МОДАР-САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА ФАРИШТАИ ЗАМИНӢ
«Нагӯед, ки модар надорем, ҳамин модари тоҷик барои ҳамаи мову шумоён модар аст. Куҷое, ки равед, модарвор шуморо меҳрубонӣ мекунанд, модарвор. Намегӯяд, ки ин фарзанди кӣ ҳаст, мисли фарзанди худаш меҳрубонӣ мекунад». (Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Оре, модар мавҷудест беҳамто ва муқаддас, ки дар замири ӯ чашмаи ҷӯшони меҳру садоқат нуҳуфтааст. Ҷойи ӯро на моҳу ситора, на тиллову гавҳар ва на тамоми боигарии дунё гирифта наметавонад. Модар на танҳо идомадиҳандаи насли башар, балки нигаҳбони чароғи хонадон ва рамзи пойдории миллат аст. Ҳар як ҳарфу ҳиҷои номи мубораки ӯ саршор аз ишқи беолоиш ва фидокории беназир мебошад.
Нақши зани тоҷик дар ҷомеа ва давлатдорӣ
Имрӯз нақши зан-модари тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз маорифу илм ва фарҳанг то амнияту иқтисодиёт — басо назаррас ва тақдирсоз аст. Модари тоҷик имрӯз дигар танҳо бо корҳои рӯзгор маҳдуд нест; ӯ зани соҳибирода, соҳибилм ва сарбаланд аст, ки аз минбарҳои баланд сухан мегӯяд ва дар эъмори давлати навин саҳм мегузорад. Тавре ки Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармудааст: Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд, Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Дастгириҳои ҳамаҷонибаи бонувон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаи асосии ин муваффақиятҳост. Махсусан, ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистон як иқдоми инсондӯстона ва дурбинона буд. Зеро маҳз зани босавод ва дорои мафкураи қавӣ метавонад фарзандони худро дар роҳи дурусти ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намояд.
Модар -Фариштаи ҳидоятгар
Аз нигоҳи маънавӣ, модарро «фариштаи заминӣ» номем, хато нахоҳад буд. Ӯ ягона касест, ки ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарин ва бо вуҷуди камбудиҳои фарзанд, ҳеҷ гоҳ аз ӯ рӯ намегардонад. Меҳри модар бебозгашт аст - ӯ мебахшад, меомӯзад ва ҳамеша ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Беҳуда нест, ки бузургони мо модарро «неъмати Парвардигор» ва «биҳиштро зери қудуми ӯ» номидаанд. Ҳамаи он муваффақиятҳое, ки мо дар ҳаёт ба даст меорем, пеш аз ҳама, натиҷаи дуоҳои шабзиндадории модар ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯст. Насли ҷавони имрӯзаро мебояд, то даме ки ҷон дар тан доранд, қадри ин ганҷи бебаҳоро бидонанд. Эҳтиром ва нигоҳубини падару модар на танҳо қарзи инсонӣ, балки вазифаи имонӣ ва шаҳрвандии мост. Ҳар як лаҳзаву дақиқаи ҳамроҳӣ бо онҳо ғанимат аст ва бояд кӯшиш кард, ки бо амалҳои неки худ хотири онҳоро ҳамеша шод гардонем.
Модар-офтобест, ки бо нури меҳраш ҷаҳонро гарм мекунад. Бигзор чеҳраи модарони мо ҳамеша хандон, хотири онҳо ҷамъ ва рӯзгорашон обод бошад. Зеро ободии Ватан аз ободии хонадон ва аз хушбахтии модарон оғоз меёбад.
Идатон муборак, модарони азиз ва бонувони муваффақи кишвар!
Истамова З. Ҳ.-омузгори калони кафедраи физиологияи нормалӣ