аз тарафи ҷомеа ҳамчун дастоварди ҷомеа пазируфта мешавад.
Дар давоми таърихи дуру дарози тиб бисьёр принципҳои ахлоқӣ дар коидаҳо ва меъёрҳои дақиқ мураттаб карда шуда, рафтори табибонро ташаккул медод, ки дар асоси онҳо равияи деонтология таъсис гардид. Деонтологияи муосири тиббӣ маҷмӯи вазифаҳои ҳуқуқӣ, касбӣ ва қоидаҳои рафтори духтур нисбат ба бемор, оила ва дӯстон ва ҳамкорони ӯ мебошад. Принсипҳои деонтология аз нуқтаҳои зерин иборат мебошанд:
1. Муносибати ахлоқии «табиб – бемор». Яке аз хислатҳои асосии ахлоқии духтур хисси баланди масъулиятшиносӣ барои ҳаёт ва саломатии бемор мебошад. Он, пеш аз ҳама, дар муносибати ҳассос ва бодиққат нисбат ба бемор, дар қобилияти пайдо кардани муносибати индивидуалӣ ва барқарор намудани алоқаи хуб ва дар омузиши психологияи бемор зоҳир мегардад. Вале дар муошират бо бемор танҳо як худи ҳассосият кифоя нест, зеро ҳисси масъулиятро танҳо бо маҳорати баланди касбии духтур ва қобилияти тафаккури клиникии вай ба даст оварда мешавад. Бо дарназардошти ҳуқуқи инсон ба нигоҳдории тандурустӣ, моделҳои таърихан муқарраршудаи муносибатҳои ахлоқии «табиб-бемор» ва ҳолати ҷомеаи муосир, Р.Вэтч чор модели муносибатҳои табиб ва беморро мураттаб месозад.
а. Модели навъи техникӣ (инженерӣ): духтуре, ки дорои дониш ва малакаи касбӣ буда, сифатҳо ва манфиатҳои шахсии беморро сарфи назар намуда, барои табобати беморӣ кӯшиш мекунад. Ин гуна духтур чунин мешуморад, ки вазифаи ӯ пешниҳоди тамоми маълумот ба бемор аст ва қарор аз худи бемор бармеояд ва худи бемор дар бораи рафтори ояндааш қарор қабул мекунад. Духтур дар фаъолияти худ фақат принсипҳои илмро ба рохбарӣ мегирад, зеро ки вай дар бадани инсон инженер буда, ҳамчун техник амал мекунад. Вай қубуру каналҳои гуногунро мепайвандад, системам заҳролудро мекашад ва ҳамин тавр табобат мекунад. Камбудии маънавии ин гуна муносибат дар он аст, ки табиб агар мақсади нек дошта бошад ҳам, бе дарназардошти ҳолати ахлоқӣ ва рўҳии бемор, афзалияти эҳсосҳои арзишманди вай, бидуни дидани шахсияти бемор ба муолиҷаи самарабахш ноил шудан имконнопазир аст.
б. Модели (принсипи) ахлоқие, ки мувофиқи он «ҳангоми нигоҳубиниа бемор, ба ӯ зарар нарасонед». Ин модел намунаи рафъи дағалӣ дар муносибати табиб ва бемор аст. Агар дар модели типи техникӣ табиб аз арзишҳои ахлоқӣ комилан дур бошад, дар ин ҷо баръакс, табиб қобилияти ахлоқӣ ва муносибатҳои табибро муболиға намуда, мавқеи беморро нодида мегирад. Духтур табобатро дар асоси арзишҳои ахлоқии худ бидуни муҳокимаи онҳо бо бемор таъин ва роҳбарӣ мекунад. Чунин табобат боиси беэътиноӣ нисбат ба дигар мавқеъҳои ахлоқӣ мегардад ва барои некӯаҳволии бемор оқибатҳои манфӣ медошта бошад. Бартарии ин модел сифатҳои баланди ахлоқии духтур. Ҷиҳати манфӣ ин аст, ки бемор аз имкони қабули қарорҳо маҳрум аст ва масъулиятро ба дӯши духтур мегузорад. Хусусияти манфии ин модел инчунин дар он аст, ки риояи тамоми принсипҳо танҳо ба духтур вогузор шудааст, ки аз ӯ сифатҳои олии ахлоқиро талаб мекунад.
в. Модели коллективӣ. Ин кӯшиши якҷоя кардани ду модели аввал буда, табиб ва бемор якдигарро ҳамчун ҳамкасбон мебинанд, ки ба мақсади умумӣ — барҳам додани касалӣ ва нигахдории тандурустӣ равона шудаанд. Муносибатҳои онҳо бояд ба боварии ҳамдигарӣ, баробар ва озод бошад. Манфияти ин модел дарт он аст, ки онро дар амал татбиқ кардан имконнопазир аст.
г.Модели навъи шартнома (шартномавӣ). Ду гуруҳи одамон дар асоси уҳдадориҳои тарафайн ва манфиати тарафайн амал мекунанд. Ин намуди тибби ахлоқӣ камбудиҳои моделҳои дар боло зикршударо бартараф мекунад ва ба розигии тарафҳо асос ёфтааст. Духтур бояд тамоми маълумотро дар бораи хусусияти беморӣ, мақсад ва хатари табобат ва алтернативаҳои имконпазирро ба бемор пешниҳод намояд. Бемор ҳақ дорад, ки саломатӣ ва ҳаёти худро назорат кунад ва дар қабули қарорҳо дар асоси хоҳиш ва арзишҳои ахлоқии худ озод бошад. Модели навъи шартнома тахмин мекунад, ки ҳам табиб ва ҳам бемор аз рӯи принсипҳо ва арзишҳои баланди ахлоқӣ фаъолият мекунанд. Қарорҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар асоси эътимод қабул карда мешаванд. Агар боварӣ аз даст дода шавад, шартнома қатъ карда мешавад. Мусбияти ин модел дар тақсими ҳақиқии салоҳияти ахлоқӣ ва масъулият байни бемор ва табиб мебошад. Дар муносибате, ки дар асоси «шартнома» асос ёфтааст, духтур эътироф мекунад, ки дар ҳолатҳои интихоби гуногун, бемор бояд озодии идоракунии ҳаёт ва сарнавишти худро нигоҳ дорад. Модели номбаршуда метавонад мушкилоти зиёди ахлоқие, ки дар амалияи табиб дучор мешаванд, пешгирӣ намояд. Аллакай баъд аз давраи Гиппократ, вале то Параселс, дар асри 8 олими араб Абул-Фараҷ навиштааст: «Мо се нафарем — ту, беморӣ ва ман; агар ту бо бемор бошӣ, ду нафар мешавед ва ман танҳо мемонам ва маро мағлуб хоҳӣ кард; агар бо ман бошӣ, мо ду нафар мешавем, беморӣ танҳо мемонад ва мо онро мағлуб мекунем».
Ҳамин тариқ, дар ҳалли масъалаҳои тиббӣ рӯҳияи масъулияти ахлоқӣ нақши ҳалкунанда мебозад, ки ба интихоби модели муносиби муносибатҳои ахлоқии байни ҷомеаҳои мутахассисон ва одамони оддӣ вобаста аст.
2. Дар низоми муносибатҳои «табиб – хешовандони бемор» бояд муносибати бемор бо хешовандони ӯ ва дараҷаи таъсири онҳо ба бемор, қобилияти кӯмак расонидан ба духтур бо таъсири психотерапевтӣ ба назар гирифта шавад, зеро ҳангоми эҷоди як муҳити психогигиенӣ барои бемор на танҳо ба духтур, балки ба хешовандони бемор низ тааллуқ дорад. Кори духтур бо хешовандони бемор бояд инфиродӣ бошад, зеро ба дарки одамони дигар раванди стереотипизатсия, тасвири устувор дар бораи ҳама гуна падидаҳо ё одамоне, ки ба намояндагони як гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ хос аст, таъсири калон мерасонад:
а. Таъсири проексия - мо майл дорем, ки шоистагии худамонро ба ҳамсӯҳбати гуворо ва камбудиҳои худро ба ҳамсӯҳбати ногувор нисбат диҳем.
б.Проексияи атрибутивӣ - вақте ки дар дигарон мо, мисли оина, хосиятҳои худро пайдо мекунем, ки ба таври равшан ифода карда мешаванд.
в. Муҳофизатӣ - импулсҳо ва эҳсосоте, ки барои шахси додашуда нохушанд, ба одамони дигар мансуб мешаванд (масалан, шахси хашмгин, таҷовузкории худро зери шуур намегирад ва таҷовузашро дар дигарон мушоҳида мекунад) б.Эффекти бумеранг - баъзан муоширати аз ҳад фаъол боиси натиҷаи баръакс мегардад. Масалан, аз ҳад зиёд ҷорӣ намудани ягон усули нави табобат аз ҷониби духтур метавонад рад карда шавад.
в.Таъсири миёнаи хато - ҳангоми баҳодиҳии шахси дигар, мо одатан аз ҳукм ва таърифҳои шадид канорагирӣ мекунем; ин тамоюли нарм кардани баҳодиҳии хислатҳои ҷолибтарини шахси дигарро ба ҳисоби миёна дидан мебошад. Масалан, бовар кардан ба он, ки ҳатто як бадкирдори бадкор дар худ чизи хубе дорад ва метавонад такмил ёбад, зеро дар асл одами басо боадаб аст, аммо бо хаёлҳои тира зиндагӣ мекунад. Дар айни замон духтур бояд донад, ки бинобар баланд шудани маданияти умумӣ ва маърифати аҳолӣ, шавқу ҳаваси баъзе одамон ба тиб, шумораи «беморони равшанфикр», хеле зиёд шудааст. Ҳангоми сӯҳбат бо чунин одамон табиб бояд махсусан ҳассос ва пурсабр бошад.
