МИРЗО ТУРСУНЗОДА - ШОИРИ ВАТАНДӮСТУ ВАТАНСАРО
Ба ифтихори ҷашни 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида мешавад.
Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири маъруф, балки ба сифати
арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи
якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин
шуҳрат дошт. Шоири ҳақиқӣ ҳамчун парчамбардори адабиёту фарҳангӣ миллӣ дар дили халқаш ҳамеша зиндаву поянда аст. Мирзо Турсунзода ҳамин гуна адиби мубориз, шахсияти барҷаста ва инсони наҷиб буд. Аз ин
рӯ, ӯ маҳбуби халқи тоҷик ва мардумони сулҳпарвару озодихоҳи олам гардидааст. Шеъри ӯ дар эъмори ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибихтиёр низ нерубахши мардум буда, бо мо ҳамқадаму ҳамсафар аст. Ба ибораи дигар, Мирзо Турсунзода бо шеъри ваҳдатсози хеш ҳамзамони
мо, ҳамзамони наслҳои нави халқи тоҷик боқӣ мемонад. Бигзор, номи муборак ва осори арзишманди Мирзо Турсунзода ҳамчун қосиди сулҳи даврони мо аз насл ба насл ва аз аср ба аср идома ёфта, умри абадӣ ёбад. Бигзор каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун ойина пурҷило гардонад! Эмомалӣ Раҳмон
Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли оянда асарҳои мутафаккирони бузурги тоҷик, чун Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Шайх Саъдӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш ва шоирону нависандагони муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон нақши муҳим доранд.
Яке аз чунин шахсиятҳои бузурге, ки осори ӯ саршор аз масъалаҳои ахлоқи баланди инсонӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ буда, маҳз ба тарбияи инсони комил бахшида шудааст, шоири маҳбуби халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода мебошад, ки соли равон 115 - солагии ҷашни устод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.
Устод Мирзо Турсунзода – Шоири халқии Тоҷикистон, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, академики Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон мебошад. Мирзо Турсунзода бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 - майи соли 2001 бо унвони баланд – Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.
Устод Мирзо Турсунзода 2 - майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонида, ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва муддате дар вазифаи роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин адои хидмат кардааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор гузашта, аз соли 1946 то охири умр вазифаи раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Чуноне ки худи устод дар пешгуфтори китоби «Шеърҳо ва достонҳо» қайд кардааст, нахустин маҷмуаи шеъру ҳикояҳои ӯ бо номи «Байрақи зафар» соли 1933 аз чоп баромад. Аз он дам шеър ҳамроҳу ҳамсафари ҷудонашавандаи ҳаёти ӯ гардид. Чун аз овони бачагӣ шеърҳои пурмазмуни Рудакӣ, Ҳофиз, Бедилро зиёд аз бар намуда буд, мероси назми классикӣ дар корҳои эҷодӣ муттакои ӯ гардиданд.
Бояд қайд кард, ки устод М.Турсунзода баъдтар аҳволи оила ва авзои овони кӯдакии худро дар манзумаи «Водии Ҳисор» ёдоварӣ мешавад:
Солҳое, ки ман ҷавон будам,
Бехабар аз гапи ҷаҳон будам.
Рӯзу шаб мегузашт бематлаб-
Бе қалам, бе китоб, бе мактаб.
Соли 1937 аввалин достони Турсунзода «Хазон ва баҳор» ба табъ расид. Турсунзода бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ драмаи «Хусрав ва Ширин» (1936), либреттои аввалин операи миллии тоҷик — «Шӯриши Восеъ»-ро эҷод кард. «Шӯриши Восеъ», ки достони муборизаи қаҳрамононаи мардуми тоҷик барои адолат ва бар зидди зулму ситам аст, барои инкишофи санъати операи тоҷик роҳ кушод ва дар инкишофи драматуртия нақши намоён гузошт.
Турсунзода дар эҷоди асарҳои коллективонаи «Хатти заррин» ва «Оби ҳаёт» бо С. Айнӣ, А. Деҳотӣ ва Ҳ. Юсуфӣ ҳамкорӣ кардааст. Дар ин солҳо самимияту ҳиссиёти баланд, забони содаву равон, навоварӣ дар шаклу мазмун рукнҳои муҳимми услуби эҷодии ӯ қарор гирифтанд. Мисоли равшани ин шеърҳои «Хандида меояд», «Дар сари тасвир», «Баҳор», «Ба истиқболи баҳор» мебошанд, ки тамоми ҷузъиёт ва тасвири манзараҳо ғояи асосӣ — муборизаи роҳи озодии меҳнаткашон буда, моҳияти васеи ҷаҳонбинии шоирро равшан ифода кардаанд.
