МОДАР-САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ ВА ПОЯГУЗОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

МОДАР-САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ ВА ПОЯГУЗОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

Дар таърихи башарият модар ҳамчун муқаддастарин ва арзишмандтарин шахсияти ҷомеа шинохта шудааст. Ӯ нахустин мураббӣ, устод ва роҳнамои инсон дар роҳи зиндагӣ мебошад. Меҳру муҳаббати модар сарчашмаи асосии тарбияи насли солим, маърифатнок ва ватандӯст маҳсуб меёбад. Бинобар ин, қадршиносӣ ва эҳтироми модар танҳо як эҳсоси шахсӣ нест, балки арзиши бузурги фарҳангӣ ва иҷтимоии ҳар як миллат ба шумор меравад.

Модар нахустин шахсест, ки инсон аз домони гарму пурмеҳри ӯ қадам ба олами ҳастӣ мегузорад. Дар оғӯши модар инсон аввалин дарсҳои зиндагӣ, меҳрубонӣ, садоқат ва инсондӯстиро меомӯзад. Маҳз ҳамин муҳаббат ва ғамхории модар аст, ки дар қалби фарзанд тухми некию инсоф, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми дигаронро парвариш медиҳад. Аз ин рӯ, агар мо хоҳем ҷомеаи солим ва пешрафта дошта бошем, бояд ба нақши модар дар тарбияи фарзанд аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Дар фарҳанги қадимаи тоҷикон ва умуман мардуми ориёитабор мақоми модар ҳамеша баланд арзёбӣ гардидааст. Дар осори адабии ниёгон, аз ҷумла дар асарҳои бузургтарин адибон ва мутафаккирон, эҳтироми модар ҳамчун як арзиши муқаддас васф шудааст. Модар ҳамчун рамзи покӣ, садоқат, меҳрубонӣ ва фидокорӣ ба қалам дода шудааст. Ин анъанаи нек то имрӯз дар фарҳанги миллии мо идома дорад ва дар шуури ҷомеа ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад.

Модар танҳо тарбиятгари фарзанд нест, балки поягузори асосии ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз дар оила, ки меҳвари он модар мебошад, шахсияти инсон шакл мегирад. Агар тарбия дар оила дуруст ба роҳ монда шавад, ҷомеа низ аз одамони бофарҳанг, масъулиятшинос ва ватандӯст ташаккул меёбад. Аз ҳамин ҷост, ки масъалаи тарбияи фарзанд ҳамеша бо масъулияти бузурги модар пайванд дорад.

Дар замони муосир, ки ҷомеа бо таҳаввулоти босуръати иҷтимоӣ ва илмӣ рӯ ба рӯ аст, нақши модар боз ҳам муҳимтар мегардад. Модар бояд на танҳо фарзандро бо меҳру муҳаббат ба воя расонад, балки ӯро дар рӯҳияи донишандӯзӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намояд. Фарзандоне, ки дар чунин муҳит ба камол мерасанд, дар оянда метавонанд барои рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Занони тоҷик дар тӯли таърих на танҳо ҳамчун модарони меҳрубон, балки ҳамчун шахсиятҳои фаъоли ҷомеа низ шинохта шудаанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни илму маориф, тиб, фарҳанг ва дигар бахшҳо фаъолияти самаранок дошта, ҳамзамон вазифаи муқаддаси модариро низ бо масъулияти баланд иҷро мекунанд. Ин ҳамоҳангии рисолати модарӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки занону модарони тоҷик дорои неруи бузурги маънавӣ ва зеҳнӣ мебошанд.

Махсусан дар соҳаи тиб, ки ҳадафи асосии он ҳифзи саломатии инсон аст, занону модарон саҳми назаррас доранд. Онҳо ҳамчун табибон, олимон ва омузгорон дар тарбияи насли нави мутахассисон саҳм мегузоранд. Модароне, ки дар соҳаи тиб фаъолият мекунанд, бо меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд на танҳо фарзандони худ, балки саломатии тамоми ҷомеаро ҳифз менамоянд.

Барои мо, кормандони соҳаи педиатрия, мафҳуми модар ва кӯдак аз ҳам ҷудонашаванда аст. Зеро солимии кӯдак пеш аз ҳама ба ғамхорӣ, дониш ва фарҳанги тиббии модар вобаста мебошад. Модаре, ки аз қоидаҳои нигоҳубини кӯдак, тарбияи дуруст ва ҳифзи саломатӣ огоҳ аст, метавонад барои ташаккули насли солим заминаи мустаҳкам гузорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати тиббии модарон яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.

Дар кишвари мо ба мақоми зан ва модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Давлат ва ҷомеа пайваста барои баланд бардоштани нақши зан дар ҳаёти иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи онҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳим меандешанд. Ин ғамхорӣ ба модар дар асл ғамхорӣ ба ояндаи миллат мебошад.

Таҷлили Рӯзи Модар низ яке аз нишонаҳои арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан ва модар аст. Ин рӯз на танҳо иди эҳтиром ба модар, балки рӯзи ёдоварӣ аз масъулияти бузурги ҷомеа дар назди онҳо мебошад. Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки эҳтироми модар эҳтироми ҳаёт, инсоният ва ояндаи миллат аст.

Модар бо меҳру муҳаббати беандоза, сабру таҳаммул ва фидокории худ чароғи зиндагии фарзандонро фурӯзон нигоҳ медорад. Ӯ дар ҳар қадами зиндагӣ дастгири фарзанд буда, барои комёбии онҳо тамоми неру ва муҳаббати худро мебахшад. Аз ин рӯ, қадршиносии модар бояд танҳо ба як рӯз маҳдуд нагардад, балки ҳамеша дар зиндагии ҳар як инсон ҷойгоҳи хоса дошта бошад.

Хулоса, модар воқеан сарчашмаи зиндагӣ ва поягузори ҷомеаи солим мебошад. Агар мо хоҳем ҷомеаи солим, насли солим ва давлати пешрафта дошта бошем, бояд ба мақому манзалати модар эҳтироми амиқ зоҳир намоем ва барои дастгирии онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам созем. Зеро маҳз аз домони модар насли ояндасоз ба камол мерасад ва тақдири миллат муайян мегардад.

Давлатзода Б. Х.-декани факултети педиатрия


06.03.2026 51

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php