3. Дар системаи «духтур — духтур», «духтур — коркуни тиб» чизи асосӣ робита бо ҳамкорон — мутахассисони соҳаҳои дигар, духтурони ёрии таъҷилӣ, дорусозон, фелдшерҳо ва коркунони хурди тиб мебошад. Дар ин бобат дар касби тиббӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дурусти байни коркунони тиб дар кори тамоми звеноҳои хизмати тиббӣ нақши муҳим дорад. Муносибатҳои байни мутахассисони соҳаи тандурустӣ қисми муҳими муносибатҳои ахлоқӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошанд. Асоси муносибатҳои дуруст дар гурӯҳҳои тиббӣ эҳтироми мутақобила, эътимоди мутақобила, омодагӣ ба кӯмак ба ҳамдигар ва дар ниҳоят ба бемор мебошад. Интиқоди шадиди як табиб ба кормандони дигари тиб дар ҳузури беморон қобили қабул нест. Зимнан, дар кори амалӣ ҳануз бисьёр ҳодисаҳое мушоҳида карда мешаванд, ки духтурон дар ҳузури беморон дар ҳаққи ҳамкасбони худ нодуруст гап мезананд. Изҳороти бадномкунанда дар бораи ҳамкор, бахусус дар ҳузури бемор, дағалона вайрон кардани одоби тиббӣ буда, ҳамеша аз ҷониби пизишкон ва ҷомеа маҳкум мешавад. Худи касби тиббӣ принсипҳои коллективизм, зарурати амкорӣ ба манфиати беморро дар бар мегирад. Фикри хар як духтурро сарфи назар аз таҷриба ва синну солаш бояд ба назар гирифт. Дар коллективҳои дорои микроклимати солим муносибати ғамхорона нисбат ба ҳамкасбон мушоҳида карда мешавад. Агар дар ташхис ва табобат хатоҳо ошкор карда шаванд, ин эродҳо дар шакли дӯстона дар танҳоӣ ва ҳеҷ гоҳ на дар ҳузури бемор изҳор карда мешаванд. Чунин муносибатҳо дар коллектив ба кори самарабахш кардани табобат мусоидат карда, обрую эътибори духтуронро баланд мебардоранд ва ба бемор нафъ мебахшанд. Риоя накардани коидаҳои ахлоқӣ дар системаҳои «табиб — бемор» ва «табиб — ҷамъият» аксар вақт сабаби ихтилофҳои байни беморон, хешовандони онҳо ва кормандони тиб, хусусан вақте ки натиҷаҳои табобат бад аст, мегарданд.
Ҳамин тариқ, муносибатҳои ахлоқии табибон байни ҳамдигар дар ҷараёни фаъолияти онҳо бо ду шарти асосӣ ба даст оварда мешаванд:
- муносибати эҳтиромона нисбат ба ҳамкасби худ, худдорӣ аз таъқиби табиб дар ҳузури бемор, зеро ин гуна қонуншиканиҳо боварии беморро ба табиби ӯ коҳиш медиҳад ва аз ин рӯ, ба бемор зарар мерасонад;
- духтур дар ҳама ҳолатҳое, ки ташхис ва табобаташ мушкил аст, барои маслиҳат ба ҳамкораш муроҷиат мекунад.
Тавсияҳо оид ба рафтор барои ҳама ҳолатҳо, ғайриимкон аст, зеро чунин алгоритми универсалӣ вуҷуд надорад ва чуноне ки гуфтаанд «Ҳар дастур бояд саре дошта бошад».
Дар замони муосир бо такя ба ахлоқ ва этикаи тиб, табибондар муносибат бо бемор бояд қоидаҳои зеринро риоя намоянд:
• хабар додан оид ба ҳуқуқҳои бемор;
• хабар додан оид ба ҳолати бемор;
• эҳтиром кардани шаъну шарафи бемор;
• доштани муносибати инсондустона бо бемор;
• нарасонидани зарари маънавӣ ва ҷисмонӣ;
• эҳтиёткорона муносибат кардан бо шахси ру ба марг дошта;
• ҳифз доштани сирри табиб;
• ба табобати нодуруст роҳ надодан;
• доштани дониши баланд доир ба ихтисос;
• эҳтироми ҳамкорон;
• эҳтироми соҳаи тиб.
Дар баъзе мавридҳо бо сабаби вайрон кардани қоидаҳои муносибат бо бемор аз тарафи табиб, шахси бемор метавонад гирифтори бемориҳои дигар гардад, ки онҳоро бемориҳои ятрогенӣ (юнонӣ-iatros-табиб, gеnеs-пайдошавӣ) меноманд. Дар ин бемориҳо сабаби асосӣ гуфтаҳои табиб мегардад, ки сабаби пайдошавии фикрҳои бади бемор оид ба саломатии вай гардида, боиси пайдошавии бемории нав мегарданд. Ба ин намуди бемориҳо дохил мешаванд:
- бемориҳои ятропсихогенӣ;
- бемориҳои ятрофармакогенӣ;
- бемориҳои ятрогенияи хатогии табиб;
- бемориҳои ятрогения сабабҳои гуногун;
- бемориҳои ятрогенияи «хомуш» аз беҳаракатии табиб.
Азимзода М.М., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