М. Турсунзода инчунин яке аз асосгузорони жанри драма дар адабиёти муосири тоҷик шинохта шудааст. Ба шарофати фаъолияти ӯ репертуари театрҳои ҷумҳурї бой гардид. Либреттои аввалин операи тоҷик «Шӯриши Восеъ (1940), либреттои операи «Тоҳир ва Зуҳро» (1943), операи лирикии мазҳакавӣ—«Арӯс» (1945), либреттои балети «Писари Ватан» (1967), асоси назмию мусиқии кинофилми «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1957), кинофилмҳои «Ҳасани аробакаш» (1965), «Бо амри дил» (1968) бо ҳамкории Инна Филимоновна ва киноповести «Аз Ганг то Кремль» (1975) бо хамкории Дмитрий Булгаков ва Латиф Файзиев аз саҳми арзандаи Турсунзода дар ин жанр шаҳодат медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки Мирзо Турсунзода яке аз публитсистҳои оташинсухан аст, ки ба қалами ӯ зиёда аз 300 номгӯй мақолаҳои публитсистии ба мавзуъҳои ҳаёти кишвар ва воқеаҳои байналхалқӣ бахшидашуда шуда мансубанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанї мавзӯи ватандӯстӣ дар ашъори М. Турсунзода боз ҳам вусъат ёфта, андешаҳои ватандӯстонаи шоир бо ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстии халкҳо бой гардид, эчодиёти ӯ бо муборизаи диловаронаи мардуми тоҷик ва советӣ бар зидди фашизм робитаи устувор пайдо кард. Дар ҳифзи Ватан ба по бархестани мардуми тоҷик («Хайр, модари азиз»), муборизаи диловарона ва корнамоихои беназири ҷанговарон дар майдони ҷанг («Хотираи капитан» ва «Баҳодури тоҷик»), дӯстию рафоқат, ҳаммаслакии одамони советӣ ва ғамхории ҳамшираҳои мушфик ба чанговарон («Ҳамшираҳо»), дӯстии миллатҳои сотсиалистӣ («Роҳи оҳан»), ягонагии халқу Ватан ва халқу Армияи Советї («Ҳаргиз», «Ба ҷанг»), меҳнати ватандӯстона ва бунёдкоронаи мардуми ақибгоҳ («Офарин») - чунинанд доираи мавзуъҳои ашъори Турсунзода дар он давра. Калонтарин асари Турсунзода дар он солҳо достони «Писари Ватан» (1942) мебошад.
Мавзӯи достон иштироки фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муборизаи фаъолонаи онҳо ба муқобили фашистони истилогар ва дар ҷараёни ин мубориза боз ҳам қавию мустаҳкамтар гардидани дӯстии халқҳои советиро дар бар мегирад. Дар образи қаҳрамонони достон Қодир, Саодат, Микола ва Марина беҳтарин хислатҳои ҷавонони советї ифода ёфтаанд. Онҳо муборизу фидокор ва содиқу вафодор буда, ҳама якҷоя образи халқро ба вуҷуд овардаанд. Ба ин маънї дар достон ҳам меҳнати диловаронаи халқи тоҷик дар ақибгоҳ ва ҳам муборизаи қаҳрамононаи он ба муқобили фашистони истилогар хеле равшан тасвир ёфтааст. Образи писари тоҷик Қодир ва Миколаи украин, ҷарроҳи рус, ки чашмони Қодирро даво кардааст, тимсоли дӯстии вайроннашавандаи миллатҳои гуногун аст. «Писари Ватан» яке аз беҳтарин асарҳои адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шумор меравад. Дар асари дигари ӯ «Барои Ватан» (1942), ки бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ навиштааст, садоқату вафодории ҷанговарони советӣ ба халқу Ватан ба риштаи назм кашида шудааст. Эҷодиёти Турсунзода пас аз Ҷанги Бузурги Ватанї тимсоли инкишофи адабиёти тоҷик, алалхусус, назми он мебошад. «Арӯс аз Москва» (1945), «Водии Хисор» (1947), силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Ман аз Шарқи озод» (1951), «Дар кишвари тоҷик», «Садои Осиё» (1956) ва ғайра аз ҷумлаи асарҳои пурмазмун ва баландѓояи Турсунзода ҳисоб меёбанд. Ин асарҳо, ки ҷиҳатҳои муҳимми зиндагии халқи точик ва ҳаёти кишвархои хориҷиро фаро гирифтаанд, аҳамияти зиёди тарбиявї доранд.
Дар эҷодиёти М. Турсунзода пас аз аввалин сафари ӯ ба хориҷа — иштироки шоир дар Конференсияи нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африка (Деҳли, марти 1947) тағйироти куллӣ ба амал омад. «Қиссаи Ҳиндустон», ки аввалин силсилаи шеърҳои Турсунзода дар мавзуи хориҷӣ буда, ҳаёти халқи ҳиндуро пеш аз ба даст овардани истиқлолияти миллии Ҳиндустон тасвир менамояд, аз ду қисм иборат аст: ба қисми якум, ки соли 1947 навишта шудааст, шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандри» ва «Дар ёди кас» мансубанд. Ба қисми дуюми силсилаи шеърҳои ӯ «Сайёҳи ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Кадаҳи ман» ва ѓ. дохил мешаванд, ки дар давоми солҳои 1948-49 навишта шудаанд.
Як хусусияти «Қиссаи Ҳиндустон» ин аст, ки тамоми шеърҳо бо даъвати рӯҳбаландкунанда анҷом ёфтаанд. Хусусияти дигари ашъори ӯ ин аст, ки шоир зимни тасвири ҳаёти халқҳои дигар дар бораи Иттиҳоди Шуравї ва мардуми озоди мамлакати советҳо сухан ронда, хушбахтии халки тоҷик ва ободию озодии кишвари худро таъкид карда, афзалияти сохти сотсиалистиро нишон медихад. Ин маънӣ хусусан дар манзумаҳои «Тоҷмаҳал» ва «Ду роҳ» равшан ифода ёфтааст.
Бояд зикр кард, ки асарҳои дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷодкардаи шоир аз ҷиҳати мундариҷаи идеявии худ аз сафарбар кардани қувваи халқ бар зидди фашизм, дар мубориза руҳбаланд намудани ҷанговарон ва меҳнаткашони ақибгоҳ, барангехтани ҳисси нафрату интиқом нисбат ба душман, тарбияи ватандӯстӣ, боварӣ ба ғалаба иборатанд. Аввалин шеъри дар ин мазуъ эчодкардаи М Турсунзода «Хайр, модари азиз» мебошад, ки 24 июни соли 1941 навишта шудааст ва он аз муколамаи писару модар иборат аст:
«Модарам, меравам аз пеши ту ман,
Ба дифои шарафу шаъни Ватан...
Меравам, то ки зиреҳ пӯшам ман,
Дар роҳи фатҳу зафар кӯшам ман….
Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун,
Ҷанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар»
Қобили зикр аст, ки достони «Ҳасани аробакаш» асари калонҳаҷмест, ки устод Мирзо Турсунзода онро солҳои 1952-1954 таълиф намудааст. Ҳамин тавр, мавзӯи достон тавлиду ташаккули хислатҳои инсони навро дар маркази диққат мегузорад. Дар асар табаддулоти характери қаҳрамонон дар заминаи дигаргуниҳои таърихии ҳаёти ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон ва пойтахти он - Душанбе ба қалам омадааст.
Дар достон бисёр хусусиятҳои эчодиёти шоир — кӯшиши муҳимтарин руйдодҳои ҳаёти халқро инъикос намудан, ба вуҷуд овардани образҳои барҷаста, оммафаҳмии тасвир, эҷодкорона инкишоф додани анъанаҳои достонсароии классикӣ ва робита бо эҷодиёти халқ, истифодаи таҷрибаи адабиёти рус ва ғайра ифода ёфтаанд. Фаъолияти қаҳрамони асосии достон — Ҳасан дар давраи мустаҳкам кардани ҳокимияти ҷавони советӣ ва ҷорӣ шудани ғояҳои сотсиализм дар ҳаёт ва шуури халки тоҷик ифода ёфтаанд.
Образи Ҳасан характери мукаммали асар ба ҳисоб меравад. Раиси колхоз, ки марди хирадманд, ташкилотчӣ ва тарбиятгарест, маҳбубаи Ҳасан — муаллима Садаф, ки таҷассуми озодї ва инкишофи маънавии занон дар шароити сотсиализм мебошад, духтур Иван Кузмич, ки далели мададгории халки рус ба мардуми точик аст, образи Хасанро пурратар кардаанд. Дар достон образи муаллиф — қиссапардоз мавқеи муҳим дорад. Дар достонҳои Турсунзода «Садои Осиё» (1956), «Духтари муқаддас» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1960) масъалаҳои гуманизм ва дӯстии халқҳо ба миён гузошта шудаанд. Дар достони «Садои Осиё» шоир муборизаи ранҷбарони мамлакатҳои Осиёро ба риштаи назм кашидааст. Шоир муборизаи ду ҷаҳон—ҷаҳони истибдоди фаношаванда ва ҷаҳони ранҷбарони музаффарро тасвир намуда, ѓалабаи мехнаткашонро падидаи ногузир мешуморад. «Чароғи абадӣ», ки достони лирикию фалсафист, ба ёди устод Айнӣ таълиф ёфтааст. Дар он ҳамагї як субҳи моҳи апрел — таваллуди фарзанд ва мулоқоти шоир бо Айнї тасвир шудааст. Дар достон эҳтироми беандозаи шоир нисбат ба устод Айнӣ хеле самимона ифода ёфтааст.
Лозим ба ёдоварист, ки устод М.Турсунзода ҳамчун раиси Комитети советии якдилии халқҳои Осиё ва Африко, ҳамчун адиби намоён ва муборизи шуълавари сулҳу амонӣ ҳамеша дар чорабиниҳои умумуииттифоқӣ ва умумиҷаҳонии озодихоҳон ва сулҳпарварон иштирок карда, барои ҳамкорию дӯстӣ, озодию истиқлолияти халқҳои Осиё ва Африко мубориза бурдааст.
Достони «Ҷони ширин» (1959) ҷамъбасти сафарҳои шоир ва шарҳу эзоҳи моҳияти ҷаҳонгардии муборизи роҳи сулҳу озодӣ мебошад:
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустӯҷу дорем мо,
Аз амони гуфтугӯ дорем мо.
Гуфтан ба маврид аст, ки шоир чун қаҳрамони лирикии асар ҳисси баланди муҳаббат, садоқат ва вафодории худро нисбат ба оила-зану фарзандонаш баён менамояд, ки ин ҳамчун яке аз сифатҳои одоби дорои аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ мебошад. Вобаста ба ин дар асар дар бораи озодӣ, хушбахтӣ ва мавқеи бузурги ҷамъиятии занони тоҷик, дар бораи нақши модар дар тарбияи насли нав сухан меравад.
Қадрдонию қадршиносӣ нисбат ба зан- модар ҳамчун як хислати бузурги ҷамъиятї тавсиф меёбад, ки гуфтаҳои дар болозикр дар мисраҳои зерини устод М.Турсунзода чунин ифода ёфтаанд:
Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд…
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд!
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд…..[4,.275].
Хусусияти дигари қахрамони достон, ки ѓояҳои ватандӯстонаи шоирро ифода менамояд, аз он иборат аст, ки ӯ ҳамеша бо ёди диёри худ умр ба сар мебурд ва дар кадом қитъаи олам, ки бошад, худро аз Тоҷикистони азиз ҷудо тасаввур намекард.
Қобили зикр аст, ки устод Мирзо Турсунзода барои хизматҳои шоёнаш бо унвони Лауреати мукофотҳои давлатӣ ва ленинӣ, Лауреати мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакї, Лауреати мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлол Неру сарфароз гардидааст. Ӯ инчунин депутати Совети Олии ИҶШС, котиби Иттифоқи Нависандагони ИҶШС (аз соли 1959), раиси Комитети советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка, аъзои Президиуми Совети Умумиҷаҳонии сулҳ мебошад.
Мирзо Турсунзода 24-сентябри соли 1977 аз олам даргузашт. Оромгоҳи ӯ дар мавзеи Лучоби ш. Душанбе қарор дорад ва зиёратгоҳи дӯстдорону мухлисони каломи оташини ин шоири ватандӯсту ватансаро ба ҳисоб меравад.
Ин фарзанди фарзонаи миллат барои хизматҳои шоёнаш бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Каҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Мирзо Турсунзода 24 - сентябри соли 1977 аз олам даргузашт. Оромгоҳи ӯ дар мавзеи Лучоби ш. Душанбе қарор дорад ва зиёратгоҳи дӯстдорону мухлисони каломи оташини ин шоири ватандӯсту ватансаро ба ҳисоб меравад.
Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири ватандӯсту ватанпарвар, вассофи сулҳу дӯстї ва ходими бузурги ҷамъиятї миёни хонандагон маҳбубияти беандозае дорад. Асарҳои ин шоири маъруф ба чандин забонҳои дунё тарҷума шудаанд. Доир ба сабку услуб, паҳлуҳои гуногуни осори пурқимати адабию публитсистї ва шахсияти шоир мақолаҳо ва таҳқиқотҳои зиёде анҷом дода шудаанд, ки аз ашъори бою пурѓановат ва тарзи баёни хоси ӯ шаҳодат медиҳанд.
Малика Шодиматзода - омӯзгори калони кафедраи забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ,
Мӯниса Юлдошева - омӯзгори кафедраи эндокринология, МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино»
Назарбегим Махсутшоева - омӯзгори кафедраи забони русии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”.