Модар – сарчашмаи ҳаёт

Модар – сарчашмаи ҳаёт

Модар ҳаёт аст, ӯ имдодгар дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ ва нур дар дили сиёҳи шаб аст.

Обрӯйи аҳли дин аз хоки пойи модар аст,

Ҳарчи дорад ин ҷамоат аз дуойи модар аст.

Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пойи модар аст.

Модар чароғу чашми хонадон, қимматтарин неъмати дунё, ганҷи бебаҳост ва он барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мӯнису ғамхор ба шумор меравад.

Навойи булбул омад, ёд кардам аллаҳоятро,

Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро,

Ман охир ёд кардам, ёд кардам модари ҷонам,

Адоятро, навоятро ҳама меҳру вафоятро.

Аллаи модар қасидаи ҳастии инсон аст. Ҳама сурудҳо аз он ибтидо гиранд ва ҳама сурудҳо бо он интиҳо ёбанд.

Ҳама хобу шабон бедор модар,

Ба тифли хеш хидматгор модар.

Даме, ки тифлакаш дар гиря ояд,

Намояд нолаҳои зор модар.

Аз ин рӯ, ҳамеша мехоҳам ба модари азизам бингарам ва лаҳзае ташнагии дидорро бишканам, вале ҳеч гоҳ аз дидораш серӣ надорам, чунки ҳастии модар, меҳри модар мисли шуълаи офтоб аст. Модар офтобест, ки ба мо фарзандон равшанӣ мебахшад ва роҳи ростро ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, ба модарони меҳрубон тани сиҳату хотири ҷамъ пойдории абад ва саодати дунёро таманно мекунам.

Сарбоз гаҳи набард модар гӯяд,

Ҷонаш чу фитад ба дард модар гӯяд.

Симои падар ба ёд ояд, аммо,

Дар лаҳзаи гарму сард модар гӯяд.

         Бонувони азизро бо иди баҳору зебоӣ, иди баҳори гулбасар сидқан табрик менамоем ва ҳама хӯшиҳои зиндагиро барояшон, дар хонадонашон таманно мекунем, зеро Зан тимсоли баҳор аст, яъне мисли баҳор ба зиндагӣ зебоӣ меорад, ҳастии вай зебост.

Ид муборак, модару хоҳарони азиз!

 

Ҷулаев Умар,

ассистенти кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ              


28.02.2024 6395

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php