МОҲИЯТИ ДЕМОКРАТИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 02.11.2022 дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби ассистентони кафедра Ҳайдарова О.Ф. ва Ашурова Н.П. дарси кушод дар мавзуи «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар ин дарси кушод аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён оид ба масъалаҳои «Моҳияти демократии конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Конститутсия – кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон», «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия» ва дигар паҳлуҳои ҳуқуқию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он маълумоти дақиқ ба самъи иштирокдорон расонида шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, ҳуқуқу озодиҳои тамоми шаҳрвандони кишварро қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк баробар дониста, таъмини ин ҳуқуқҳоро аз ҷониби давлат кафолат медиҳад. Рушди устувори пайдарпаи ҷомеа, хусусан ҷомеае, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, талаб мекунад, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шавад. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ тақозо менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Мукаммалгардонии ҳам Конститутсия ҳам қонунгузорӣ барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона